ЧАНД СУХАН РОҶЕЪ БА ҲУНАРҲОИ БОНУВОНИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
Чоп шуд: 04/09/2018Ҳунари кашидадўзӣ, яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, то ба имрўз ин анъана давом дорад. Кашидадўзӣ тавассути матоъҳои пахтагин, абрешимин, ки қаламзан дар он нақши лозимаро тасвир менамояд, бо риштаҳои ранга тавассути сўзан духта мешавад. Дар ноҳияи Қубодиён бо ҳунармандон Гулбӣ Зоғматова (с.т.1962) сокини деҳаи Қизил Тоҷикистон ва Рухшона Мирзода (с.т.1990) сокини деҳаи Ахча ба ҳунари гулдўзӣ машғул ҳастанд, ҳамсуҳбат шудем. Дар ин ноҳия мо нақшу нигори гулдўзӣ, ба монанди косагул, дилак,