Activities calendar

31 августа 2018

Ҳунарҳои мардумӣ: РЎЙМОЛДЎЗӢ

Рўймол як ҷузъи либоси мардон буда, онро дар мавридҳои зарурӣ мувофиқи мавқеъ ва завқ истифода мекунанд. Дар шаҳру ноҳияҳои атрофи Тоҷикистон рўймол бо номҳои рўймоли миён, миёнбанд, локӣ, фўта, камарбанд ва ғайра маъмул аст. Он шакли мураббаъ дошта, асосан мардон рўймолро дар миёнашон мебанданд. Рўймол ҷузъе аз маснуоти гулдўзӣ буда, онро дар тамоми гўшаю канори кишвар истифода мебаранд. Бо вуҷуди гулдўзӣ шудан, рўймол қисме аз либоси мардон ба шумор рафта, дар зиндагии онҳо мавқеи муҳим ва гуногун дорад. Аз замонҳои пеш мардони тоҷик рўймолро асосан барои либосро аз рўй маҳкам бастан, ҳамчун ҳамён, дастархон, ҷойнамоз ва сарбанд ҳангоми сафар кардан истифода мекарданд.

барчасп: 

Гаҳворасозӣ дар минтақаи Кўлоб

Гаҳвораро тоҷикон муқаддас мешуморанд. Агар кўдак дар он хоб наравад, дар замин намегузоранд ва дар  ягон  ҷой овезон мекунанд. Метавон бо итминони комил гуфт, ки ин навъи ҳунар миёни мардуми тоҷик ҳамеша дар рушду нумўъ буда, ба наслҳои оянда ба мерос хоҳад монд.

Гаҳвора рахти хоби махсуси кўдакон мебошад, ки дар он тифлро аз 5-7 рўзагӣ то 1,5-2 солагӣ мехобонанд. Андозаи гаҳвора 1-1,05 метр буда, бараш 50-55 см. ва баландиаш 

барчасп: