Форум ва намоиши байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Исфара

Форум ва Намоишгоҳи байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ субҳи рӯзи 30-уми июн дар шаҳри Исфара сухани муқаддимавии Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин оғоз ба кор кард. Дар кори он ҳамчунин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода ширкат карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Исфара ташкилу баргузории Форум ва Намоиши байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Исфара иқдоми арзишманде дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам тадбири муҳиму бамавриде дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» арзёбӣ гардид.

Манба мегӯяд, Саломзода Сиҷоуддин макони баргузории чунин як ҳамоишу чорабинии бонуфузи сатҳи байналмиллалӣ интихоб гардидани шаҳри Исфараро барои мардуми меҳмоннавозу фарҳангӣ ва ҳунарманди ин шаҳри куҳанбунёду тозаҷавон мояи ифтихору сарфарозӣ ҳисобида, сипосгузорона қайд намуд, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо эълони сиёсати “дарҳои боз” равобити байналмилалии мамлакатро тақвият бахшидаанд, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакати мо зиёд гардида, симои давлатамон ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.

Шаҳрдори Исфара ҳамзамон пиромуни имконияти зиёди ҳамкориҳо ҷиҳати рушд дар самтҳои сайёҳии экологӣ, саноатӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ ва таърихию фарҳангӣ дар Исфара нек изҳори назар кардааст.

Дар кори Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест”, Ассосиатсияи ташкилотҳоитёрирасони сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, аз ҷумла ҶДММ “Сафеддара”, “Панҷакентинтур”, Ширкати сайёҳии “КИТО”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Ширкати “Азиан голф тревел”-и Аморати муттаҳидаи Араб, ҶСК Осоишгоҳи “Зумрад” ширкат кардаанд.

Мутобиқи Барнома баъд аз анҷоми Форум ҳайати меҳмонон дар Осоишгоҳи “Зумрад” аз Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ дидан намуда, ҳамзамон бо шароити хуби табобатию солимгардонӣ дар ин осоишгоҳи маъруф аз наздик ошноӣ пайдо хоҳанд кард.

Манбаъ: Маркази матбуотии раиси шаҳр

барчасп: