Ҳунари ҷомадўзи дар Истаравшан

Мардуми Истарвшан ҷомаро дар рўзҳои туй, маросими  аъзодорӣ ва дар хонаю кўча,  васеъ истифода мебаранд. Дар тани мардон ду навъи ҷома зиёдтар дида мешавад, ки якеро гадопўш ва дигареро шаҳпўш ном мебаранд, ҷомаи гадоӣ гуфта рангаш кабуди осмонӣ буда, аз сатин ва матоъи зира духта мешавад, дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ин намуди ҷомаи гадоиро дар фабрикаҳо истеҳсол менамуданд ва бо нархи арзон мефурўхтанд, инчунин ин намуди ҷомаро дар байни мардум то ҳол ҷомаи 5 сомона ном мебаранд. Ва то ин ҷониб дар бозорҳои шаҳри Истаравшан ин намуди ҷома боқӣ мондааст, ки ба маблағи 10 сомонӣ фурўхта мешавад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузор сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст. Иқдоми навбатии Сарвари давлат, яъне эълон намудани соли 2018 «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шаҳодати гуфтаҳои волост. Бояд ҳар як ҳунарманд ҳунари аҷдодии худро сайқал дода, ба дигарон низ омўзонад, то ҳунари милии тоҷикон аз байн наравад. Ва дар рушду нумуи кишвар саҳмгузории фарҳанги миллиро нигоҳ дошта тавонад. Аз ҷумла ҳунарҳои дастии занона бахше аз фарҳанги миллӣ буда, барои пешрафти ҷомеа ва огоҳ гаштани насли наврас аз фарҳангу тамаддуни хеш саҳми босазое мегузорад.

Ҷомадўзӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи бонувони тоҷик буда, то ҳол ин анъана дар шаҳри бостонии Истаравшан давом дорад. Ҷомаро аз матоъҳои гуногуни абрешимӣ, шоҳӣ, вилюр, шифон адрас ва дигар намуди матоъҳо ва астарашро бошад, аз чит медўзанд. Зиёдтар бонувон ҷомаро аз матоъҳои якранг омода менамоянд. Матоъ, ришта пахта ва як навъи ватин, ки мисли мачалка, аст аз бозор дастрас намуда, дар дохили ҷома ба ҷоий пахта истифода мебаранд. Ватин навъи инноватсия дар ҳунари ҷомадўзӣ буда, дар вақти духтан осондўз ва дар вақти пушидан сабук мебошад, барои ҳамин ҳам ҷомадўзон зиёдтар аз ватин истифода мебаранд.

Ду намуд матоъи якрангро ба андозаи шахс пора намуда, қисми дастро бо бар часпонида медўзанд ва қисми поёни ҷомаро кушода мемонанд, матоъҳо яке рўи ҷома ва дигаре таги ҷомаро ташкил медиҳад, дар дохили матоъҳои духта шуда, пахта ё ватинро ҷой намуда бо сўзан аз тарафи рости матоъи болои ҷома хатҳои рост бо нуги сўзан мекашанд то ин ки аз болои хат дарз рост духта шавад.

Байни занони истаравшанӣ ду намуди духти ҷомаро мушоҳида намудем майдадўз, ки дар Истарвшан лаганда ном мебаранд ва катадўз, ки кукҳои дарзи ҷома дур-дур духта мешавад. Шакли духт бо тарзи кубик вонамуд мешавад, баъди ба анҷом расидани руйдўзии ҷома, қисми поёни доман ва лабҳои остинашро бо мағзии кабуд ё сиёҳ медўзанд.

Сокини шаҳри Истаравшан ҷамоати деҳоти Қалъача Сангинова Кифоят (с.т 1953,) ҳунари ҷомадўзиро аз хушдоманаш Сангинова Нуҳмон омўхтааст. Ин бонуи ҳунарманд на фақат ҷомаҳои мардона, балки занонаро ҳам омода менамояд. Ҷомаҳои мардонаро бо синну сол дўхта барои калонсолон аз матоъҳои сиёҳи лас ва барои домодҳо аз матоъи вилюри сиёҳи ҷилодор бо тарзи лаганда яъне майдадўзӣ омода менамоянд.

Мардуми Истарвшан ҷомаро дар рўзҳои туй, маросими  аъзодорӣ ва дар хонаю кўча,  васеъ истифода мебаранд. Дар тани мардон ду навъи ҷома зиёдтар дида мешавад, ки якеро гадопўш ва дигареро шаҳпўш ном мебаранд, ҷомаи гадоӣ гуфта рангаш кабуди осмонӣ буда, аз сатин ва матоъи зира духта мешавад, дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ин намуди ҷомаи гадоиро дар фабрикаҳо истеҳсол менамуданд ва бо нархи арзон мефурўхтанд, инчунин ин намуди ҷомаро дар байни мардум то ҳол ҷомаи 5 сомона ном мебаранд. Ва то ин ҷониб дар бозорҳои шаҳри Истаравшан ин намуди ҷома боқӣ мондааст, ки ба маблағи 10 сомонӣ фурўхта мешавад. Ҷомаи гадоиро дар худи ҳозир зиёдтар деҳқонон ва боғпарварон дар вақти корҳои хоҷагидорӣ истифода мебаранд. Ҷомаи шаҳпўш вақте ки домод ба хонаи арўс меравад, ба домод аз тарафи арўс ҷома ва рўймоли миёнбанд ва тоқии чоргула ҳадя карда ва пушонида мешавад ва ин анъана то ҳол давом дорад.

Касби ҳаррўзаи бонувон ҷомадўзӣ буда, шогирдони зиёдеро ҳунари ҷомадўзиро меомўзонанд. Маҳсули дасти ин бонувон ба бозор бароварда шуда, он харидорони зиёд ҳам дорад ва дар қатори дўхти ҷомаи мардона ҷомаҳои занонаро ҳам аз матоъҳои адрас ва дигар матоъҳои рангоранг бо тарзи муд духта ва бо сангу муҳраҳои ороишӣ ва бо риштаҳои зарҳалин оро дода, ба фурўш мебароранд.

Умедаи Тағай ходими пешбари
Маркази мероси фарҳангии

тоҷикони ПИТФИ

 

 

барчасп: