Дутор маҳорати баланди навозандагиро талаб намуда, бо нохуни нарангушт ва ангушти ишорат (дар ду тор баробар) навохта мешавад. Дар байни халқ «Муноҷот», «Роҳат», «Қӯшчинор», «Сегоҳ», «Чоргоҳ» ва дигар навҳои дутор машҳуранд. Баъзан бо садои дутор қисмҳои созю овози «Шашмақом» низ хуб иҷро мешаванд. Саидхони Ҳисорӣ, Тоҳирҷон Давладзода, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Муҳаммадҷон Муъминов, Ҳоҷӣ Абдурҳмон, Нурулло Ниёзов, Қорӣ Самади Ҳисорӣ, Саидҷон Тӯхта, Абдулмаҷид Ҳомидов, Ҳотам Пулодов, Қурбони Қурбониён, Султоналӣ Худойбердиев ва дигарон аз қабили дуторнавозони мумтоз ба шумор мераванд.
Дутор сози мусиқии халқии тоҷикӣ. Азбаски дутор, ду тор дорад, ваҷҳи тасмияаш низ аз ҳамин ҷост. Дутор, дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ низ маъмул аст. Он аз аҳди қадим чун сози якканавозӣ ва ҷӯршаванда истифода мешавад.
Маълумоти нахустинро оид ба сохт, тартиб, парда ва дигар хусусиятҳои дутор, мусиқидони машҳур Зайнулобудини Ҳусайнӣ дар рисолаи мусиқиаш «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ» (Фасли «дар баёни дутор) сареҳан баён кардааст. Мувофиқи китоби ӯ дутор, дар мусиқии асри 15 мақоми хос дошта, дуториёни машҳури давраш Юсуф Мавулди Дуторӣ, Хоҷа Исҳоқи Дуторӣ, Хоҷа Муҳаммади Дуторӣ ва дигарон дар санъати дуторнавозӣ назир надоштаанд.
Дуторе, ки Зайнулобидини Ҳусайнӣ тасвир намудааст, аз дутори имрӯза андаке фарқ дошт: пардаҳояш камтар (аз 10 зиёд набуданд), косааш бузуртар , дастааш кӯтоҳтари мушобеҳ ба сози барбат, торҳояш. абрешимӣ ё филиззӣ буданд, бо мизроб (захма) навохта мешуд. Ҳоло миқдори пардаи дутор, 12 ва аз он бештар буда, ҳамчунсози дӯстдоштаи мардуми тоҷик, афғонӣ, эронӣ, ӯзбек, туркман, қарақалпоқ, уйғур шуҳрат дорад.
Дутор, аслан аз чӯби тут ва зардолу сохта мешавад. Гоҳе аз чӯби дарахти чормағз ҳам месозанд. Тарзу тариқи сохтани дутор, аз дигар созҳои мусиқӣ фарқ дорад: косаи дуторо (аксар аз чӯби зардолу) аз тахтачаҳои тунуки нимдоираи ба ҳам ширешкарда месозанд, ки шакли мурӯдро дорад. Роғҳои байни қисмати берунии косаи дуторро кандакори ё наққошӣ мекунанд. Гарданаи косанӯги тамоми тахтачаҳоро ҳалқасон нигоҳ медорад, ки аксар хотамкорӣ ва садафкорӣ мешавад. Рӯйи коса бо тахтаи тунуки аз чӯби тут тарошидашуда рӯйпӯш мегардад. Ба гарданаи коса дастаи мусаттаҳи тарафи рӯяш ҳамвор, ки қисми болоӣ барои гӯшакҳо сӯрох ва барои нигоҳ доштани торҳо булбулак (харакча) дорад, часпонда мешавад. Дастаро баъзе устоҳо устухонбандию садафкорӣ намуда, бо пулакчаҳои ҷилодор оро медиҳанд. Дутор, бо зеҳ пардабандӣ мешавад. Дутор чун сози якканавозӣ ва ансамблӣ садои мулоиму гуворо дошта, тембраш нафису ширадор аст. Ба кварта, квинта ва унисон ҷӯрмешавад. Солҳои охир дутор таъмир шуда, дутори тенор ном гирифт. Ин навъи дутор бо кварта ҷӯр шуда, тори якумаш «ре»-и октаваи якум ва тори дуюм «ля»-и октаваи хурдро фаро мегирад. Дутор маҳорати баланди навозандагиро талаб намуда, бо нохуни нарангушт ва ангушти ишорат (дар ду тор баробар) навохта мешавад. Дар байни халқ «Муноҷот», «Роҳат», «Қӯшчинор», «Сегоҳ», «Чоргоҳ» ва дигар навҳои дутор машҳуранд. Баъзан бо садои дутор қисмҳои созю овози «Шашмақом» низ хуб иҷро мешаванд. Саидхони Ҳисорӣ, Тоҳирҷон Давладзода, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Муҳаммадҷон Муъминов, Ҳоҷӣ Абдурҳмон, Нурулло Ниёзов, Қорӣ Самади Ҳисорӣ, Саидҷон Тӯхта, Абдулмаҷид Ҳомидов, Ҳотам Пулодов, Қурбони Қурбониён, Султоналӣ Худойбердиев ва дигарон аз қабили дуторнавозони мумтоз ба шумор мераванд.
Дар солҳои 50 қарни 20 дар асоси дутор навъҳои гуногуни (дутори алт, дутори бас, дутори контрабас, дутори прима, дутори секунда) ихтироъ шуданд. Анъанаи суннатии дуторсозиӣ имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон идома дорад. Дар ҷумҳурӣ устохонаҳои хурди шахсии созтарошӣ мавҷуданд, ки дар онҳо дар қатори дигар созҳои мусиқӣ дутор низ месозанд. Як зумра устоҳои созтарош дар Муассисаи давлатии илмӣ-истеҳсолии «Созтарош» ҷамъ омадаанд ва дар ин ҷо низ дуторсозӣ идома дорад.
Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»
(қисми якум), соли 2015, Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии тоҷик