Калтакбозӣ як навъи рақси мардонаи ҷанговарони тоҷикӣ мебошад. Рақсро ду нафар мард ё гурўҳи мардон таҳти навозиши созҳои мусиқӣ иҷро мекунанд. Онҳо дар ин рақс хусусиятҳои мардонагӣ, чустию чолокиро ҳам дар рафти мусобиқа таҷассум мекунанд. Чўбҳои одии дарозиашон 60 см ва ғафсиашон 3 см ҳамчун сози мусиқӣ низ хидмат намуда, бо зарбу усул ҳамсадо мешаванд.
Иҷрокунандаҳо дутогӣ калтакҳои чўби дар даст гирифта, қатор истода мерақсанд ва чўбҳоро мутобиқи зарби мусиқӣ моҳирона ба бозӣ медароранд. Раққосон дар ҳар дасташон яктогӣ чўби ҳамвор дошта, онҳоро гоҳ бо ҳам ва гоҳ ба замин зада, садо мебароранд. Ҳамин тавр, дар рақс ҳаракатҳои чарх задан ба тарафи рост ва чап иҷро мегардад, раққосҳо гоҳе нишаставу гоҳе рост истода, ду даста чўбҳоро ба якдигар мезананд. Рақси мазкур, умуман, пур аз ҳаракат буда, чустиву чолокӣ ва нотарсии мардонро ифода менамояд.
Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 54.