Дар мақола таърихи шашмақом бо зикри эҷодиёти бархе аз донандагон, ҳофизону мусиқанавозони мумтози тоҷик баррасӣ гардидааст. Муаллиф дар ин макола давраҳои таърих ва аҳамияти шашмақомро дар замони ҳозира ифода мекунад. Аз Авесто то замони имрўз ин шоҳасари мукаммали мусиқӣ ҳаматарафа омўзонида нашудааст ва муаллиф дар айни замон маҷалаҳои ривоҷу равнақ дошта, дар илм ва санъат дар ансон олимон ва иҷрокунандагон ба роҳ монда шудааст.
«Шашмақом»-шоҳасари безаволи мусиқии халқи тоҷик аст, ки ба тарзи силсилавӣ арзи ҳастӣ намуда, аз шаш мақом, яъне шаш силсилаи бузурги асарҳои мусиқӣ, ки бо ҳам иртиботи қавӣ дошта, дар навбати худ ҳар кадом мавқеи махсуси худро дорост, иборат аст. Заминаю сарчашмаҳои ибтидоии ин шоҳасари мусиқӣ аз қаъри қарнҳо ва ҳазорсолаҳои пешин оғоз ёфта, бисёр ҳодисоту фоҷиаҳои таърихи халқи тоҷикро аз сар гузаронидааст ва ба шакли мукаммали имрўзааш то замони мо омада расидааст. Шашмақом маҳсули дастранҷ ва эҷоди чандин насли донандагон, ҳофизону мусиқинавозони мумтози тоҷик буда, дар шакли як шоҳасари мукаммали мусиқӣ, ки дорои қонуну қоидаҳои ба худ хоси назариявӣ ва иҷроӣ мебошад, арзи вуҷуд намудааст [5, С.298].
Дар соли 1924 «Шашмақом» якумин бор аз тарафи В.А.Успенский сабт шуд. (Муаллиф Юнус Раҷабӣ 1950 с.). Аз соли 1950 то соли 1967 таҳти роҳбарии Ф.Шаҳобов, Б.Файзуллоев, Ш.Соҳибов 6 ҷилд китоби «Шашмақом» навишта шудааст. Дар ҷодаи илми санъатшиносии таърихи тоҷик, олимон А.Раҷабов, Н.Ҳакимов, А.Низомов, Ф.Азизӣ, А.Абдурашидов, С.Худойбердиев ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд. Аз Ҷумҳурии Ўзбекистон бошад, Ф.Кароматов, И.Раҷабов, Ҷ.Расултаев ва О.Матёқубов навиштаанд.
Дар охири асри XIX –XX ҳофизон ва мутрибон Бобоҷалол Носирзода, Домулло Ҳалим Ибодов, Мирзо Нарзуллои Танбўрӣ, Мирзо Ғиёс Абдулғанӣ, Маъруф Тошпўлотов, Леви Бобохонов ва Ҳоҷӣ Абдураҳмон Умаров дар мобайни халқ хеле шинохта буданд.
Баъд аз соли 1950 шогирдони устод Ш.Соҳибов мақомро ба ҳофизон ва мутрибон ёд додааст, ки инҳо: Ҳанифа Мавлонова, Аҳмад Бобоқулов. Шоҳиста Муллоҷонова, Муслима Боқиева, М.Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Лола Баракаева, Меҳрӣ Исоқбоева, Нуқра Раҳматова, Нўъмон Тоштемиров, Абдулло Назриев, Темур Шаҳобов, М.Муҳиддинов, Б.Яхшиев, Б.Наматиев, А.Солиев, Т.Иброҳимова, Р.Мавлонова, У.Мамадамбарова ва мутрибони шинохта Я.Бободўстов, А.Ҳасанов, Т.Ўлмасов, У. Толмасов, Ҳ.Қудратов, М.Фузайлов, М.Мамонтов, Х.Саидов, Н.Азизов, А.Абдуллоев ва дигарон буданд.
Дар замони ҳозира дар ҷумҳурии мо сарояндагони Кумитаи радио ва телевизион С.Наҷмидинова, Х.Иброҳимов, О.Ашурова, Ҷ.Эргашев, Ф.Саидов, Т.Раҳимов, Д.Гулов, Ш.Ҳошимова , М.Мўминова, Ҷ.Қўзиев, М.Раҳимов ва С.Кароматулло мебошанд. Дар Филармонияи давлатии ба номи А.Ҷўраев –Х.Зарипов, Г.Қурбонова, М.Сатторов, Б.Бадалиён, Т.Ҷўраев, З.Ҳайдаров, А.Абдурозиқов, Б.Оқилов, Б.Мирзоев ва дигарон санъати сарояндагии шашмақомро давом дода истодаанд.
Муаллиф дар ин мақола таърих ва аҳамияти шашмақомро дар замони ҳозира инъикос мекунад.
Гувоҳи хеле қадима будани сарчашмаҳои пайдоиши «Шашмақом» дар истифода гардидани суруду оҳангҳои яке аз қадимтарин ҷашни мардуми тоҷик Наврўз мебошад, ки бо номҳои Наврўзи Аҷам, Наврўзи Хоро, Наврўзи Сабо ва ғайра дар таркиби ин шоҳасари безаволи халқи тоҷик Борбади Марвазӣ ба як шаклу намуди касбӣ даровард. Аз рўи қонуну қоидаҳои мусиқии замонааш силсилабандӣ намудааст. «Силсила сурудҳои «Хусравонӣ»-и Борбад иборат аз 7 достон, ки 30 сурудро дарбар мегирифт ва ба Хусрави Парвиз бахшида шуда буд, ба пайдоиши «Ҳафт дастгоҳ»-и Эронӣ сабаб гардид. Агар ҳафт достон ифодагари рўзҳои ҳафта бошанд, пас 30-лаҳни Борбадӣ, ки аз 30-суруду оҳанг иборатанд, ба 30-рўзи моҳ бахшида шудаанд. 360-суруду таронаҳои ў, ки асоси тақвими мусиқии Борбадиро ташкил медод, рўзҳои солро таҷассум мекард. Ба гуфтаи донандагони илму амали мусиқӣ 7-достони Борбад бо ҷамъи 5-пардаи дигар, ки устодони баъдӣ ихтироъ кардаанд, боиси ба вуҷуд омадани «Дувоздаҳмақом», 6-овоз (Наврўз, Моя, Шаҳноз, Салмак, Гардуния, Гавашт), 48 гўша, 24-шўъба ва «Шашмақом»-и имрўза гардидааст» [2, С. 51-52].
Дар замони истило ва минбаъд хилофати арабҳо бисёре аз намунаҳои мусиқии суннатии мардуми мо ва матни сурудҳо аз байн рафтанд ва як қисми онҳо ба тағйироти куллӣ ҳастии худро идома доданд.
Яке аз сарчашмаҳои «Шашмақом» сурудҳои мардумии тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки таърихи зиёда аз сеюнимҳазорсола дошта, ҳатто решаи баъзеашон ба готҳову яштҳои Авасто рафта мерасад [3, С.180].
Сурудҳои «Шашмақом» дар силсилаи шаш гурўҳи навоҳо гирд омадаанд, ки имрўзҳо бо номи мақомҳои Рост, Бузург, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ машҳур буда, аз қисми созӣ (мушкилот) ва овозӣ (наср) иборатанд, ки ҳар кадом боз аз шўъбаҳову дигар қисмҳо иборат мебошанд.
Бояд бигўем, ки «Шашмақом» ба мурури гузашти айём, дар давоми қарнҳову солҳои зиёд дар асоси суруду навоҳои «Дувоздаҳмақом» ба вуҷуд омадааст.
Дар асрҳои IX-X- адабиёти форсу-тоҷик бо забони дарӣ ташаккул ёфт ва давоми ҳазор сол нашъунамо карда, шўҳрати оламшумулро соҳиб гардид.
Матни сурудҳои «Шашмақом» аз эҷоди шоирони машҳури халқи тоҷик, аз ҷумла Рўдакӣ, Анварӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва дигарон гирфта шудааст.
«Шашмақом» асосан тавассути сози мусиқии танбўр, бо ҳамовозии зарби доира иҷро карда мешавад, ки лаҳну пардаҳои он барои иҷроиши ҳам қисми созӣ ва ҳам қисми овозии ин асар мувофиқ гардонида шудааст. Инчунин суруду оҳангҳои «Шашмақом» тавассути ансамбли созҳои миллӣ низ иҷро карда мешавад.
Асосан ташаккули пурраи «Шашмақом» ҳамчун асари силсилавии мукаммал асарҳои зиёд давом ёфта, дар охирҳои асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар шакли имрўзааш арзи ҳастӣ намудааст. Аввалин бор ифодаи «Шашмақом» дар як тазкираи мусиқии нимаи дуввуми асри XIX истифода гардидааст, ки муаллифаш номаълум аст. Лекин баъзе қисмҳои хурди ин асар, аз ҷумлаи шўъбаҳо, таронаҳо ва ғайра минбаъд дар асри XIX-тағйир хурдаву пурра гардидаанд [1, С.395].
Дар ибтидои асри XX донандагону иҷрокунандагони «Шашмақом», ба монанди Бобо Ҷалол, Бобо Ғиёс ва дигарон дар тарғибу омўзиши ин шоҳасар хизмати арзанда кардаанд.
Мутаассифона, аз солҳои 20-уми асри гузашта сар карда, ба ин ганҷинаи бебаҳои халқи тоҷик баъзе зимомдорони вақт ҳамчун як падидаи дарборӣ ва боқимондаи замони феодалӣ баргузорӣ намуда, зидди тарғибу ташвиқ ва омўзиши он буданд. Дар давоми солҳои 20-30 –юми асри XX- қариб буд ин шоҳасар ба нестӣ ва гўшаи фаромўшӣ равад. Хушбахтона дар охири солҳои 40-уми асри гузашта бо дастгириву кўшишҳои пайвастаи фарзанди барўманди халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров, ки он солҳои вазифаи Котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро ба ўҳда дошт, аз нав ба гирдоварӣ ва омўзишу тарғиби ҳамаҷониба ин шоҳасари мусиқии классикии халқи тоҷик оғоз бахшида шуд. Маҳз бо талошҳои академик Бобоҷон Ғафуров донандагон ва устодони «Шашмақом Б.
Файзуллоев, Ш.Соҳибов, Ф.Шаҳобов бо омўзишу ба нота гирифтани ин шоҳасар пардохтанд [6, С.186].
Бо заҳмати зиёди ин мардони ҳунар дар давоми солҳои 1950-1967 ин мероси бузурги мардуми тоҷик «Шашмақом» иборат аз 5-ҷилд дар шаҳри Москва ба табъ расид.
Дар солҳои 60-70-уми асри гузашта, дар тарғибу ташвиқи суруду оҳангҳои «Шашмақом» ансамбли мақомхонони назди телевизион ва радиои Тоҷикистон саҳми хело бузург гузашт. Аз ҷониби ин ансамбл қисми пурраи мушкилот ва насри ин асар ду маротиба ба пуррагӣ дар хазинаи тиллоии радио ва телевизион сабт карда шуд. Дар соли 1979 дар назди Донишгоҳи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи мусиқии «Шарқ» бо ташаббус ва сарварии мусиқашинос Аслиддин Низомов ташкил шуд. Имрўзҳо суруду оҳангҳои «Шашмақом» дар коллеҷҳои мусиқӣ, донишкадаи санъат ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам тарзи амалӣ аз ҷониби донандагону устодони ботаҷрибаи ин мероси классикӣ ба шогирдон ҳаматарафа омўзонида мешаванд.
Академияи мақом, ки бо сарварии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов дар ҷумҳурӣ ташкил дода шуд, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳа хизмати мондагорона кард.
12 майи соли 2000-ум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Пешвои Миллат, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин шоҳасари мусиқии классикии халқи тоҷик мақоми давлатӣ дода шу два ҳар сол ин рўз ҳамчун Рўзи «Шашмақом» дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Қариб дар аксари навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон анс амблҳо ва дастаҳои мақомхонон амал менамоянд. Пас аз мақоми давлатӣ гирифтан ин хазинаи бебаҳои халқ дуюмбора аз нав эҳё гардид ва имрўзҳо пайваста тавассути матбуот ва радиову телевизион ташвиқу тарғиб карда мешавад.
Ансамбли мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони мамлакат номи устоди «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобовро гирифт, ки дар омўзиш ва тарғиби суруду оҳангҳои ин шоҳасар хизматҳои назаррасро ба анҷом расонидааст [4, С.148-150].
Имрўзҳо дар омўзонидани «Шашмақом ва т ашвиқи он дар байни ҷавонону наврасон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, устодону донандагони ин асари мусиқӣ корҳои зиёди мондагорона ба сомон расида истодаанд. Қариб дар ҳамаи мактабу коллеҷҳои мусиқӣ ва макотиби олии мусиқии кишвар нозукиҳои ин шоҳасар аз ҷониби устодон ба шогирдон омўзонида мешавад.
Омўзишу тарғиби ин шоҳасари безаволи халқи тоҷик тавассути ҳунармандони яҳудитабор, ки то охири асри гузашта аз Тоҷикистон ба мамолики дигар ҳиҷрат карда буданд, имрўзҳо дар Амрико, Исроил ва як қатор мамлакатҳои Аврупо ба роҳ монда шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки «Шашмақом» айни замон рў ба ривоҷу равнақ дошта, дар ақсои олам иҷрокунанда ва шунавандаи худро дорад.
Адабиёти мавриди истифода
- Азизӣ Ф. «Маком и фалак как явление профессионального традиционного музыкального творчества таджиков». Душанбе: «Адиб», 2009. – 395 с.
- Зубайдов А. «Саҳми мусиқӣ дар рисолати фарҳангии Наврўз».Паёмномаи фарҳанг. №1(18). Душанбе: «Истеъдод»- 2012.- 128 с.
- Очерки истории и культуры таджикского народа. Том.1.Душанбе: Ирфон, 2006. – 560 с.
- Таджикская музыка. Душанбе: Ирфон, - 2003. – 296с.
- Шашмақом. Ҷилди 1.Нашриёти давлатии мусиқавии шаҳри Москва.-1950.-С.298.
- Эшонқулов М.-«Национальные инструменты макома. Душанбе:
ООО «Мир полиграфии».- 2015. -186.
М. Эшанкулов