Оҳангарӣ: гузашта ва имрӯз
Чоп шуд: 28/06/2018Ҳоло вобаста ба тағйир ёфтани шароити моддии зиндагӣ ва бо молҳои истеҳсоли фабрикӣ таъмин гардидани аҳолӣ эҳтиёҷ ба устоҳои оҳангар кам шудааст. Вале дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон мардум ҳоло ҳам ба баъзе маҳсулоти оҳангарони маҳаллӣ эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин оҳангарӣ ҳамчун касби авлодӣ ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру деҳоти Тоҷикистон, бахусус дар ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Панҷакент, Ашт, Шаҳринав, Ҳисор, Рудакӣ, Турсунзода, Кулоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг,