Тибби халқӣ дар Тоҷикистон
Чоп шуд: 27/12/2018Тибби халқӣ яке аз унсурҳои васеи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба шумор рафта, аз замонҳои қадим дар рўзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошт. Донишу таҷриба ва усулҳои мухтадифи табобат аз насл ба насл гузашта, бо мурури замон дар асоси кашфи ҳодисаҳои табиат ва анвои гулу гиёҳҳо навъу усулҳои нави муолиҷа ба вуҷуд омадаанд. Масалан, табобат бо усулҳои гиёҳдармонӣ, шикастабандӣ, лойдармонӣ, дуохонӣ, рўҳфурорӣ, мумиёдармонӣ, шулукдармонӣ, дилбардорӣ ва амсоли инҳо. Табибони мардумӣ асоси ҳама гуна