Овози дойра вобаста ба андозаи чанбар ду навъ: паст – «Бам» ва баланд – «зер» мешавад. Дойра аз ҷиҳати тембр, зарб ва имконияти садобарори сози гуногуншакл мебошад. Дар вақти навохтани дойра ҳар ду даст ва ҳамаи ангуштон кор мекунанд. Усулҳои дойра аз ду овози якҳиҷоии «бум» ва «бак» дар заминаи таносуби квартавии пасту баландшаванда (ноустувор) ба вуҷуд меоянд «Бум»- и паст қариб дар маркази парда бо зарби кафи дасту панҷаҳо ва «бак» – и баланд аз канори дойра бо зарби нӯги ангуштон ҳосил мешавад. Маҷмӯи муштараки ҳиҷоҳои «бум», «бак», «бак - ка», «бака» ин ё он суро ифода намуда, ҳамчун воҳиди дарозии оҳанг хидмат мекунанд. Дар санъати мусиқии тоҷик нақши дойра ҳамҷун сози мусиқии ҷӯршаванда бузург аст.
Дойра, сози мусиқии қадимӣ ва маъмули зарбии тоҷикон, ки дар байни аксарияти халқҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон низ паҳн гардидааст. Дойра чанбари мудаввар дошта, аз 2 – 3 қабат тахтаи ба ҳам часпонидашудаи тут, зардолу ё занги токи яклухт сохта мешавад.
Баъзан чанбараи дойраро хотамкорӣ мекунанд. Ба рӯйи чанбара аз пӯсти буз, гӯсола ё тойча пардаи таранг мекашанд. Шилшилаҳои даруни чанбар ҳангоми навохтани дойра бо ҳамдигар ва танаи чанбар бархӯрда, садои нафису зариф мебароранд.
Овози дойра вобаста ба андозаи чанбар ду навъ: паст – «Бам» ва баланд – «зер» мешавад. Дойра аз ҷиҳати тембр, зарб ва имконияти садобарори сози гуногуншакл мебошад. Дар вақти навохтани дойра ҳар ду даст ва ҳамаи ангуштон кор мекунанд. Усулҳои дойра аз ду овози якҳиҷоии «бум» ва «бак» дар заминаи таносуби квартавии пасту баландшаванда (ноустувор) ба вуҷуд меоянд «Бум»- и паст қариб дар маркази парда бо зарби кафи дасту панҷаҳо ва «бак» – и баланд аз канори дойра бо зарби нӯги ангуштон ҳосил мешавад. Маҷмӯи муштараки ҳиҷоҳои «бум», «бак», «бак - ка», «бака» ин ё он суро ифода намуда, ҳамчун воҳиди дарозии оҳанг хидмат мекунанд. Дар санъати мусиқии тоҷик нақши дойра ҳамҷун сози мусиқии ҷӯршаванда бузург аст.
Дар замони шӯравӣ дойранавозӣ дар Тоҷикистон хеле равнақ ёфт. Бисёр устодони моҳири ин соз ба камол расиданд. Баъзе дойранавозон якбора ду ё се дойраро менавохтан. Устоди маъруфтарини ин касб Артисти халқии Тоҷикистон Аъло Аълоев буд, ки якбора панҷ дойраро ҳам менавохт. Ӯ ҳамчунин муаллифи бисёр навоҳои рақсии дойравӣ аз қабили «Чашми сиёҳ», «Ҷавонӣ», «Кулобӣ», «Бахт», «Дарвозӣ», «Рез», «Марворид» ва ғайра мебошад. Усулҳои бисёр ва имконоти васеи созии дойра қариб дар ҳамаи шаклҳои мусиқӣ зарур аст. Дойра имрӯз дар тамоми гурӯҳҳои ҳунарӣ , оркестрҳои Тоҷикистон чун сози ҳатмии зарбӣ ва ҳамчун сози якканавозӣ истифода бурда мешавад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба таълиму тарбияи дойранавозони ҷавон диққати ҷидӣ дода мешавад. Дар ҷумҳурӣ бисёр устодони маъруфи ин касб мавҷуданд, ки касби дойранавозиро ба насли наврас меомӯзанд. Ҳоло дар аксари барномаҳои консертиву ҷашнии Тоҷикистон дойрабазм ба ҳукми анъана даромадааст. Ин дойрабазмҳо аксаран аз ҷониби дастаҳои дойранавозони наврас иҷро карда мешаванд.
Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», 2015 Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии тоҷик.