Ҳунарҳои мардумӣ: ЧАКАНДЎЗӢ

Дар чакан гулдоира, гулбандина, шоҳбаргҳо, баргакҳо, дилак, себарга, нақшҳои хурмоӣ ва рангҳои муҷалло ба ҳам омада, чун рамзи зиндагӣ рўи пироҳан тасвир мешаванд. Офтобу моҳ, ситораҳо ва салибу нақшҳои ҳандасӣ бошад, яке аз ҷузъҳои нақши чакандўзӣ буда, аз бовару эътиқоди мардуми тоҷик дарак медиҳанд. Гули анору нилуфар рамзи файзу баракат ва фаровониро ифода мекунад. Нақшҳои гулдўзишудаи куртаи чакан хусусиятҳои хос дошта, вобаста ба таъйиноти худ фарқ мекунанд. Махсусан, ду гулдоирае, ки дар пеши бар гулдўзӣ шудаанд, ҳамчун рамзи шаҳу арўс низ метавон шарҳ дод. Ба андешаи баъзе мардумшиносон он олами ормонии зан аст ва аз рўҳияи зиндагисоз сарчашма мегирад. Аммо ба ақидаи ҳунармандони ноҳияи Восеъ он рамзи офтобу моҳ будааст.

Чакандўзӣ як навъи санъати гулдўзӣ буда, аз даврони куҳан то ба имрўз орзуву омол ва завқи зебоипарастии мардумро инъикос мекунад. Дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар навоҳии кишвар санъати чакандўзӣ маъмул аст. Ҳунари чакандўзӣ дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” (нашри 2016) таҳти рақами Е002 ба қайд гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Восеъ баробари навъҳои дигари гулдўзӣ чакандўзӣ низ васеъ роиҷ шудааст. Занону духтарон куртаву пойҷома, тоқию рўймол ва давриҳои чаканро барои истифодаи шахсӣ ва бо мақсади ба фурўш баровардан медўзанд. Бояд қайд кард, ки дар ноҳияи мазкур ин навъи ҳунар мисли дигар ноҳияҳои атрофи Кўлоб фаъолтар буда, талабот ва ниёзи мардум ба маҳсулоти тайёрнамудаи маҳаллӣ бо сабаби дастрас ва босифат буданаш, бештар аст. Махсусан, чаканҳое, ки дар Восеъ дўхта мешаванд, бонувон дар тамоми ҷашну маъракаҳои хонаводагӣ, анъанавӣ, давлатӣ ва маҳфилҳои фарҳангии ноҳиявию ҷумҳуриявӣ мепўшанд.

Ҳунари чакандўзии ҳар ноҳия вижагиҳои зеҳнии мардуми ҳамон маҳалро таҷассум мекунад, ки ба салиқа ва дарки олами зебоӣ, вобаста ба шароити табиъии онҳо созгор меояд. Орзуву ормон ва тахайюлоти бою рангини занони ҳунарманд рўи пироҳан бо андешаҳои мухталиф насб мегарданд, ки дар он шодӣ, бахту саодатро метавон эҳсос кард. Ҳунари чакандўзӣ на танҳо мушоҳида, балки дониш ва маърифат аст. Чуноне ки гулдўзии пироҳани арўсӣ ва ҷашнӣ бо мурод ва ҳадафмандона ба миён меоянд.

Монанди дигар анвои гулдўзӣ дар чакан ҳам қаламзан нақши муҳим мебозад. Ҳангоми сафари хидматӣ мушоҳидаҳо нишон дод, ки аксари қаламкашҳо занони солхўрдаву рўзгордидаанд ва тахайюлоти рангини худро моҳирона рўи матоъ тасвир мекунанд. Занони қаламкаш ҳар дафъа мекўшанд, то мазмуну моҳияти эҷодашонро наву дигаргун намоянд.

Бо вуҷуди умумият ва тобишҳои мантиқӣ чаканҳои ноҳияи Восеъ вижагиҳои худро дорад. Эҷоди ҳунармандони ноҳияи мазкур вобаста ба шароити табиӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ фарқкунандаанд. Масалан, дар пироҳани чакани Восеъ монанди куртаҳои дўхтаи ҳунармандони Данғара анвои гулу растанӣ ва намунаҳои кашидадўзӣ он қадар наздик нестанд. Дар ин ноҳия мисли дигар ноҳияҳои Хатлон духтаронро аз хурдӣ асрори гулдўзӣ меомўзанд. Онҳо бисёр вақт дастҷамъона ва хосса барои базми арўсӣ ва маъракаҳои шодию нишот пироҳани чакан омода мекунанд. Бо ин баҳона маҳорати хешро низ нишон медиҳанд. Солҳои пеш дар аксари ноҳияҳои кишвар ба арўс куртаи сурх мепўшониданд. Зеро барои тоҷикон ранги сурх  хушҳолию саодат, ҷашну сурур ва тантанаро ифода мекунад. Аз қадимулайём тоҷикон куртаи арўсро (чакан) бо нақшу нигор ва гулҳои зебо оро медоданд. Тавре ки аз мушоҳидаҳо маълум гардид, дар ҳар ноҳия нақшу нигори куртаи чакан гуногун аст. Дар ноҳияи Восеъ он бо тарзи хос: фақат остин, пеши бар ва гирдогирди домани он гулдўзӣ карда мешавад.

Дар чакан гулдоира, гулбандина, шоҳбаргҳо, баргакҳо, дилак, себарга, нақшҳои хурмоӣ ва рангҳои муҷалло ба ҳам омада, чун рамзи зиндагӣ рўи пироҳан тасвир мешаванд. Офтобу моҳ, ситораҳо ва салибу нақшҳои ҳандасӣ бошад, яке аз ҷузъҳои нақши чакандўзӣ буда, аз бовару эътиқоди мардуми тоҷик дарак медиҳанд. Гули анору нилуфар рамзи файзу баракат ва фаровониро ифода мекунад. Нақшҳои гулдўзишудаи куртаи чакан хусусиятҳои хос дошта, вобаста ба таъйиноти худ фарқ мекунанд. Махсусан, ду гулдоирае, ки дар пеши бар гулдўзӣ шудаанд, ҳамчун рамзи шаҳу арўс низ метавон шарҳ дод. Ба андешаи баъзе мардумшиносон он олами ормонии зан аст ва аз рўҳияи зиндагисоз сарчашма мегирад. Аммо ба ақидаи ҳунармандони ноҳияи Восеъ он рамзи офтобу моҳ будааст.

Ранги ресмон ва интихоби замини гулдўзӣ низ аз вижагиҳои ҳунари чакандўзӣ ба шумор меравад. Дар асл истифодаи ранг ҷанбаҳои асотирӣ, фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоӣ доранд. Барои мазмун пайдо кардани нақш ва равшан шудани он таҷрибаи чандинсолаи ҳунармандони бомаҳорат сарф мешавад. Чуноне ки дар матои сурх нахҳои сиёҳ, сабз, кабуд ва дар замини кабуд нахҳои сафед, зард ва сурх мувофиқи мақсад аст.

Аксари ҳунармандони ноҳияи Восеъ аз табиати рангҳо бархўрдоранд ва дар гулдўзӣ кардани куртаи чакан рангҳо бамавқеъ истифода мешаванд. Тасвири ҳар як ҳунарманд аз маърифат ва тахайюлоташ дарак медиҳад.

Бештар вақт ҳунармандони ин ноҳия ба рангҳои табиӣ қонеъ нашуда, бо махлут кардани ду ё се ранг намунаи тозаеро меофаранд, ки зебову ҷолиб мебошанд. Мисли сурхи баланд, арғувонӣ, сабзи зардваш, бунафш, кабуди нилин ва ғайра.

Нақшҳои овак, гули оташ, ситора дар шероза, доман ва пеши бар гулдўзӣ мешаванд. Дар куртаҳои чакан имрўзҳо гулҳои садбарг, олуча, себ, гандум, шохи чанор, барги бед, гули офтобпараст, себарга, дарахтак бисёртар тасвир шуда, аз намунаҳои гуногуни ҳунари занони ноҳияи Восеъ дарак медиҳад.

Чакан таърихи дуру дарозро нигоҳ дошта, бо густариши давраҳои гуногун нақшу аломатҳояш тағйир наёфтаанд. Он дар замони истиқлол мазмуну муҳтавои тоза касб карда, озмунҳои мардумӣ, намоишу ҷашнвораҳои миллиро бе куртаи чакан тасаввур наметавон кард. Баъди соҳибистиқлолии кишвар санъати чакандўзӣ ҳам бо роҳи гулдўзии дастӣ ва ҳам попурӣ пайваста инкишоф ёфта, дар намоишу чорабинҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ баҳои баланд мегирад.

Чакандўзӣ таҷассумкунандаи тахайюлоти занону духтарони тоҷик буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ ба зиндагӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Лайло Носирова

барчасп: