Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бӯстон, баъди азнавсозии куллӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи расмии ин иншоот бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ оғоз ёфт. Муҷассамаи наву барқади Садриддин Айнӣ бо баландии 5 метр қомат афрохта, пояи он 3 метр мебошад. Муаллифи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳайкалтарош Рустам Маҷидов буда, мақсад аз гузоштани он арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ин шахсияти таърихӣ дар назди халқу миллат мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ниҳоли дарахти шоҳбулут шинониданд. Иттилоъ дода шуд, ки Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар масоҳати зиёда аз 7 гектар замин доман паҳн карда, яке аз ҷойҳои аслии сайру гашти сокинони шаҳр ба ҳисоб меравад. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи августи соли ҷорӣ оғоз ёфт. Ҳангоми навсозии ин иншоот бештар аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Хабар дода шуд, ки барои анҷоми босифати тадбирҳои барқарорсозиву сохтмонӣ ва гузоштани муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ бештар аз 6 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи шаҳри Бӯстон даромадгоҳҳо ё дарвозаҳои асосии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо санъати зебои гаҷкорӣ бунёд гардида, ба манзараи дилфиребе мубаддал гаштааст. Дар ин ҷо 3 фаввора, амфитеатр бо 300 ҷойи нишаст, ду қаҳвахона, катҳои истироҳатӣ, шаршара, 80 адад нишасткурсиҳо, чархофалаку атраксионҳои замонавӣ барои сокинон, алахусус кӯдакон бунёд ва васлу насб гардидаанд.
Сафолакпӯш кардани роҳравҳо дар масоҳати 8,5 ҳазор метри мураббаъ, кабудизоркунӣ ва гулпӯшкунии зиёда аз 30 ҳазор метри мураббаъ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва чароғонкунии роҳравҳову гирду атрофи боғ, аз тадбирҳои ободоние буданд, ки дар доираи лоиҳаи сохтмону барқарорсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.
Дар дохили Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ гӯшаи китобхона ва намоиши ҳунарҳои дастии сокинони шаҳри Бӯстон бунёд шуд. Дар ин мавзеъи истироҳатӣ кӯдакону наврасон ҳамчунин метавонанд дар баробари гузаронидани фароғати хуб ба омӯзиш низ ҷалб гарданд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, инчунин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо сохтани ин макони дилфиреби фароғатӣ маслиҳатҳои судманд доданд. Чунин тадбирҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон ба монанди дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза касб карда, сокинон барои истиқболи сазовор аз 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Манбаъ: Сомонаи Президенти Тоҷикистон