Шаҳри Истаравшан яке аз марказҳои ҳунарҳои мардумии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар миёни беш аз 160 ҳунарҳои дастӣ, тоқидӯзӣ мақоми хосса дорад. Тоқӣ на танҳо як ҷузъи муҳимми либоси миллӣ, балки нишонаи ҳувият, мақоми иҷтимоӣ, минтақаи зист, ҷаҳонбинӣ ва зебоипарастии мардуми тоҷик мебошад...
