Гулдўзӣ – таҷассумгари ҳунари ниёгон аст
Чоп шуд: 20/09/2018Воқеан, гулдўзиҳое, ки ин бонуи ҳунар ҳамроҳи духтаронаш меофарад, як порае аз табиати зиндаанд. Ҳангоми тамошои нақшу нигори он кас эҳсос менамояд, ки ин тасвирҳо порае аз рўзгор, аз зиндагии мардуми оддӣ ва зебоиҳои ҳаёти онҳоро ҳикоят мекунад. Офаридаҳои ў бо рангҳои мунаққаш зебогии табиати атрофро инъикос карда, нуру таровати беҳини зиндагиро тараннум менамоянд. Ин гуна манзараҳо мардумро ба зебоипарастӣ ва дўст доштани табиат ҳидоят мекунанд.