Ҳунарҳои мардумӣ: ТАОМҲОИ АНЪАНАВИИ МИНТАҚАИ БОХТАР
Чоп шуд: 05/09/2018Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои гармтарини кишвар ба шумор меравад. Аз сарчашмаҳо ба мо маълум аст, ки вазъи ҷуғрофӣ ва иқлим ба фарҳанг ва ба тарзи зисту зиндагонии одамон таъсир мерасонад. Дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Шаҳритўси вилояти Хатлон анвои таомҳо ва хўроквориҳо мутобиқ ба иқлиму табиати он ҷо вобастагӣ дорад. Ин минтақаи гармтабиат маҳалли тарбузу харбуза ба ҳисоб мераванд. Яъне дар ин минтақаҳо мардум бештар ба зироаткорӣ ва корҳои полезӣ машғул мебошанд.