Ҳунаркада
Ҳафтод соли Асалбек Назриев
Чоп шуд: 20/12/2018Асалбек Назриев яке аз ҳунармандони шинохтаи кишвар аст, ки аввали моҳи ҷорӣ ба синни мубораки 70 қадам ниҳод. Бинандагони оинаи нилгун бештар ӯро дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ дидаанд, ҳарчанд дар офариниши нақшҳои ҷиддӣ маҳорати бештар дорад. Ва боре ба хабарнигори “Рӯзгор” гуфта буд, ки мехоҳад саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия кунад, вале ҳаҷвнавис надорем. Маълум мешавад, ки майлаш ба ҳаҷв бештар аст.
Асалбек Назриев 3 декабри соли 1948 дар деҳаи Бадрўшони ноҳияи Рўшон таваллуд
Ҳунари мардум: АСПАКБОЗӢ
Чоп шуд: 20/12/2018Аспакбозӣ як навъ рақси мазҳакавии мардонаи тоҷикӣ мебошад, ки сужети онро тасвири малакаи аспсаворӣ ва рақсу бозии асп ташкил медиҳад. Дар рақси аспакбозӣ як нафар мард, ду нафар – марду зан ё гурўҳи раққосон иштирок мекунанд. Раққосон онро таҳти навозиши дойра, ё созҳои дастаи навозандагон иҷро менамоянд. Воситаи асосии аспакбозӣ пайкари чўбини асп мебошад. Аз чўб каллаи аспро тарошида, ба он гўш, чашм месозанд, ёлу дум мечаспонанд. Аспро бо рўймолҳои зебои силсиладор оро медиҳад.
Шинохти Нуруллоҳи Абдуллоҳ
Чоп шуд: 15/12/2018Аз чеҳраҳои маҳбуб ва шинохтаи ҳунар дар кишвар аст. Замоне ҳар ҳафта ҳатман ӯро дар оинаи нилгун медидем, ки дар барномаи “Беғараз панд” саҳнаҳои ҷолиби тарбиявиро намоиш медод. Ва мардум ба ҳарфаш ва ба насиҳатҳояш бовар мекунанд, чун аз сидқ сухан мекунад, ҳар саҳнаи пешниҳодиро шарҳи хубе медиҳад.
Аммо ӯ танҳо насиҳатгӯи саҳнаҳои “Беғараз панд” нест, балки ҳунармандест
Ҳунари ҷомадўзи дар Истаравшан
Чоп шуд: 13/12/2018Мардуми Истарвшан ҷомаро дар рўзҳои туй, маросими аъзодорӣ ва дар хонаю кўча, васеъ истифода мебаранд. Дар тани мардон ду навъи ҷома зиёдтар дида мешавад, ки якеро гадопўш ва дигареро шаҳпўш ном мебаранд, ҷомаи гадоӣ гуфта рангаш кабуди осмонӣ буда, аз сатин ва матоъи зира духта мешавад, дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ин намуди ҷомаи гадоиро дар фабрикаҳо истеҳсол менамуданд ва бо нархи арзон мефурўхтанд, инчунин ин намуди ҷомаро дар байни мардум то ҳол ҷомаи 5 сомона ном мебаранд.
Чанд сухан роҷеъ ба ширавории тоҷикон
Чоп шуд: 29/11/2018Аз маъмултарин ҳунари ширинипазӣ дар байни халқи тоҷик аз замонҳои қадим пўхтани нишолло мебошад. Махсусан бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон талабот ба нишалло бисёртар мегардад. Дар бозорҳои ҷумҳурӣ махсусан растаҳои ҳалвофурўшӣ ва нишалофурўшӣ таъсис дода мешавад, ки серодам ва серхаридор мегардад. Албатта, ин навъи шириниро дар тўю маъракаҳои сурурбахш ва баъзан дар маросимҳои азодорӣ рўи дастурхон мегузоранд.
Шираворпазӣ яке аз ҳунарҳои аҷдодӣ буда, он миёни мардуми тоҷик аз даврони қадим
Шинохте аз Боқиева Муслима
Чоп шуд: 24/11/2018Муслима Боқиева аз ҷумлаи ҳунармандони дӯстдоштанӣ буду ҳаст. Сабки нотакрори сурудани таронаҳои классикӣ дошт. Ду сол пеш тарки олам кард ва агар зинда мебуд, ин моҳ ба синни мубораки 85 медаромад.
Боқиева Муслима 7 ноябри соли 1933 дар Бухоро ба дунё омадааст. Сарояндаи машҳури точик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии ҶШС Точикистон (1971). Санъати сознавозӣ ва сарояндагиро аз падараш – ҳофиз ва танбўрнавози машҳур Боқиев Солеҳ
Ҳунари ТАНЎРСОЗӢ
Чоп шуд: 24/11/2018Тарзи шинондан ва ба истифода додани танўр дар ҳавлиҳо нозукии махсус дорад. Аз хишт ё лой дуто деворчаи баландиашон 80-90 см, дарозиашон 1 м ва фосилаи байнашон 120 см сохта ба болояш тахта мегузоранд. Сипас ба болои тахтаҳо хок рехта танўрро ба тарзи уфуқӣ рўи он хок мениҳанд. Одатан рўйи танўр бояд ба самти қибла набошад, баръакс пушти танўрро ба тарафи қибла мегузоранд, ки нонпаз ҳангоми нончаспонӣ рўй ба қибла оварда, нон пазад.
Танўр оташдони нонпазӣ буда, аз гил сохта мешавад ва онро дар зери замин ба таври
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 9
- 10
- 11
- 12
- 13
- 14
- 15
- 16
- 17
- …
- следующая ›
- последняя »