Занони тоҷик маъмулан якчанд муҳраро ба гардан меовехтанд. Муҳра кутоҳтарин наздик ба гардан ва муҳраҳои дигар мофиқи дарозӣ пайдарҳам овехта мешуданд. Дар байни занони тоҷик ба гардан овехтани муҳраи якқатора ва бисёрқатораи (то 8 қатор) гуногуншакл маъмул буд,ки аз шабаҳои якранг ё гуногунранг тайёр карда мешуданд.
Муҳраи гардан, яке аз маъмултарин ороишоти занонаи тоҷик аст, ки ба гардан меовезанд. Муҳра дар баъзе маҳалҳо бо номҳои зеби гардан, гарданбанд, тавқ низ маъмул аст. Шаддаи марҷонро маъмулан аз якчанд шабаи марҷон ё марҷонҳои қалбакӣ, ки бо шабаҳои нуқрагини нозук ё ягон шабаи дигар як дар миён бо ришта гузаронида мешуданд, тайёр мекарданд. Баъзан байни шабаҳои марҷон тангаҳои нуқрагини бухороии куҳна мегузоштанд. Чунин муҳраро «Муҳраи тангаи подшоҳӣ» меномиданд. Дар мобайни муҳра аксар вақт ягон тугмаи калон аз садаф ё нуқра, ё ягон тангаи калон, баъзан секунҷаи нуқрагини овезадор гузошта мешуд.
Занони тоҷик маъмулан якчанд муҳраро ба гардан меовехтанд. Муҳра кутоҳтарин наздик ба гардан ва муҳраҳои дигар мофиқи дарозӣ пайдарҳам овехта мешуданд. Дар байни занони тоҷик ба гардан овехтани муҳраи якқатора ва бисёрқатораи (то 8 қатор) гуногуншакл маъмул буд,ки аз шабаҳои якранг ё гуногунранг тайёр карда мешуданд.
Муҳраи чашмӣ, мураҳои сиёҳи холҳои сафед ё муҳраҳои сафеди холҳои сиёҳдошта, ки дар гузашта (баъзан ҳоло ҳам) барои раъфи заҳри чашм истифода мешаванд. Муҳраҳои сафеди холҳои сиёҳдоштаро муҳраи пай меноманд. Тибқи бовариҳои мардум муҳрача гўё одамонро аз заҳри чашм ва таъсири дигар қуваҳои бад муҳофизат мекунад. Ин муҳраҳоро як ё дутои ба либос мустаҳкам мекунанд ё дар таркиби даспона ва дигар ороишоти занона гирифта мегарданд. Барои аз чашми дур доштани тифлону кўдакон муҳрачаро ҳамел карда, ба дасту пояш мебанданд.
Муҳрақалам, нақшақалам, асбоби сеқирраи пўлодӣ, ки дар амали устоҳои кандакор истифода мегардад, тавассути муҳра, мисс, биринҷӣ, тило, нуқра барин филиззоти ранга кандакорӣ мешаванд.
Аз китоби “Донишномаи фарҳанги
мардуми тоҷик”, ҷилди 1, Душанбе 2015,
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.