Бо ҳамин ном маводи конфронси илмӣ, ки 18 октябри соли 2018 (дар доираи баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе») баргузор шуда буд, дар таҳия ва муҳарририи Ш.Комилзода, М.Ҷўраев дар нашриёти Истеъдод рўи чоп омад.
Китоб маҷмўаи арзишҳои инсонӣ буда, тавассути он одамон ғизои маънавӣ мегиранд, дараҷаи донишу тафаккур ва биниши хешро афзун мегардонанд. Дар замони муосир ба нақши китоб дар арсаи ҷаҳон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Зеро китоб воситаи муҳими паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор рафти, нақшу мақоми он ҳамчун сарчашмаи дониш, баёнгари таърихи гузаштаву навин ва таҷассумгари симои фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷилвагар мегардад.
Бояд зикр намуд, ки мардуми тоҷик аз давраҳои қадим соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекарданд. Ин нуқти дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон 20 марти соли 2012 бо итминон зикр гардид ва ҳамзамон таъкид шуд, ки «халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнвт, ҳамсўҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳои ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд.
Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, гагҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва хақҳоро зинда нигоҳ медорад. Китобаст, к ибо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».
Далели ин гуфтаҳо ҳифзи бахши асосии нахустқомуси миллати – тоҷик Авасто мебошад, ки матни аслии он ба ҳисоби муҳаққиқон фарогири 345 ҳазор вожаву калима аст, ҳамчун китобхонаи беназири фарҳангистони даврони Сосониён машҳур бо номи «Гунди Шопур», бузургтарин китобхонаи давр дар давлати Сомониён бо номи «Сивон-ул-ҳикмат», ки он ҳама ба илми китобшиносӣ ва китобдории тоҷик замина гузоштааст.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин ҷода як қатор корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.
Аз ҷумла, таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва татбиқи барномаҳои сершумор дар ин самт, бунёди биноҳои нав ва таҷдиди китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба вижа мавриди истифода қарор гирифтани бинои дар Осиёи Марказӣ беназири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар, ҳамасола дар мамлакат ҷашн гирифтани Рўзи китоб ва гузаронидани фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон», «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» ва «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз кито махоҳ» далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Чорабинии дигаре, ки дар сатҳи байналмилалӣ гузаронида шуда, ҳамасола маъруфият ва нуфузи бештареро касб намуда истодааст, ин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» мебошад.
Ҳадафи ҳамасола баргузор намудани Намоишгоҳи мазкур дар он аст, ки вай барои таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи муассисаҳои интишоротии ватанию хориҷӣ, баланд бардоштани сифату самарабахшии фаъолияти ноширӣ, барқарорсозии робит корӣ байни ноширон, иттиҳодияҳои савдои китоб ва китобдўстону китобшиносон мусоидат менамояд. Бештар аз ҳама, он барои ҷалби аҳли ҷомеа, ба вижа наврасону ҷавонон ба хонишу донишандўзӣ василаи судманд буда, ҳамзамон ҷиҳати тарғибу ташвиқи китобҳои тозанашр ва мушаххас намудани роҳҳои минбаъдаи фаъолияти муассисаҳои таъбу нашр нақши муҳим мебозад.
Намоишгоҳи навбатии байналмилалии «Китоби Душанбе» бори ҳаштум дар пойтахти кишвар рўзҳои 18-20 октябри соли 2018 доир карда шуд. Дар доираи чорабиниҳои мухталифи Намоишгоҳи мазкур 18 октябри соли ҷорӣ конфронси илмӣ дар мавзўи «Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ» баргузор гардид.
Дар он олимон ва мутахассисони соҳа оид ба мавзўъҳои нақшу рисолати китоб дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва рушди соҳаи таъбу нашр дар даврони истиқлолият, ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ ва фарҳанги маънавии ҷомеа, нақши захираҳои электронӣ-иттилоотӣ дар рушди арзишҳои маънавӣ ва ғайра маърўзаҳои пурмуҳтаво карда, ҳамчунин перомуна мақом ва нақши китоб дар шароити кунунии рушди босуръати технологӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.
Маҷмўаи мазкур фишурдаи маърўзаҳои илмии дар конфронс мавриди баррасиву арзёбидашударо фаро гирифта, барои алоқамандони соҳаи фарҳанг пешниҳод мешавад.
Маҷмўаи аз мундариҷа, сарсухан ва мақолаҳо иборат мебошад.