Ҳамаи наздикони ман ва бонувони деҳа аз ўҳдаи ин кор ба хубӣ баромада метавонанд, аммо духтари калониам завқи бисёртар дошта, доимо дар маъракаҳое, ки ман нону хўрокҳои гуногунро омода мекунам, ў ҳам бевосита ширкат мекунад ва фикр мекунам, ки ягона шогирдест метавонам барои пухтани ин ё он навъи таъом ба ў бовар кунам, - ҷавоб дод холаи Давлатбӣ . – Агар бовар накунед, ба хонаи ман биёед, ман ба шумо маҳорати ўро нишон медиҳам, ки аз ман беҳтар аст.
«Нони гардум ҳар ҷо, кадбону ҷо – ҷо» гуфтани мардум бе ҳикмат набудааст. Касе, ки як маротиба нону таъомҳои пўхтаи холаи Давлатбиро (с/т.1960, сокини деҳаи Навободи поёни ноҳияи Фархор) чашида бошад, ё тайёр кардани ин ё он таъомашро дида бошад, маҳорати кадбонугиашро фаромўш карда наметавонад.
Таъомҳои омода намудаи холаи Давлатбӣ тамъи махсус дорад, - мегўянд мардуми рўзгордидаи ноҳияи Фархор. Барои ҳамин ўро дар ҳар маъракаи деҳа ва намоишу чорабиниҳои ҳукумативу ѓайриҳукуматӣ ҳамчун кадбонуи моҳиру ботаҷриба пеш аз ҳама ба ёд меоранд ва барои пухтани таъоме даъваташ мекунанд.
Ҳангоми ба ин ё он маърака даъват шудан маҳсулоте, ки барои ягон хўрок лозим аст, ҳатман худи ў интихоб мекунад. Чунки ҳар нафари маъракадор бовар дорад, ки ў ҳеҷ гоҳ дар интихоби маҳсулот ва андозаи дастархону меҳмонони даъватшуда хато намекунад. Барои кўмак расонидан кадбонуҳоеро даъват мекунад, ки медонад, кадоме дар пўхтан ё омода кардани қисме аз баъзе таъомҳо чи ҳунар дорад. Зеро тамоми умри ин бонуи ҳунарманд сарфи ҳамин кор ба хизмати мардуми Фархор ва деҳотҳои он гузаштааст. Аксарияти кадбонуҳои деҳа дар пеши назари Аҳмадова Давлатбӣ ба воя расида, аз таҷрибаҳои ў дар ҳунари пазандагии хеш истифода мекунанд.
Махсусан дар маросимҳое, ки вобаста ба занон аст, ҳатман ўро даъват мекунанд то келини овардаашон ё духтари ба шавҳар медодаашон мисли холаи Давлатбӣ ҳунарманду ба дасту по шаваду ҳамеша дар хизмати мардум бошад. Маҳз маҳорати пазандагии ўст, ки ҳар куҷое равад ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо оварда дар ҳозиру ѓоибаш сифоташро мекунанд. Дар маъракаю ҷамъомадҳои ноҳияву ҷамоат дар бораи ў сухан меронанд. Ба меҳмонҳои ташрифоварда ҳатман аз дастпўхти ў пешниҳод мекунанд ва анвои нониашро барои намунаву намоиш ба куҷоҳое мебаранд. Чандин борҳо дар ҷамоат, ноҳия ва маркази вилоят меҳмонони аз дуру наздик омада ба ҳунари дасти ў шинос шуда аҳсан хондаанд.
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки духтарону келинҳои худу ҳамсояҳо ва хешу таборро аз ҳунари пухту пази авлодӣ омўзонидааст, ки ҳар кадоми онҳо имрўз маъракаеро сару бар шуда метавонанд, вале то рўзе холаи Давлатбӣ тавоноии пухту пазро дорад, ҳеҷ кадоме аз онҳо барои гузаронидани ягон маърака майлу хоҳиш зоҳир намекунанд. Маъракаҳои мардуми деҳот аз қадимулайём бо ҳунари ҳамин гуна кадбонуҳои ниятхайр шуҳрат доштанд ва хушбахтона ҳоло ҳам он анъанаҳои нек давом карда истодаанд. Маҳз ҳунари чунин модарони мушфиқу меҳрубон чашми моро серу диламонро пурсафо мегардонанд.
Ҳангоми мусоҳиба бо ин зани ҳунарманд суол кардем, ки оё ягон нафаре ҳаст, ки дастпўхташ мисли шумо бошад ва мардуми маҳаллӣ гўянд, ки маззаи таъомҳои пухтаи ин ҳунармандро аз таъомҳои холаи Давлатбӣ фарқ кардан душвор аст?
- Ҳамаи наздикони ман ва бонувони деҳа аз ўҳдаи ин кор ба хубӣ баромада метавонанд, аммо духтари калониам завқи бисёртар дошта, доимо дар маъракаҳое, ки ман нону хўрокҳои гуногунро омода мекунам, ў ҳам бевосита ширкат мекунад ва фикр мекунам, ки ягона шогирдест метавонам барои пухтани ин ё он навъи таъом ба ў бовар кунам, - ҷавоб дод холаи Давлатбӣ . – Агар бовар накунед, ба хонаи ман биёед, ман ба шумо маҳорати ўро нишон медиҳам, ки аз ман беҳтар аст.
Ва мо гурўҳи корӣ ин гуфтаҳои ҳунармандро муҳобот пиндошта, таклифашро пазируфтем ва ба хонаи ў рафтем. Дар ҳақиқат духтари ў саргарми пўхтани нон буд. Аммо ҳозирин талаб карданд, ки омода кардани оши буридаро худи холаи Давлатбӣ ба уҳда гирад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ин кадбонуи соҳибтаҷриба барои меҳмонон оши бурида ва суманаки чакдонӣ тайёр кард. Ҳар кадоме аз онҳо баъди тановули ин таъомҳо ба холаи Давлатбӣ таҳсину офарин хонда ҳангоми хайру хуш илова карданд, ки дар ҳақиқат маззаи дастпухти ў нотакрор буд.
Бояд зикр кард, ки аз қадимулайём тоҷикони мо нонро чун нигоҳдорандаи худ аз ҳар гуна офату балоҳо низ медонанд. Агар касе ба ягон ҷо дар шаби тор рафтанӣ шавад, бо худ пораи ноне мегирад. Аммо ҳар нафаре, ки ба даргоҳи холаи Давлатбӣ қадам ранҷа мекунад қатъи назар аз шабона рафтан ў ҳеҷ гоҳ меҳмонашро бе нон гусел намекунад.
Хулоса, Давлатбӣ Аҳмадова зане аст, ки аз уҳдаи пухтани ҳама гуна нону таъомҳои анъанавию маҳаллӣ ба хубӣ мебарояд, зеро ў нисбати нону об ва неъматҳои дигаре, ки Худованд барои инсон офаридааст эҳтироми хоса дорад ва ҳамин ихлосу эътиқодаш ўро низ бо қадр ва соҳибэҳтиром гардонидааст.
Лайло Носирова
корманди илмии ПИТФИ