Форум ва намоиши байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Исфара
Чоп шуд: 30/06/2018Форум ва Намоишгоҳи байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ субҳи рӯзи 30-уми июн дар шаҳри Исфара сухани муқаддимавии Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин оғоз ба кор кард. Дар кори он ҳамчунин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода ширкат карданд.