Шаҳрсозӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ дар замони кушониён

Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ, доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ аз 23 июл то имрӯз дар ёдгории Сайёдқалъа бо ковишҳои бостоншиносӣ машғуланд, ки дар ҷараёни он шумораи зиёди асбобу афзори бостонӣ ёфт шуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрсозӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар замони кушониён хеле тараққӣ карда буд.

Тавре Давлатхоҷа Довудӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар ҷараёни ковишҳои имсола  зарфҳои гуногуни сафолӣ, дукҳои мармарии ресандагӣ, ангуштаринҳо ва дастпонаҳои гулдори биринҷӣ, зангулачаи биринҷӣ, ҳайкалчаи эзадбонуи зардуштӣ, ҳайкалчаҳои гилии меш, аспакҳо бо зину лаҷом ва шумораи зиёди далясангҳо ёфт шудаанд.

«Ин бозёфтҳо дар бораи иқтисодиёт ва хоҷагидорӣ, косибӣ, ҳунари заргарӣ дину оини сокинони шаҳрак маълумоти муҳим ва ҷолиб медиҳанд. Бозёфти порчаи фулузӣ бо тасвири нишонаи чоргӯшаи шоҳони кушонӣ низ нодир аст»,- гуфт бостоншиноси тоҷик.

Ба андешаи Давлатхоҷа Довудӣ: «Бозёфтҳо аз он далолат мекунанд, ки савдо низ дар шаҳр хеле тараққӣ карда буд. Дар бахшҳои гуногуни шаҳр 61 сиккаи биринҷии шоҳони кушонӣ Вима Такту ва писари ӯ Вима Кадфиз, ки дар асри I мелод ҳукмронӣ кардаанд, ёфт шуданд. Дар рӯи ин сиккаҳо шоҳ ва дар пушташон шоҳи аспсавор ва Шива тасвир шудааст. Сиккаи пайравонаи Ҳелиокл, ки онро аввалин шоҳони кушонӣ задаанд, ёфт шуд ва  хеле муҳим аст».

Зикр гардид, ки сабаби зиёд ёфт шудани сиккаҳо дар он аст, ки шаҳрак дар сари яке аз шохаҳои роҳи байналмилалии тиҷорати «Роҳи Абрешим» ҷойгир буд ва ин роҳ ба воситаи кӯҳи Хоҷа Мастон то Вашгирд ва аз он ҷо ба воситаи Рашт, водии Олой ва Ошу Қошғар то Хитой мерасид. Сокинони шаҳрак дар савдои шаҳрӣ ва минтақавӣ низ фаъолона ширкат мекарданд.

Дар гирду атрофи шаҳр заминҳои лалмии киштбоб зиёд буданд ва зироаткорӣ хеле инкишоф ёфта буд, ки дар ин бора далясангҳои ёфтшуда шаҳодат медиҳанд.

Сайёдқалъа шаҳраки кушоние мебошад, ки дар ноҳияи  А. Ҷомӣ ҷойгир аст. Ин ёдгорӣ бори нахуст соли 2016 аз ҷониби бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон кашф ва таҳқиқ карда шуд. Сайёдқалъа дар теппаи баландиаш 25 метр ҷойгир буда, масоҳаташ 1,3 гектар мебошад.

барчасп: