Ҳунарҳои мардумӣ: ЧАКАНДЎЗӢ
Чоп шуд: 29/05/2018Дар чакан гулдоира, гулбандина, шоҳбаргҳо, баргакҳо, дилак, себарга, нақшҳои хурмоӣ ва рангҳои муҷалло ба ҳам омада, чун рамзи зиндагӣ рўи пироҳан тасвир мешаванд. Офтобу моҳ, ситораҳо ва салибу нақшҳои ҳандасӣ бошад, яке аз ҷузъҳои нақши чакандўзӣ буда, аз бовару эътиқоди мардуми тоҷик дарак медиҳанд. Гули анору нилуфар рамзи файзу баракат ва фаровониро ифода мекунад. Нақшҳои гулдўзишудаи куртаи чакан хусусиятҳои хос дошта, вобаста ба таъйиноти худ фарқ мекунанд.