Асалбек Назриев яке аз ҳунармандони шинохтаи кишвар аст, ки аввали моҳи ҷорӣ ба синни мубораки 70 қадам ниҳод. Бинандагони оинаи нилгун бештар ӯро дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ дидаанд, ҳарчанд дар офариниши нақшҳои ҷиддӣ маҳорати бештар дорад. Ва боре ба хабарнигори “Рӯзгор” гуфта буд, ки мехоҳад саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия кунад, вале ҳаҷвнавис надорем. Маълум мешавад, ки майлаш ба ҳаҷв бештар аст.
Асалбек Назриев 3 декабри соли 1948 дар деҳаи Бадрўшони ноҳияи Рўшон таваллуд шудааст. Соли 1972 факултаи санъати Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикстонро хатм кардааст. Аз соли 1973 ҳамчун актёри Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи А. Лоҳутӣ кор кардааст. Ҳунарманди театр ва синамои тоҷик.
Аз соли 1990 Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон мебошад. Дар саҳнаи театр нақшҳои зиёдеро, аз қабили Чубуков “Хостгорӣ”-и А.П. Чехов, Чўпон “Эдип”-и Софокл, Азимов “Интихоби домод”-и Ҳ. Содиқ, Ҳайдар “Корвони бахт”-и М. Миршакар, Абўмансур “Исмоили Сомонӣ”-и М. Бахтӣ, Тудишкин “Авлиё ва Осӣ”-и М. Варфоломеев в ғайраро офаридааст.
Дар филмҳои “Субҳи нахустини ҷавонӣ”, “Имрўз ва ҳама рўз”, “Ишқи нахустин”, инчунин дар намоишномаҳои телевизионӣ ҳунарнамоӣ кардааст.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи Адабиёт ва санъати тоҷик”. – Душанбе. – 2004. – Ҷ. 3. – С. 516. Муаллиф Д. Баҳромов.