Гулдўзӣ – таҷассумгари ҳунари ниёгон аст

Воқеан, гулдўзиҳое, ки ин бонуи ҳунар ҳамроҳи духтаронаш меофарад, як порае аз табиати зиндаанд. Ҳангоми тамошои нақшу нигори он кас эҳсос менамояд, ки ин тасвирҳо порае аз рўзгор, аз зиндагии мардуми оддӣ ва зебоиҳои ҳаёти онҳоро ҳикоят мекунад. Офаридаҳои ў бо рангҳои мунаққаш зебогии табиати атрофро инъикос карда, нуру таровати беҳини зиндагиро тараннум менамоянд. Ин гуна манзараҳо мардумро ба зебоипарастӣ ва дўст доштани табиат ҳидоят мекунанд.

Гулдўзӣ аз ҷумлаи ҳунарҳое мебошад, ки дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик таърихӣ тулонӣ дошта, ҳамчун ҳунари анъанавии мардумӣ ба шумор меравад. Махсусан, тасвири нақшу нигор дар матоъ аз инсон заҳмат ва маҳорати зиёдеро талаб менамояд, ки ин қабил ҳунармандонро қаламкаш (ё қаламзан, наққош) мегўянд. Барои ҳамчун як ҳунарманди халқӣ ё гулдўзӣ моҳир дар байни мардум шинохта шудан, пеш аз ҳама кас бояд маҳорату салиқаи хуби қаламкашӣ дошта бошад.

Ҳангоми яке аз сафарҳои мардумшиносию санъатшиносӣ ба шаҳри Бохтар бо зани соҳибтаҷриба ва дорои маҳорати олии ҳунари кашидадўзӣ Балаева Мастура (соли таваллудаш 1963) - истиқоматкунандаи маҳаллаи Ҳаёти нав вохўрдем, ки дар офаридани гулдўзиҳои гуногун аз қабили чодар, бардеворӣ, сўзанӣ, болишт, курта ва ғайра ҳамто надошт. Зеро ҳунари дастӣ, бахусус гулдўзӣ завқи бадеии инсонро ташаккул дода, нозукбинӣ ва таҳаммулпазириро нисбати ҳунару зиндагӣ тарбия менамояд.

Дастони холаи Мастура имрўз ба назар каме ногиро менамоянд. Кас ба дидан гумон мекунад, ки акнун ин дастон дигар мўъҷиза меофарида бошанд. Аммо чун ин бонуи ҳунар ба кор шурўъ мекунаду ба машғулияти дўстдоштаи хеш мепардозад, ин шубҳаҳо оҳиста-оҳиста рафъ мегарданд. Ҷои онро як ҳисси эҳтиром ва самимияте нисбати ин амали писандидатарини ў фаро мегирад. Ба дастони мокувори рўи сўзанӣ равуокунандаи ў назар афканда як ҷаҳон шавқу рағбат дар ниҳоди кас нисбати ин санъати нотакрор бедор мегардад. Баъди андаке мушоҳида шахс ба хубӣ дарк менамояд, ки ин дастон ҳанўз ҳам мўъҷизаофаринанд. Ҳанўз ҳам қудрати ин дастони чобук ва чашмони нозукбин коста нагардидааст, баръакс пурбортару гиротаранд. Панҷаҳое, ки бо сўзан пайваста рўи нақшҳои офаридааш нозукона равуо мекунанд, ҳамоно тавоноие боқист.

Қомати раъно ва ҳусну ҷамоли худодод ҳунари холаи Мастураро боз ҳам ҷавонтар нигоҳ доштааст. Чунки ҷавониҳои ў низ дар ҳунараш нуҳуфтаанд. Зеро аз офаридаҳои дастони мўъҷизакори ў баҳори бехазонеро дарёфт кардан мумкин аст, он ҷо ҳама дар ҳукми ҷавонист. Гулдўзиҳои нотакрори ў манзараи накҳатбореро пеши назар ба ҷилва меоранд, ки он ҷо ҳама табиӣ ва шукўҳомезанд.

Мувофиқи иттилои ҳунарманд агарчанде санъати гулдўзӣ шуғли хонагӣ буда, ба назар оддӣ намояд ҳам, на ҳамаи занону духтарон аз уҳдаи моҳирона дўхтани он мебароянд. Зеро ҳар як нақш ё тасвире, ки дар матоъ наққошӣ шудааст, бо як нозукӣ ва дақиқназарона гулдўзӣ карда мешавад. «Ҳар нақшу нигоре, ки ҳунарманд гулдўзӣ мекунад, баъди омода шудани он бинанда гумон кунад, ки гўё гул ё дарахти тасвирнамуда ҷузъе аз табиати зинда бошад» - иброз намуд Балаева Мастура.

Воқеан, гулдўзиҳое, ки ин бонуи ҳунар ҳамроҳи духтаронаш меофарад, як порае аз табиати зиндаанд. Ҳангоми тамошои нақшу нигори он кас эҳсос менамояд, ки ин тасвирҳо порае аз рўзгор, аз зиндагии мардуми оддӣ ва зебоиҳои ҳаёти онҳоро ҳикоят мекунад. Офаридаҳои ў бо рангҳои мунаққаш зебогии табиати атрофро инъикос карда, нуру таровати беҳини зиндагиро тараннум менамоянд. Ин гуна манзараҳо мардумро ба зебоипарастӣ ва дўст доштани табиат ҳидоят мекунанд.

Балаева Мастура дар ин санъати нозук салиқаи хосае дорад. Ҳунари ў нисбати ҳама он ҳунармандони ин минтақае, ки аз ин санъат огоҳанд, бартарии комиле дорад. Маҳз ҳамин бартарӣ ва маҳорати хоса ўро байни мардуми шаҳри Бохтар ва ҳамчунин деҳаҳои атрофи он ангўштнамои ҳунар гардонидаанд. Ин аст, ки нақшҳои офаридаи ин ҳунарманди мардумиро дар ҳар хонадони ин минтақа дарёфт кардан мумкин аст ва кам касонеро дучор мешавӣ, ки аз санъати волои ин ҳунарманди номӣ бехабар монда бошанд. Сўзанӣ, чодар, гулдўзӣ ва болиштҳояш имрўзҳо зиннатдиҳандаи хонаи ҳар як наварўсанд. Бархе аз онҳо ба мавҷудоти табарруке аз номи як насл ба насли дигар ба ёдгор мемонад ва мондааст, ки маҳсули дасти холаи Мастураанд. Он хидмати шоистаи ин бонуро дар рўзи фараҳбахштарини ҳаёташон зиннат бахшидааст, ҳаргиз аз хотирҳо фаромўш карда наметавонанд. Балки духтаронашонро низ тавсия медиҳанд, ки аз дастранҷи ин ҳунарманди асил харидорӣ намоянд, то ки зиндагиашон ба монанди нақшҳои тасвирнамудаи ў зебову нотакрор ва рангин бошад. Аз ин бар меояд, ки имрўз талаботи мардум ба чунин навъи гулдўзӣ меафзояд.

Дарвоқеъ Балаева Мастура имрўз шахсест басо маҳбубу табаррук барои сокинони маҳаллаи Ҳаёти нав ва кулли ихлосмандони санъати зебояш. Дастони мўъҷикори ў имрўз ҳам қодиру тавоноанд ва тайёранд, ки боз баҳри ҷавондухтарону наварўсон гулдўзиҳо офаранд. Ба ин қабил ҳунармандоне, ки бо офаридаҳои гуногуни худ зиндагии моро боз ҳам зеботару гуворотар гардонида, як санъати нодири халқи тоҷикро аз солҳои пешин то инҷониб интиқол дода омадаанд, муваффақиятҳо орзумандем.    

Лайло Носирова
мудири бахши Маркази
мероси фарҳангии тоҷикони
Пажўҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии
фарҳанги ва иттилоот (ПИТФИ)

барчасп: