Ҳунарҳои мардумӣ: ЧАКМАНБОФӢ

Матои чакманро рағза мегўянд. Рағза монанди матои адрас бофта мешавад, аммо ин ғафсу дурушт мебошад, бараш  30 см буда, дарозиаш вобаста ба андозаи дастгоҳи бофандагӣ мебошад.  Ин амалро бо истилоҳи дигар рағзабофӣ мегўянд, ки ҳунари аз пашми гўсфанд омода намудани матои ғафсу дурушт аст. Ҳунари  рағзабофӣ дар миёни мардуми тоҷик дар ҷойҳое, ки ба гўсфандпарварӣ машғул ҳастанд,  маъмулӣ аст. Ба ин навъи ҳунар бештар занҳо дар фасли зимистон  машғул шуда, пашмҳоро ресида, дар дукон матои рағза мебофтанд. Матои рағза чунон бо ҳам зич бофта мешавад,  обу шамолро намегузаронад. Аз ин навъи матоъ чакман,  шалворҳои ғафси пашмин, линга, пайтоба, чоруқбанд ва арғамчин тайёр мекарданд.

«Чакман»  либоси болоии зимистонаи мардона буда, аз пашми гўсфанд омода карда мешавад.  Ин навъи либос ба ҷома шабоҳат дошта, беастар мебошад ва   каме  кушоду дароз дўхта мешавад.

Дар замонҳои қадим чакманро мардҳо бениҳоят васеъ истифода мебурданд, махсусан, чўпонон дар дашту саҳроҳо ба бар карда, гўсфандчаронӣ мекарданд.  Чакман  яке аз ҷузъи асосии  либосҳои мардона ба ҳисоб мерафт.  Либоси ашхоси камбағал  танҳо як чакман иборат буд, ҳатто  аз зери вай ҳеҷ чиз надоштанд, ки ба бар кунанд ва гуфтан мумкин аст, ки чакман ҳам он вақтҳо вазифаи либоси таг ва болоро иҷро мекард.

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд  дар радифи  дигар  ҳунарҳо мо бо  ҳунари чакмандўзӣ ё худ чакманбофӣ ошно гардидем, ки дар дигар шаҳру навоҳии кишвар ба назар нарасиданд. Дар деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Ғазантарак ҳунарманд-Холматова Гулчеҳра (соли тав.1964.чакманбоф)  бо як гурўҳ занон ба касби чакманбофӣ машғул мебошад. Мавсуф занҳои аҳли оила ва ҳамсояро ба ин кор ҷалб намуда, бо ин роҳ маишати зиндагии худашонро таъмин месозанду ва  метавон гуфт,  ҷиҳати эҳё ва рушди ин навъи унсури мероси фарҳанги ғайримоддӣ саҳми бениҳоят калонеро мегузорад.   

Аз суҳбат бо ин зани чакманбоф маълум гардид, ки бештарини мизоҷонаш чўпонон мебошанд. Онҳо пашмҳои тарошидаи гўсфандҳоро оварда, чакман фармоиш медиҳанд. Мувофиқи нақлаш чакман ягона либосест, ки онҳоро аз гармиву сардӣ нигоҳ медорад. Чакман оби боронро  намегузаронад ва дар фасли зимистон бениҳоят гарм мебошад.  Ҳатто чакманҳои бофтаи ин ҳунармандро ба Ҷумҳурии Қирғизистон мебаранд. Дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки дар вилоят ягона чакманбоф мебошад. Ва ҳангоми бозгашт дар бозори шаҳри Истаравшан дар растаи ҷомафурўшон чакманфурўшеро вохўрдем ва рафта аз ў аз куҷо дастрас кардани маҳсулоташро пурсон шудем, фурўшанда унвонии Холматова Гулчеҳраро ба мо гуфт, ки исботи гуфтаҳои ин зани ҳунарманд буд. 

Тарзи омода намудани чакман чунин аст: аввал пашми гўсфандро шуста, дар офтоб хушк мекунанд. Баъди хушк шудан бо дасташон ғоз дода, бо дукорд  (қайчии махсуси пашмтарошӣ, ки шаклан ба ду корди бо ҳам муқобил монанд аст) онро майда-майда бурида, дар як ҷо ҷамъ мекунанду бо савачўб мезананд, ки пашм мулоим шавад. Пашми мулоимшударо дар чарха гузошта, ришта мересанд. Риштаи ресидаро монанди тўб калоба мекунанд, ки  калобаи тайёрнамудаи онҳо тақрибан аз  4 килограм пашм омода гардидааст. Дар ин вақт  бо урчуқ пашмҳои нисбатан мулоими тозаро дастӣ ресида барои пуд истифода мекунанд. Барои бофтани як чакман 10 кг пашм лозим аст. Чакмани рангаш сафед ё каме равшантар нисбат аз пашми рангаш сиёҳ ва ё малла қимматтар мебошад. Чунки пашми сафед нодир буда, дастрас кардани он мушкил аст. 

Баъди тору пуд омода гардидан онҳоро дар дастгоҳи махусуси бофандагӣ насб намуда, ба бофтан шуруъ менамоянд. Матои чакманро рағза мегўянд. Рағза монанди матои адрас бофта мешавад, аммо ин ғафсу дурушт мебошад, бараш  30 см буда, дарозиаш вобаста ба андозаи дастгоҳи бофандагӣ мебошад.  Ин амалро бо истилоҳи дигар рағзабофӣ мегўянд, ки ҳунари аз пашми гўсфанд омода намудани матои ғафсу дурушт аст. Ҳунари  рағзабофӣ дар миёни мардуми тоҷик дар ҷойҳое, ки ба гўсфандпарварӣ машғул ҳастанд,  маъмулӣ аст. Ба ин навъи ҳунар бештар занҳо дар фасли зимистон  машғул шуда, пашмҳоро ресида, дар дукон матои рағза мебофтанд. Матои рағза чунон бо ҳам зич бофта мешавад,  обу шамолро намегузаронад. Аз ин навъи матоъ чакман,  шалворҳои ғафси пашмин, линга, пайтоба, чоруқбанд ва арғамчин тайёр мекарданд.  Ногуфта намонад, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон матои рағзаро аз ришта низ мебофанд, ки ин амалро онҳо ҳам  «рағзабофӣ» мегўянд, ки аз вай гилем, хурҷин ва дигар чизҳо тайёр мекунанд.

Баъди матоъи рағза омода гардидан, онро дар об андохта, намак мепошанд, сипас дар болои тахта гузошта, бо пойҳояшон сум мекунанд, то ки ифлосиҳояш тоза шавад. Ин амалро 4-5 маротиба такрор мекунанд. Баъди ин амал матои чакман мустаҳкам шуда,  пат бароварда  мулоим мешавад. Матоъ, ки пурра барои чакман омода гардид, онро мисли ҷома, лекин каме кушоду дароз пора мекунанд. Барои бо ҳам пайваст намудани матоъи поракардашуда аз риштаҳои  пашмӣ истифода мекунанд.  Лаби гиребон ва домани онро шероз мечаспонанд, ки «зияки чакман» ном дорад ва он  низ аз риштаҳои пашмин тайёр карда мешавад. Матоъи чакманро аслан, ранг намекунанд ва бо ҳамон ранги аслиаш дўхта мешавад.  Агар чакман рангаш сафед бошад, шерози вай сиёҳ ва ё тираранг ва агар рангаш сиёҳ ва малларанг бошад, ранги шерозаҳояшро равшантар мекунанд, ки аз якдигар фарқ кунад. Аз матоъҳои  порашудае, ки зиёдатӣ мекунад,  патак, маҳсича ва ё дигар чизҳои зарурӣ  тайёр мекунанд.

Имрўзҳо ин навъи либоси болоии мардона  танҳо дар байни чўпонон ва аҳёнан миёни мардуми кўҳистон  истифода  карда мешавад.

Зафар Холмуродов, 
мудири бахши фарҳанги ғайримоддии

Маркази мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: