Activities calendar

06 августа 2018

Рассоми халқии Тоҷикистон Сироҷиддин Нуриддинов

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёде аз рассоми халқии Тоҷикистон Нуриддин Сироҷиддиновро муҳим мешуморем. Сироҷиддин Нуриддинов дар рушди санъати кандакории тоҷик саҳми арзишманде дошта, асарҳои диданиву ҷолибе аз худ ёдгор мондааст. Нуриддинов фарзанди замони худ буд ва чун мафкурабардори замонаш асарҳоеро эҷод кард, ки бар вай талқин мешуданд. Баъзе аз он асарҳо ба мавзуъ кӯҳна шуданд, вале арзиши ҳунарии онҳо коста нашуд. Зеро ҳунари асил кӯҳнагиву навӣ надорад.

барчасп: 

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЗАРДӮЗӢ

Зардўзӣ, навъи санъати ороиши амалӣ. Як соҳаи ҳунармандист, ки тавассути риштаҳои зари сафеду зард дар рўйи матоъ нақшҳои гуногун дўхта мешавад. Чунин тарзи дўхт бо нафосату шукўҳи бадеии худ фарқ мекунад. Асосан дар рўи махмал ва шоҳӣ зардўзӣ мекунанд. Дар гузаштаи дур зардўзӣ дар рўи чарм, карбос ва пашм низ маъмул будааст.

Дар маъхазҳои адабию бадеӣ ва таърихӣ оид ба зардўзӣ  гуфтаҳо ва навиштаҷоти

барчасп: