Ҳунарҳои мардумӣ: РЎЙМОЛДЎЗӢ

Рўймол як ҷузъи либоси мардон буда, онро дар мавридҳои зарурӣ мувофиқи мавқеъ ва завқ истифода мекунанд. Дар шаҳру ноҳияҳои атрофи Тоҷикистон рўймол бо номҳои рўймоли миён, миёнбанд, локӣ, фўта, камарбанд ва ғайра маъмул аст. Он шакли мураббаъ дошта, асосан мардон рўймолро дар миёнашон мебанданд. Рўймол ҷузъе аз маснуоти гулдўзӣ буда, онро дар тамоми гўшаю канори кишвар истифода мебаранд. Бо вуҷуди гулдўзӣ шудан, рўймол қисме аз либоси мардон ба шумор рафта, дар зиндагии онҳо мавқеи муҳим ва гуногун дорад. Аз замонҳои пеш мардони тоҷик рўймолро асосан барои либосро аз рўй маҳкам бастан, ҳамчун ҳамён, дастархон, ҷойнамоз ва сарбанд ҳангоми сафар кардан истифода мекарданд.

Рўймол мисли дигар ҷиҳозҳои зиндагии мардум ба ҷумлаи ҳунари дастӣ шомил буда, асрҳо боз онро бо усули гулдўзӣ зебу зинат медиҳанд. Атрофи рўймол бо ҳошияи тасмашакли ороишӣ нақшу нигорҳои геометрӣ ва ислимӣ, ки инъикоси табиати атроф мебошад, дар бар мегирад. Пештар ғайр аз ҳошия дар чаҳор кунҷи гўшаҳои он нақшҳои растанӣ ва гулу гиёҳ фаровон тасвир меёфт, имрўз бошад, танҳо дар як кунҷи рўймол акси ин ё он гулро нақшдўзӣ мекунанд. Барои гулдўзӣ кардани рўймол бештар риштаҳои ҷилодору ранги баланддошта интихоб мегарданд. Заминаи рўймол аксаран аз матои гуногуни якранг интихоб гардида, вобаста ба шароит ва ҷашну маросимҳои мухталиф корбурд карда мешавад. Масалан, дар шаҳри Бохтар ва гўшаю канори он ҳангоми тўйи суннатӣ ва домодӣ бештар рўймоли рангаш сурх ё аз матои симину зарҳалкоришуда ва дар маросими мотам бошад, аз рўймоли рангаш сиёҳ, кабуд ва сабзи серранг истифода мекунанд. Дар минтақаи Кулобу водии Рашт вақти тўйи домодӣ бисёртар рўймолҳои сурху сафеди гулкорӣ карда шуда маъмул буд.

Дар шаҳри Бохтар ҳам монанди шаҳру ноҳияҳои дигар гурўҳе аз занони ҳунарманд ба дўхтани рўймол сару кор доранд. Аммо мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар ин ҷо бештар бонувони ўргутӣ рўймолдўзӣ карда мардуми ин минтақа ва бозорҳои онро бо рўймолҳои таҳиякардаи хеш таъмин мекунанд. Дар Бохтар дўхтани рўймол бисёртар бо усули попурӣ (йирмадўзӣ) ва ироқӣ ба роҳ монда шудааст. Яке аз ҳунармандони чирадасти маҳаллаи Ўргути шаҳри Бохтар Ҳамроқулова Зуҳро (с/т. 1943) мебошад, ки рўймолҳои дўхтаи ўро дар тамоми шаҳр мешиносанд ва аз маҳсули дасти дигарон фарқ мекунанд. Зуҳро Ҳамроқулова ҳама вақт рўймолро тавассути сўзан ва риштаҳои ранга гулдўзӣ мекунад.

Солҳои пеш дар шаҳру ноҳияҳои атрофи Хатлон рўймолҳои гулдўзии монанд ба рўймолҳои мардуми Кулоб ва водии Рашт духта ва истифода мешуд. Мутаассифона, имрўзҳо шакли нави рўймолдўзӣ, ки танҳо атрофи он якқатора ё дуқатора дар ҳаҷми 1 см гулдўзӣ карда шудааст, бештар ба назар мерасад.

Ҳангоми бастан рўймолро кўндаланг қат мекунанд ва чанд маротиба тоб медиҳанд, то як гўшаи он аз миён ба поён овезон истад, ки асосан ин гўшаи овезоншуда ҷои аз ҳама бештар гулдўзишудаи он мебошад. Онро аз пушт ба миён гузошта дар пеш гиреҳ мекунанд.

Ин навъи ҳунар дар минтақаи Бохтар хеле маъмул аст. Чунки онро бештар дар маросимҳои тўйи суннатӣ ва арўсу домодӣ истифода мекунанд. Рўймоле, ки барои ин ду ҷашн ба кор бурда мешавад, ҳатман матоъҳои симдорро интихоб мекунанд. Ғайр аз ин, миёни мардуми тоҷик анъане вуҷуд дорад, ки дар ҷашну маросимҳояшон барои мардони ба меҳмонӣ ташрифоварда ҳамроҳи курта ё ҷома ҳатман рўймол тақдим мекунанд. Ҳеҷ гоҳ туҳфаи мардонро бидуни рўймол намедиҳанд. Дар маросими мотам мардон аз рўймолҳои заминааш бегули кабуд, сиёҳ ва ё сабз, ки ҳошияи он каме гулдўзӣ карда шудааст, истифода менамоянд.

Чуноне аз мушоҳидаҳо маълум гашт, дар дар шаҳри Левакант ҳунари рўймолдўзӣ дида намешавад. Мардуми он ҷо барои ҷашну маросимҳояшон рўймолро аз бозорҳои шаҳри Бохтар ё аз дўзандаҳои моҳир дастрас менамоянд.

Хулоса, рўймолдўзӣ ҷузъе аз санъати гулдўзӣ буда, дар шаҳрҳои Бохтару Левакант низ вуҷуд дорад. Чи хеле ки қайд гардид мардуми тоҷик дар ҳаёти маишии хеш аз рўймол васеъ истифода мекунанд. Ва ягон ҷашну маросими халқи тоҷикро бе истифодаи рўймол тасаввур кардан ғайримикон аст. Барои аз байн нарафтани рўймолдўзӣ дар қатори ҳунарҳои дигар бояд роҳҳои ҳифз кардан ва ба насли оянда интиқол додани онро омўзонем. Ҳангоми намоишу чорабиниҳо намунаҳои нодири рўймолҳои анъанавии тоҷикон ба маъраз гузошта шавад, то ҷавондухтарон аз қадимӣ будани он огоҳӣ пайдо кунанд.

Лайло Носирова

барчасп: