Қамчинбофӣ – яке аз ҳунарҳои анъанавии тоҷикон
Чоп шуд: 21/05/2018Қамчинбофӣ ҳам яке аз ҳунари маъмул ба ҳисоб рафта маҳсули дасти ҳунармандони моҳир ҳисобида мешавад. Қамчин афзорест, ки асосан барои рондани асп истифода мешавад. Вале дар баъзе сарчашмаҳо қамчинро барои рондани хар, гов, уштур ва дигар ҷонварҳои хонагӣ низ ишора намудаанд. Номи дигари қамчин тозиёна буда, дар забони мардум хеле кам истифода бурда мешавад.