Тасвири анвои касбу ҳунар дар ашъори Сайидо
Чоп шуд: 26/04/2016Аз асрҳои X-XI ба баъд бо таъсис ва нашъунамои шаҳрҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, вусъати ҳунармандӣ ва ба вуҷуд омадани касбу ҳунарҳои гуногун дар шаҳрҳо дар адабиёти форсу тоҷик низ навъ ё жанри шеърие ба вуҷуд омад, ки мавзўи он тасвири аҳли ҳунар ва касбу кори онҳо, васф ё ҳаҷви табақаҳои муайяни шаҳр буда, унвони «Шаҳрошўб» ё «Шаҳрангез» - ро ба худ пайдо кард. Сабаби «Шаҳрошўб» хонда шудани чунин шеърҳо дар он буд, ки «мазмуну муҳтавояшон вирди забонҳо гардида, дар байни аҳолии шаҳр ошўбу овоза ва ҳангома ба вуҷуд меовард».