Activities calendar

20 декабря 2018

Ҳафтод соли Асалбек Назриев

Асалбек Назриев яке аз ҳунармандони шинохтаи кишвар аст, ки аввали моҳи ҷорӣ ба синни мубораки 70 қадам ниҳод. Бинандагони оинаи нилгун бештар ӯро дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ дидаанд, ҳарчанд дар офариниши нақшҳои ҷиддӣ маҳорати бештар дорад. Ва боре ба хабарнигори “Рӯзгор” гуфта буд, ки мехоҳад саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия кунад, вале ҳаҷвнавис надорем. Маълум мешавад, ки майлаш ба ҳаҷв бештар аст.
Асалбек Назриев 3 декабри соли 1948 дар деҳаи Бадрўшони ноҳияи Рўшон таваллуд

барчасп: 

Ҳунари мардум: АСПАКБОЗӢ

Аспакбозӣ як навъ рақси мазҳакавии мардонаи тоҷикӣ мебошад, ки сужети онро тасвири малакаи аспсаворӣ ва рақсу бозии асп ташкил медиҳад. Дар рақси аспакбозӣ як нафар мард, ду нафар – марду зан ё гурўҳи раққосон иштирок мекунанд. Раққосон онро таҳти навозиши дойра, ё созҳои дастаи навозандагон иҷро менамоянд. Воситаи асосии аспакбозӣ пайкари чўбини асп мебошад. Аз чўб каллаи аспро тарошида, ба он гўш, чашм месозанд, ёлу дум мечаспонанд. Аспро бо рўймолҳои зебои силсиладор оро медиҳад.

барчасп: