Ҳунаркада

Шаҳрсозӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ дар замони кушониён

Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ, доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ аз 23 июл то имрӯз дар ёдгории Сайёдқалъа бо ковишҳои бостоншиносӣ машғуланд, ки дар ҷараёни он шумораи зиёди асбобу афзори бостонӣ ёфт шуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрсозӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар замони кушониён хеле тараққӣ карда буд.
Тавре Давлатхоҷа Довудӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар ҷараёни

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: НАЙ

Найро бештар аз қамиш месозанд, вале навозандагони най найи аз чўби тару тоза сохташударо истифода мебаранд. Фарқи найи қамишӣ аз найи чўбӣ дар он аст, ки дар найи қамишӣ танҳо  чанд мақом иҷро мешавад, вале дар найи чўбӣ мубарқа ном дошт, ки парда (сўрох)-и 8-уми он низ бо ҳамин ном машҳур буд. Бинобар ин аз мақомҳо бо ин най мақоми «Рост», шуъбаҳои «Панҷгоҳ», «Наво», дар як гом (октава) ва  «Сегоҳ» навохта мешуд. Аз ин рў онро низ «Найи рост» мегуфтанд».

барчасп: 

БАДЕҲА ЧИСТ?

Бадеҳа (арабӣ, сухани закитабъона), сухан ё шеъри закитабъонаи шавқангез, ки бадоҳатан гуфта мешавад. Дар фолклор яке аз навъҳои  суруди халқӣ мебошад, ки аз тарафи  ду нафар дар ҳузури тамошобинон иҷро карда мешавад. Иҷрокунандагон бояд зану мард бошанд, ки бо хондани суруди шўх рақскунон лавҳае аз зиндагиро тасвир намуда, камбудиҳои ҷомеаро бо ҳазлу танз интиқол мекунанд.
Бадеҳа
асари бадеии шавқангез, диққатҷалбкунанда ва қадимитарини халқи тоҷик

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ЧАКМАНБОФӢ

Матои чакманро рағза мегўянд. Рағза монанди матои адрас бофта мешавад, аммо ин ғафсу дурушт мебошад, бараш  30 см буда, дарозиаш вобаста ба андозаи дастгоҳи бофандагӣ мебошад.  Ин амалро бо истилоҳи дигар рағзабофӣ мегўянд, ки ҳунари аз пашми гўсфанд омода намудани матои ғафсу дурушт аст. Ҳунари  рағзабофӣ дар миёни мардуми тоҷик дар ҷойҳое, ки ба гўсфандпарварӣ машғул ҳастанд,  маъмулӣ аст. Ба ин навъи ҳунар бештар занҳо дар фасли зимистон  машғул шуда, пашмҳоро ресида, дар дукон матои

барчасп: 

Рассоми халқии Тоҷикистон Сироҷиддин Нуриддинов

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёде аз рассоми халқии Тоҷикистон Нуриддин Сироҷиддиновро муҳим мешуморем. Сироҷиддин Нуриддинов дар рушди санъати кандакории тоҷик саҳми арзишманде дошта, асарҳои диданиву ҷолибе аз худ ёдгор мондааст. Нуриддинов фарзанди замони худ буд ва чун мафкурабардори замонаш асарҳоеро эҷод кард, ки бар вай талқин мешуданд. Баъзе аз он асарҳо ба мавзуъ кӯҳна шуданд, вале арзиши ҳунарии онҳо коста нашуд. Зеро ҳунари асил кӯҳнагиву навӣ надорад.

барчасп: 

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЗАРДӮЗӢ

Зардўзӣ, навъи санъати ороиши амалӣ. Як соҳаи ҳунармандист, ки тавассути риштаҳои зари сафеду зард дар рўйи матоъ нақшҳои гуногун дўхта мешавад. Чунин тарзи дўхт бо нафосату шукўҳи бадеии худ фарқ мекунад. Асосан дар рўи махмал ва шоҳӣ зардўзӣ мекунанд. Дар гузаштаи дур зардўзӣ дар рўи чарм, карбос ва пашм низ маъмул будааст.

Дар маъхазҳои адабию бадеӣ ва таърихӣ оид ба зардўзӣ  гуфтаҳо ва навиштаҷоти

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ШОНАСОЗӢ

Кори шонасозӣ аз интихоби чӯб оғоз меёбад. Чўби аз ҳама мувофиқ барои шонатарошӣ чўби дарахти чормағз мебошад. Баъзан аз чўбҳои зардолу, нок ва тут низ шона месозанд. Чўби чормағзро бурида, тахтача месозанд ва онро дар офтобрўя мехушконанд. Тахтачаи хушкидаро бо тешаи калон хомтарош карда, сипас бо тешаи хурд пухтатарош менамоянд. Бо арраи махсус-сарбур ду тарафи тахтачаро баробар бурида, бо сўҳон теғаҳои ҷойи дандонаҳоро соида ҳамвор месозанд. Ба мавзеи дандонаҳои тахтача равғани рустанӣ молида, 2-3 соат

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: САБАДБОФӢ

Бофтани сабад маҳорати махсусро тақозо менамояд. Маъмулан сабадро аз навдаи дарахтҳои гуногун мебофтанд, ки онро химча низ мегӯянд. Ҳунари сабадбофӣ қариб дар ҳама ҷо монанд аст. Вале ҳангоми бофтани сабад ҳар ҳунарманд барои хушсифат ва бозоргир шудани маҳсулоташ маҳорат нишон медиҳад. Сабадбоф навдаҳои борику дароз ва барои сабадбофӣ муносибро аз дарахти тут, бед сияҳбед, сафедор, анор, биҳӣ, олболу, най (қамиш), ирғай ва монанди инҳо бурида ҷамъ меоварад. Ин навдаҳоро барои осон шудани кор

барчасп: 

Страницы