Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ
Чоп шуд: 30/10/2018Бо ҳамин ном маводи конфронси илмӣ, ки 18 октябри соли 2018 (дар доираи баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе») баргузор шуда буд, дар таҳия ва муҳарририи Ш.Комилзода, М.Ҷўраев дар нашриёти Истеъдод рўи чоп омад.
Китоб маҷмўаи арзишҳои инсонӣ буда, тавассути он одамон ғизои маънавӣ мегиранд, дараҷаи донишу тафаккур ва биниши хешро афзун мегардонанд.