Тибби халқӣ дар Тоҷикистон

Тибби халқӣ яке аз унсурҳои васеи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба шумор рафта, аз замонҳои қадим дар рўзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошт. Донишу таҷриба ва усулҳои мухтадифи табобат аз насл ба насл гузашта, бо мурури замон дар асоси кашфи ҳодисаҳои табиат ва анвои гулу гиёҳҳо навъу усулҳои нави муолиҷа ба вуҷуд омадаанд. Масалан, табобат бо усулҳои гиёҳдармонӣ, шикастабандӣ, лойдармонӣ, дуохонӣ, рўҳфурорӣ, мумиёдармонӣ, шулукдармонӣ, дилбардорӣ ва амсоли инҳо. Табибони мардумӣ асоси ҳама гуна бемориҳоро аз тарс, зарб хўрдан ва таъсири сармо мешуморанд.

Тибби халқии тоҷикон таърихи ҳазорсола дошта он динишҳо ва таҷоруби қадимии суғдиён, бохтариҳо ва чандин усулу воситаҳои табобати дини зардуштӣ (бо оташ, хокистар ва ғайра)-ро дар бар мегирифт.  Тибқи маълумоти дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва юнонӣ гиёҳдармонӣ 3-5 ҳазор сол усули асосии табобат будааст. Табибону олимони форс-тоҷик оид ба соҳаҳои гуногуни тиб асарҳои  сершуморе навиштаанд, ки мутаассифона, на ҳамаи онҳо то замони мо расидаанд.

 Яке аз аввалин манбаҳои тиббии форс-тоҷик китоби муқадаси Авесто мебошад. Авесто тибро чун василаи солим нигоҳ доштани бадан қаламдод мекунад.  Дар Авесто номи беш аз 100 навъи рустаниҳои давоӣ оварда шудааст, ки канапс, бангҳа, барсам, воҳумана, виспубиш, испанд, рангҳа, ураспӣ ва ғара аз қабили онҳо мебошад.  Хосияти шифобахшии равғани шафтолу, бодом, писта, гул, асал ва қанд низ зикр шудааст. Авесто оид ба гиёҳдармонӣ  маълумоти ҷолиб медиҳад. Табибони он давр  усулҳои аз гиёҳ таҳия  сохтани дору ва тарзҳои истифодаи онҳоро медонистанд. Давоҳоро бо роҳи ҷушонидану дар сирко, равған ё нушокии аз меваи хома тайёркада хобондан (парваридан)-и пўстлоху реша, баргу поя, мева ва гулу тухми растаниҳо тайёр мекарданд.

Дар замони Сомониён Тибби халқи, хеле пеш рафт.  Дар ин давра бисёр олимоне ба саҳна омадаанд, ки дар ривоҷу равнақи тиб саҳми назаррас гузошта, тибби амалиро ба қуллаҳои баланд расониданд. Закариёи Розӣ ва Абуалии Сино , Абулҳасан Алӣ ибни Раббани Табарӣ, Абумансури Бухороӣ,  Абулқосим ибни Абусодиқи Мутаббиб (шогирди Абуалии Сино), Абусаҳли Масеҳӣ ва дигарон дар рушду инкишофи тиб саҳми арзанда гузоштаанд.

Тибби халқӣ яке аз унсурҳои васеи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба шумор рафта, аз замонҳои қадим дар рўзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошт. Донишу таҷриба ва усулҳои мухтадифи табобат аз насл ба насл гузашта, бо мурури замон дар асоси кашфи ҳодисаҳои табиат ва анвои гулу гиёҳҳо навъу усулҳои нави муолиҷа ба вуҷуд омадаанд. Масалан, табобат бо усулҳои гиёҳдармонӣ, шикастабандӣ, лойдармонӣ, дуохонӣ, рўҳфурорӣ, мумиёдармонӣ, шулукдармонӣ, дилбардорӣ ва амсоли инҳо. Табибони мардумӣ асоси ҳама гуна бемориҳоро аз тарс, зарб хўрдан ва таъсири сармо мешуморанд.

Табибон  пеш аз муолиҷаи бемор нахуст, мизоҷи ўро муайян карда,   сипас ба ташхиси беморӣ дорую даво таъйин мекунанд.

Дар тибби сунатӣ аз ҷиҳати таркиби моддаҳо ва таъсири онҳо ба бадани инсон ҳар як меваю сабзавот, ғизоҳои наботию ҳайвонӣ, маъданҳо низ дорои  мизоҷи муайян мебошанд. Мизоҷи давоҳо ва ғизоҳо бо дараҷаҳо ифода ёфта, дараҷаи сеюм  сатҳи баланди таъсир аст. Масалан, мизоҷи себи ширин дар дараҷаи якум гарм ва дар дараҷаи дувум тар аст. Мизоҷи себи турш дар дараҷаи дувум сард ва хушк мебошад. Чормағз дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк, ангури ширин дар дараҷаи якум гарму тар, сабзӣ дар дараҷаи дувум гарму тар ва ғайра.

Гиёҳдармонӣ навъи аз ҳама қадимаи табобати халқӣ буда, тавассути гиёҳҳои гуногуни табиӣ ба роҳ монда шудааст. Аслан табибони мардумӣ гиёҳҳоро бо чанд навъ барои табобат истифода менамоянд. Аввалан, шакли табиӣ яъне истеъмоли худи гиёҳҳо. Дувум, хушконидан, сеюм ҷўшонидан ва қиём омода намудан.

Шикастабандӣ навъе аз усули тибби халқӣ буда, дар деҳоти Тоҷикистон то кунун маъмул аст. Мардум ҳангоми лат хурдан, аз ҷояш

баромадан ё шикастани дасту пой ва дигар узви бадан ба табибони шикастабанд муроҷиат менамоянд.

Асалдармонӣ низ дар қатори дигар усулҳои тибби халқӣ хеле маъмул буда, асалро барои гирифторони бемориҳои сармохўрда бо ду роҳ тановул ва молидан ба бадан истифода мебаранд.

Дар тибби халқии тоҷик инчунин роҳҳои дигари табобат, махсусан табобат бо чарбу, шир ва пўсти ҳайвонҳо низ вуҷуд дорад. Чарбу ва пусти ҳайвонҳое, ки мизоҷашон  гарм  аст барои беморони гуногуни сармохўрда истифода мебаранд. Пўсти заргўш, суғур, гўсфанд, хирс, гург барин ҳайвонҳоро дар вақти нав аз бадани ҳайвон ҷудо намудан ба тани беморон мебандан ва онҳоро дар хонаи гарм муддати то 7-8 соат мехобонанд. Пўсти ҳайвон тамоми хунукиҳои дар бадани бемор бударо ба худ кашида мегирад.

Бо мурури замон тибби халқӣ рушд ёфта, шаклу усулҳои гуногуни табобат ба вуҷуд омада истодааст. Масалан, дилбандӣ ё дилбардорӣ барои касалиҳои қалб, намакдармонӣ, лойдармонӣ, табобат аз обҳои шифобахш ва гармобаҳо ва амсоли инҳо. Қариб дар ҳама наъҳои муолиҷаи тибби мардумӣ парҳезкорӣ-кам хўрдан ва худдорӣ кардан аз баъзе ғизову таъомҳоро тавсия медиҳанд.

Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 129-131; Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. – Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017.  – Ҷ.2. – С.  448-452.

барчасп: