Марат Орифов-ҳунарманди шинохта ва пири синамои тоҷик аз олам даргузашт

Субҳи иимрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ аз даргузашти ситораи синамои тоҷик, яке аз машҳуртарин чеҳраҳои ҳунари кишвар маэстро Марат Орифов хабар доданд. Духтараш Марианна Орифова дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: “Моро ғаму андӯҳ фаро гирифт, падар аз дунё рафтанд…”

Даргузаштаи Марат Орифов талафоти ҷуброннопазир дар санъати тоҷик аст. Шахсе аз олам рафт, ки бо ҳунари воло чеҳраи бузургонеро чун Рӯдакиву Сино ба мо нишон дода буд. Охирин филме, ик дар он нақши мондагор бозид, “Муаллим”-и Носир Саидов буд.

Марат Собирович Орифов (27 августи 1935 — 29 октябри 2018) — ҳунарпеша ва коргардони синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2008), дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ ва умумииттифоқӣ (ИҶШС). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва ИҶШС (1958).

Марат Орифов писари Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Тӯҳфа Фозилова аст. Аз хурдӣ ҳамроҳи модари мушфиқаш аз шаҳри Конибодом ба шаҳри Сталинобод, имрӯза шаҳри Душанбе омад ва русҳо ба шиносномаи таваллудаш на Мурод, балки Марат навиштанд. Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар соли 1956 факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко, соли 1960 Институти театрию рассомии ш. Тошкент ба ном А. Островский, соли 1964 факултаи режиссёрии филмҳои бадеӣ-устохонаи С. А. Герасимовро ш. Маскавро хатм кардааст.

Фаъолияти ҳунарии ӯ давра ба давра сурат гирифта, аввалин нақши асосӣ — Синоро дар филми «Абӯалӣ ибни Сино» соли 1956 бозидааст. Соли 1958 ӯро ба Тошкент даъват менамоянд ва нақши Ановро дар филми «Вазифаи олӣ» мебозад. Соли 1959 таҳия ва ба наворгирии филми «Қисмати шоир» ба охир мерасад, ки дар он нақши асосӣ Рӯдакиро Марат Орифов мебозад.

Марат Орифов барои нақши беҳтарини мардона, дорандаи мукофоти Кинофестивали мамолики Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳира (1960) гардидааст. То имрӯз ин нақш ӯро дар миёни мардум ҷовид гардонидааст. Ҳамчун актёр минбаъд дар нақшҳои Сайф аз филми «Вақти зангирии писар расид» (1959), нақши Насриддин дар Хуҷанд дар филми «Дузди Бағдод» (1959), нақши Ширинкор дар филми «Коваи оҳангар» (1961), нақши Аҳмад аз филми «То пагоҳ» (1964), нақши Комил дар филми «Замони осоишта» ҳунарнамоӣ кардааст.

Чун пухта гардиду маъруфият пайдо кард, ба таҳияи филмҳои бадеии телевизионии «Нисо» (1964), «Дили ман дар кӯҳистон» (1969), «Асрори қабила» (1970), «Муҳосира» (1969), «Бо табассум нигар» (1983) пардохт ва манзури тамошобинон гардонд ва аз ҷониби мардум ва давлату ҳукумат бо хушӣ пазируфта шуд. Дар таърихи кинои тоҷик дар офаридани филмҳои воқеӣ-ҳуҷҷатӣ ин чеҳраи шинохтаи миллат саҳми калидӣ дорад. Соли 1972 якбора ду филми ҳуҷҷатии ӯ бо номҳои «Гӯштингирӣ», «Санги кабуд» ва солҳои 1973—1974 филмҳои «Савганд», «50 солагии РСС Тоҷикистон» манзури тамошобинон гардонида шуд. «Муаллим», «Маро ба ЛЭП мебаранд» аз маҳсули эҷодии вай дарак медиҳанд.

Марат Орифов — Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, лауреати мукофоти давлатии ленинӣ, дорандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ, иштирокдори даҳаҳои адабиёт ва санъат дар Маскав (соли 1957), дар Озарбойҷон (соли 1965), дар Ӯзбекистон (солҳои 1968 ва 1981), дар Литва (соли 1975 ва соли 1976) ва Қирғизистон мебошад. Марат Орифов якумр дар мактабҳои олии русӣ таҳсил карда, фаъолияти актёрӣ ва таҳиягариву коргардонии ӯ ба забони русӣ сурат гирифтааст.

Филми «Муаллим»

Наворбардории филми «Тоҷикфилм» бо номи «Муаллим» бо ширкати яке аз машҳуртарин ҳунармандони эронӣ Маҳнози Афшор ба анҷом расид. Ин филм бори дигар ҳунарманди маъруфи кишвар Марат Орифовро ба саҳнаи кино кашид. Баъди бист соли бознишастагӣ Марат Орифов бо даъвати коргардони шинохта Носир Саидов ба Душанбе омад ва нақши калидиро дар ин филм бозӣ кард.

Филми «Муаллим» бо коргардонии Носир Саидов дар ҳошияи сию сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр»-и Эрон дар Пардиси синамоии «Миллат» — и Теҳрон (майи соли 2015) намоиш дода шуд. Дар ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр» ҳунарманди тоҷики Марат Орифов барои нақшофарӣ дар филми «Муаллим» — и коргардон Носир Саидов бо гирифтани ҷоизаи махсуси ҷашнвора «Симурғи булурин» муваффақ гардидааст.

барчасп: