Гаҳворасозӣ дар минтақаи Кўлоб

Гаҳвораро тоҷикон муқаддас мешуморанд. Агар кўдак дар он хоб наравад, дар замин намегузоранд ва дар  ягон  ҷой овезон мекунанд. Метавон бо итминони комил гуфт, ки ин навъи ҳунар миёни мардуми тоҷик ҳамеша дар рушду нумўъ буда, ба наслҳои оянда ба мерос хоҳад монд.

Гаҳвора рахти хоби махсуси кўдакон мебошад, ки дар он тифлро аз 5-7 рўзагӣ то 1,5-2 солагӣ мехобонанд. Андозаи гаҳвора 1-1,05 метр буда, бараш 50-55 см. ва баландиаш  50-60 см. мебошад. Ин ҷойхоби кўдакона дар ҳар як хонаводаи мардуми тоҷик мавҷуд аст.

Гаҳворасозӣ низ ҳунари суннатии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Гавҳора аз чўби бед, зардолу ва чормағз сохта шуда, ба ҳунари дуредгарӣ алоқаманд мебошад. Миёни халқи тоҷик ин навъи ҳунар хеле маъмулӣ буда, гаҳвораро ашёи малакутӣ ва муқаддас мешуморанд. Ҳунари  гаҳворасозиро дар саросари кишвар мушоҳида кардан мумкин аст, чунки ҳар тифле ба дунё меояд, ҳатман дар гаҳвора мехобонанд. Дар иртибот бо гаҳвора ҷашне бо номи «гаҳворабандон» миёни халқи тоҷик роиҷ аст, ки вақте аввалин тифл дар оила таваллуд шуд, ба ў гаҳвораи нав харидорӣ карда, маросими гаҳворабандонро дар доираи хонаводагӣ мегузаронанд. Ин анъана низ барои равнақу ривоҷ ёфтани ҳунари гаҳворасозӣ мусоидат менамояд.

Гаҳворасозӣ байни мардуми тоҷик ҳунари аҷдодӣ ба ҳисоб меравад. Дар минтақаи Кўлоб низ устоҳо усулҳои ба худ хоси омода кардани гавҳораро доранд. Масалан, ду қисми асосии гаҳвора - салла (қисмате, ки аз болову поён нимдоирашакл аст) ва дастак (чўби гирди дарозе, ки қисмати болову поёнро бо ҳам мепайвандад)-ро аз чўби бед сохта, қисматҳои боқимондаи онро аз чўбҳои дарахти санавбар (сосна), ки аз Русия ворид мегардад, омода менамоянд. Зеро ин навъи чуб барои росту ҳамвор буданаш бениҳият мувофиқ аст.

Дарахти бедро ба андозаи 1 метру 20 см. мебуранд. Онро таротар пўст намуда, сипас хушк мекунанд. Агар андозаи чўби бурида камтар бошад, гаҳвора паст омада бесифат мешавад. Мувофиқи гуфтаҳои усто муддати хушккунии чўб чандин моҳ тўл мекашад. Баъд чўбҳои хобидаро дар дастгоҳ аз байнашон ба чанд қисм ҷудо мекунанд. Сипас чўбҳоро дар як тағораи калони оби гармдошта меандозанд ва оҳиста-оҳиста қад мекунанд. Табиист, ки бо ин усул ҳангоми қад кардан чўб намешиканад.

Чўбҳои қадкардашударо, ки ба шакли нимдоира шуданд, аз поёнаш бо хамдозак маҳкам карда мемонанд. «Хамдозак» чубест, ки аз ду тарафаш монанди чангак қад карда шудааст. Бо ҳамин усул дар  фасли зимистон назди оташдон хушк мекунанд ва тобистон дар гармии офтоб мехушконанд. Якбора аз ҳамин чўби бед дастаки гаҳвораро низ тарошида тайёр карда мемонанд.

Қисмҳои дигари гаҳвораро чи тавре, ки гуфтем, аз чўби тайёре, ки дар бозорҳо фурўхта мешаванд, месозанд. Баъди харидорӣ кардани чўби санавбар, онро мувофиқи ченаки гаҳвора бурида, кандакорӣ мекунанд. Ҳангоми экспедитсия бо як нафар гаҳворасоз аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Нозимов Исмоил ҳамсуҳбат гардидем, ки мавсуф чунин гуфт: «Пештар мо паҳлўҳои гавҳораро рангу бор мекардем, ҳоло бошад аз ин чиз даст кашидем. Чунки тифли дар гавҳорахобида дасташ ба рангҳо расида, дубора онро ба даҳонаш мебарад, ки ин ба саломатии кўдак зарар дорад». Ҳоло бо як асбоби барқӣ тахтаҳоро сўзонда, гулкорӣ мекунанд.

Вақте саллаи қад кардашуда хушк шуд, аз пушти салла тахтаи рости ҳамворро мехкўб мекунанд, ки  болосарӣ ном дорад. Дар таги салла чўби тарошидашудаи нимдоираро, ки шамшерак ном дорад, насб менамоянд.  «Шамшерак» тахтаест, ки шакли нимдавра дошта, барои ҷунбонидани гаҳвора истифода карда мешавад. Монанди саллаи якум саллаи дуюмро низ ҳамин тарз омода мекунанд, ки онро поёнсарӣ мегўянд. Фарқияти саллаи болосарӣ аз поёнсарӣ дар он аст, ки болосарӣ каме васеътар мебошад. Вақте ки болосариву поёнсарӣ омода гашт, тахтаҳои бари гаҳвораро барак мегўянду бо усули  кандакорў оро дода шудааст мувофиқи ченак бурида, бо саллаҳои болову поён пайваст карда мех мезананд. Дар бисёр маврид барои занг назадан ва ё аён нагардидан чўбро тарошида, мех месозанд ва аз мехҳои чўбин истифода мекунанд.

Чи тавре ки болотар зикр кардем, дастаки аз чўби бед тайёршударо болои саллаҳои гаҳвора бо ҳам пайваст мекунанд. Ва барои кушода нашуданаш, мехҳои хурд-хурд мезананд. Дар охир вақте ки гаҳвора шаклан омода шуд, дар зераш чўбҳоро мувофиқи андозаи гаҳвора қатор чида, мех мекўбанд, ки ин чўбҳоро таҳак (тагак) меноманд.  Дар фарҷоми кор миёнаҷои тагаки гаҳвораро аз қисмати болосарӣ 45 см ва аз поёнсарӣ 35 см  гирд бурида,  ҷои  гузоштани тўбакро  (сиба)  омода менамоянд. Баъзан барои бозии кўдак дар дастаи гаҳвора бозича ва  зангӯлачаҳо меовезанд.

Гаҳвораро тоҷикон муқаддас мешуморанд. Агар кўдак дар он хоб наравад, дар замин намегузоранд ва дар  ягон  ҷой овезон мекунанд. Метавон бо итминони комил гуфт, ки ин навъи ҳунар миёни мардуми тоҷик ҳамеша дар рушду нумўъ буда, ба наслҳои оянда ба мерос хоҳад монд.

Зафар Холмуродов,  
мудири бахши фарҳанги ғайримоддии
Маркази мероси фарҳанги тоҷикон
.

барчасп: