Ҳунари кашидадўзӣ, яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, то ба имрўз ин анъана давом дорад. Кашидадўзӣ тавассути матоъҳои пахтагин, абрешимин, ки қаламзан дар он нақши лозимаро тасвир менамояд, бо риштаҳои ранга тавассути сўзан духта мешавад. Дар ноҳияи Қубодиён бо ҳунармандон Гулбӣ Зоғматова (с.т.1962) сокини деҳаи Қизил Тоҷикистон ва Рухшона Мирзода (с.т.1990) сокини деҳаи Ахча ба ҳунари гулдўзӣ машғул ҳастанд, ҳамсуҳбат шудем. Дар ин ноҳия мо нақшу нигори гулдўзӣ, ба монанди косагул, дилак, баргак, оба, кунгура, туморча, каҷгулак, себарга, гули зинда ва дигар нақшҳоро мушоҳида намудем.
Нақшҳои мазкурро дар куртаву тоқӣ, болишту, курпача, бардеворию, рўйпўши курпаҳо дўхта, ороиш медиҳанд. Талаботи мардум ба чунин гулдўзиҳо зиёд буда, бисёртар ҷавондухтарон, наварўсон аз ин намуди кашидадўзӣ истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки дар саросари ҷумҳурӣ шумораи бонувоне, ки ба кашидаўзӣ машғуланд, каманд ва онҳо касби худро ба келину духтарону наберагон ва ҳамсоядухтарон меомўзонанд, то ин ки ин ҳунари қадимаи тоҷикон аз байн наравад.
Кешбофӣ - ин ҳам навъе аз ҳунари қадимӣ буда, бибиёни мо аз пашми гўсфанд тавассути урчуқ, ки асбоби дастии пашмресӣ мебошад, риштаҳои пашмин истеҳсол намуда, аз сихи анор истифода бурда, камзулчаю ҷуроб, гилему, кулоҳ мебофтанд. Дар замони ҳозира бонувон аз риштаҳои пашмин ва пахтагини фабрикавӣ тавассути куржок ва чангакҳои махсус, бонувон ба касби кешбофӣ машғул ҳастанд.
Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Қубодиён маркази омўзишии бонувон фаъолият дорад, ки дар ин ҷо бонувон ва духтарони хонашин, касби бофандагиро аз худ менамоянд, зимни сафари хидматӣ мо бо муаллимаи ин марказ Себарга Азимова (с.т.1980) ҳамсуҳбат гаштем. Ў қайд намуд, ки ин марказ 2 сол мешавад, ки фаъолият дорад. Дар ин ҷо ҳунармандон ба бофтани гарданбанду кулоҳ, ҷуроб, ҷемпер, камзулча ва дигар намуди либосҳо машғул ҳастанд. Муаллима касби кешбофиро аз овони хурдсолӣ аз бибияш омўхта, вақте ки ин маркази омўзиши таъсис ёфт, омада дар ин ҷо ҳамчун муаллима фаъолият намуда истодааст. Бояд зикр намуд, ки маҳсулоти бофташудаи ин ҳунармандон бо сифат буда, харидорони худро дорад, чунки талаботи мардуми ноҳияи Қубодиён ба ашёҳои бофташуда зиёд мебошад.
Адрасбофӣ, як намуди ҳунари қадимаи тоҷикона буда, зиёдтар дар вилояти Суғд пешрафт ва тараққӣ намудааст. Дар ноҳияи Қубодиён маркази омўзишии «Адрасбофон» дусол мешавад, ки фаъолият намуда истодааст. Дар ин марказ бонувон ва духтарон аз курси омўзишии 3-моҳа гузашта соҳиби касб ва шаҳодатнома мегарданд. Худойбердиева Ҳалима (с.т.1960) зодаи ҷамоати деҳоти Тахти Сангин буда, касби адрасбофиро аз ҳунармандони шаҳри Хуҷанд омўхта, дар ин маркази адрасбофӣ ҳамчун муаллима фаъолият менамояд. Адрасро тавассути дукони махсус бо риштаҳои пахтагини абрбандишуда мебофанд, ки ин масолеҳи хомро аз шаҳри Хуҷанд дастрас менамоянд. Бари адрас якчанд хел буда, бари миёнаи он 40-45 см-ро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки ҳунари адрасбофӣ дар ноҳияи Қубодиён пешрафт намуда, матоъҳои истеҳсолнамудаи ин ҳунармандон ба фурўш рафта истодаанд.
Попурӣ, аз ҳунарҳои замонавӣ буда, тавассути мошинаҳои махсуси дарздўзӣ сурат мегирад. Попурӣ дар асри ХХ, вақте ки ҷопониҳо мошинаи попуриро истеҳсол намуданд, дар баробари пайдоиши ин намуди техника ҳунари попуридўзӣ ба вуҷуд омадааст. Муҳиддин Зухаев (с.т.1967) сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Қубодиён буда, 35-сол мешавад, ки ба ҳунари попуридўзӣ машғул аст ва шогирдони зиёдеро ҳам тарбия ва соҳиби касб намудааст. Зухаев Муҳиддин дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки ҳунари попуридўзиро аввал худомўзӣ намуда, баъдан дар Коллеҷи техникии ноҳияи Қубодиён таҳсил намудааст. Худи ҳозир бошад, дар мактаби миёнаи №47-и деҳаи Чорбоғ ба ҳайси муаллими касбу ҳунар шуда, ба ҷавондухтарон ҳунари попуридўзиро меомўзонад. Ин ҳунармад бо гулдухтарон куртаҳои попурии дорои нақшҳои миллӣ, болишту курпача, чодар, тоқӣ ва дигар ашёҳои рўзгордориро дўхта ба фурўш мебарорад. Попуриро аслан дар матои якранг бо риштаҳои пахтагину синтетикӣ ва риштаҳои зарҳалини корхонавӣ медўзанд ва бо сангу муҳраҳо ороиш медиҳанд. Дар нақшҳои ин ҳунарманд зиёдтар намуди гулҳои косагул, каҷгулак, себарга ва дигар намуд гулҳо дида мешаванд. Талаботи мардум ба ҳунари попурӣ зиёд буда, дар ин давру замон як навъ ба мўд даромадааст.
Гулпарварӣ хоси мардуми ноҳияи Қубодиён буда, қариб дар ҳама қитъазаминҳои наздиҳавлигӣ парвариши гулу буттаҳои зебо дида мешавад, Мақсад Сафарова (с.т.1952) ва Шодмон Соҳибназарова (с.т.1974) сокинони деҳаи Ниҳолпарвари ноҳияи Қубодиён буда, 44-сол мешавад ба ҳунари гулпарварӣ машғул мебошад. Гулпарварӣ шуғли дўстдоштаи ин оила буда, тамоми аҳли оила ба гулпарварӣ машғул ҳастанд ва тамоми гулгаштҳо, гузаргоҳҳои ноҳияи Қубодиён аз гулхонаи ин зани ҳунарманд гулпрвар харидорӣ намуда, мешинонанд. Дар гулхонааш зиёда аз 2000 намуд гулҳои ороишӣ ва ҳамешасабз парвариш менамояд. Аз ҷумла, геран, катаранусо, ханҷарӣ, виола, дарахти палма, хитоӣ, фикусо, агво, малчай, алянура ва дигар намудҳо, ки аз хориҷи кишвар оварда шудаанд, парвариш менамояд ва даромади хуб ба даст меоварад. Ҳам тавассути гулҳояш тамоми гулгаштҳо гузаргоҳҳои ноҳияро дар фасли баҳор ва тобистон аз гул таъмин менамояд. Мардуми тоҷики мо худ табиатдўстдор ва зебоиофар буда, гулпарварӣ ҳам хоси мардуми тоҷик мебошад.