Азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон
Чоп шуд: 23/10/2018Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бӯстон, баъди азнавсозии куллӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи расмии ин иншоот бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ оғоз ёфт. Муҷассамаи наву барқади Садриддин Айнӣ бо баландии 5 метр қомат