Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёде аз рассоми халқии Тоҷикистон Нуриддин Сироҷиддиновро муҳим мешуморем. Сироҷиддин Нуриддинов дар рушди санъати кандакории тоҷик саҳми арзишманде дошта, асарҳои диданиву ҷолибе аз худ ёдгор мондааст. Нуриддинов фарзанди замони худ буд ва чун мафкурабардори замонаш асарҳоеро эҷод кард, ки бар вай талқин мешуданд. Баъзе аз он асарҳо ба мавзуъ кӯҳна шуданд, вале арзиши ҳунарии онҳо коста нашуд. Зеро ҳунари асил кӯҳнагиву навӣ надорад.
Нуриддинов Сироҷиддин соли 1919 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Кандакор, наққош ва рассоми тоҷик. Ходими хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1967). Пас аз хатми омўзишгоҳи педагогӣ чанд муддат муалимӣ кард. Аз соли 1952 ин ҷониб бо Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ (ш. Душанбе) ҳамкорӣ дошт.
Санъати кандакориро мустақилона, аз рўи эҷоди устоҳои халқии Тоҷикистон (Ю. Баротбеков ва дигарон) омўхтааст. Асари нахустини вай намоя (панно), ки тасвири Айнӣ дорад, бо услуби дар чўб кандакорӣ кардани устоҳои ўротеппагӣ офарида шудааст.
Нуриддинов кандакори ҷўянда буд ва бо заҳмати мунтазам равиши эҷодии хос ба даст овард. Дар асарҳояш нақши исломиро фаровон истифода бурда, вобаста ба хосияти чўб ҳар ҷузъи композисияро дақиқкорона анҷом медод.
Намояҳои пуршукўҳи Нуриддинов портретҳо барельефии К. Маркс, В.И. Ленин, Н. Крупская, М.В. Фрунзе, Рўдакӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Беҳзод, Т.Г. Шевченко, Айнӣ, Турсунзодаро дарбар гирифта, бо ҳамин услуб эҷод шудаанд. Намояҳои сюжетдори Нуриддинов комёбиҳои дар соҳаи хаҷагии қишлоқ, саноат, иқтисодиёт, маданият ва санъат ба даст овардаи халқи тоҷикро дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ акс мекунанд.
Намояҳои «Герби РСС Тоҷикистон», «25 солагии Тоҷикистон» ( аз рўи эскизи рассом А. Лисиков), «Тоҷикистон» ( эскизи М. Хушмуҳаммадов ва И. Абдураҳмонов), «Дўстии халқҳо» (намоя бахшида ба 300 солагии ҳамроҳшавии Украина ба Россия), «Шуълаи инқилоб» «50- солагии ВЛКСМ», «50- солагии Қирғизистони Советӣ» беҳтарин асарҳои Нуриддинов мебошанд.
Дар намояҳои «Баҳор», «Духтари кўзабадаст», «Ангурканӣ», «Роҳи Ленин» Нуриддинов нақшу суратро моҳирона ба ҳам пайваста, симою андоми одамонро бо риояи қонуниятҳои таносубу мавзунӣ ва ба нақшҳо мутобиқ тасвир кардааст.
Як қатор биноҳои маданию маърифатии шаҳри Душанбе аз тарафи Нуриддинов зинат дода шудаанд. Соли 1982 ба дарёфти ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ сазовор шудааст.
Соли 1957 бо ордени “Ситораи Сурх” мукофотонида шудааст.
Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1967), Рассоми халқии Тоҷикистон (1979) буд.
22-уми марти соли 1995 дар синни 75-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик»,
Душанбе, 1984. – Ҷ.5. – 247 с.
Муаллиф М. Рўзиев.
Дар бораи Сироҷиддин Нуриддинов ин асарҳоро метавон хонд:
Нуриддинов Сироҷиддинов // Назаров М. Санъати халқи тоҷик. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1961. – С. 242 .
Сироҷиддин Нуриддинов: Ба муносибати 70- солагии зодрўз // Тақвими ҷашн ва санаҳои санаҳои РСС Тоҷикистон. – Душанбе, 1988. – С. 48-50.
Нуриддинов Сироҷиддин: Кандакори наҷҷор ва рассоми тоҷик. Шарҳи мухтасари ҳаёту эҷодиёт // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1989. – Ҷ.2. – С.484.
Усмонов, М. Кандакори моҳир: Сироҷиддин Нуриддинов // Тоҷикистони советӣ. – 1957. – 19 март.
Қосимов, И. Туҳфаи рассомон: Дар бораи расми кандакорӣ кардан С. Нуриддинов «Доҳии Революсия // Тоҷикистони Совети. – 1967. – 31 март.
Файзулло, Ҳ. Наққош: Шеър бахшида ба кандакори республика С. Нуриддинов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1969. – 16 март.
Қодирова, М. Гулдаст: Рассоми машҳур Сироҷиддин Нуриддинов // Тоҷикистони советӣ. – 1974. – 13 июн.
Рўзиев, М., Мирсаидов, С. Нақшҳои диёри маҳбуб: Дар бораи кандакори моҳир С. Нуриддинов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1974. – 28 июл.
Азизов, Н. Кандакор: Усто С. Нуриддинов // Тоҷикистони советӣ. – 1975. – 23 декабр.
Раҷабӣ, Д. Тарҳи инсон: Дар бораи устои санъати ҳаккокӣ С. Нуриддинов // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 29 октябр.
Муродов, Р. Навоварӣ дар санъти анъанавӣ: Фаъолияти эҷодии устод кандакор С. Нуриддинов ва рассом М. Хушмуҳаммадов // Садои Шарқ. – 1983. – №7. – С.83-93.
Муродов, Р. Назаре ба ниҳолхонаи эҷодии марди ҳунар: Дар бораи кандакори маъруфи тоҷик С. Нуриддинов // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 11 май.