Activities calendar

17 мая 2018

Мавқеи гўрғулисароӣ дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик

Пас аз шунидани ин гуна суханони таҳқиромез Балаҷон дар ғазаб омада фармон медиҳад, ки Азимбоборо дасту по банданд. Фармонбардорон ин амри бекро бе чуну чаро ба ҷо оварда, Азимбоборо дасту по мебанданд, ҳамон лаҳза дар миёни издиҳом бо фармони амир 50-дурра мезананд ва ўро бо думбрааш аз дарбор бароварда ба кўча мепартоянд. Ҷаббор-бобо, яке аз сокинони ҳамон маҳала, ўро ба хонааш бурда, то сиҳат шуданаш нигоҳубин мекунад. Баъди чанд рўз Муллои Азим худро хуб эҳсос мекунаду минатдории худро

барчасп: