Пас аз шунидани ин гуна суханони таҳқиромез Балаҷон дар ғазаб омада фармон медиҳад, ки Азимбоборо дасту по банданд. Фармонбардорон ин амри бекро бе чуну чаро ба ҷо оварда, Азимбоборо дасту по мебанданд, ҳамон лаҳза дар миёни издиҳом бо фармони амир 50-дурра мезананд ва ўро бо думбрааш аз дарбор бароварда ба кўча мепартоянд. Ҷаббор-бобо, яке аз сокинони ҳамон маҳала, ўро ба хонааш бурда, то сиҳат шуданаш нигоҳубин мекунад. Баъди чанд рўз Муллои Азим худро хуб эҳсос мекунаду минатдории худро ба Ҷаббор-бобо баён мекунад...
Эпоси «Гўрғулӣ» ё «Гўрўғлӣ» маҷмўи достонҳои қаҳрамонии адабиёти шифоҳӣ буда, дар ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии халқи тоҷик, хусусан аҳолии ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон мавқеи калон дорад ва шунавандагону хонандагонро дар рўҳияи дўстию рафоқат, накўкорӣ ва ватанпарварӣ тарбия мекунад.
Аз солҳои 1936 сар карда базаи Тоҷикистонии АФ СССР, ба мақсади омўхтани эпоси қаҳрамонии «Гўрғулӣ» ба тарафҳои Кўлобу Ғарм экспедитсияҳо мефиристад. Натиҷаи кори ин экспедитсияҳо дар як қатор мақолаҳои А. Н. Болдирев ҷамъбаст карда шудааст. А. Н. Болдирев бо номи «Гўрўғлӣ» мавҷуд ва ба таври васеъ маъмул будани як силсила достонҳои қаҳрамонии халқиро маълум карда, ба як қатор масъалаҳои муҳими ин мавзўъ дахл менамояд. Ў қайд мекунад, ки:
а) эпоси мазкур осори зиндагии давраҳои гузашта ва хусусиятҳои қадимии забони тоҷикиро нигоҳ доштааст;
б) достонҳои манзуми эпос махсусан дар байни тоҷикони районҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ ва бештар аз ҳама дар навоҳии Кўлоб паҳн шуда, дар ин ҷойҳо бисёр гўрўғлихонҳои забардаст вомехуранд; в) достонҳоро бадеҳатан иҷро мекунанд, бинобар ин бе истеъдоди шоирӣ ин ҳунарро аз худ кардан ғайри имкон аст;
д) эпос вазни махсус дошта, ин вазн бо оҳангу мусиқӣ маҳкам алоқаманд аст» [1, с. 7-8].
Дар замони шўравӣ, дар солҳои 1930-60 олимон А.Н. Болдирев, Л. Бузургзода, А. Мирзоев, И.С. Брагинский, Р. Амонов, инчунин баъзе шоирону нависандагон ба сабту таҳқиқи эпоси мазкур камар бастаанд. Махсусан, пас аз таъсис ёфтани шўъбаи фолклор дар дохили Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ (1958) барои сабту нашр ва пажўҳиши достонҳои Гўрўғлӣ имконияти мусоиде фароҳам омад. Дар ин ҷодаи илмӣ бо сарварии академик Р. Амонов, ходимони илмии шўъба Ф. Муродов, С. Фатҳуллоев, Қ. Ҳисомов ва дигарон аз гўрўғлихонҳои касбӣ ба монанди Ҳ. Ризо, Ҳ. Кабуд, Қ. Раҷаб, Б. Худойдодзода, Қ. Ҷалил, О. Шакар ва чанде дигар варинатҳои гуногуни достонҳои «Гўрўғлӣ»-ро дар шаклҳои овозӣ ва хаттӣ сабт кардаанд [5, с. 381-382].
Яке аз пажўҳишҳои ҷадид дар ҷодаи гўрғулишиносӣ асари Ф. Муродов «Воситаҳои тасвири бадеӣ дар ҳамосаи Гўрўғлӣ» ба шумор меравад, ки бо методи чандомади оморӣ навишта шудааст. Ў дар ин асар роҷеъ ба вазифаҳои эстетикии воситаҳои тасвири бадеӣ, ба монанди вазн, қофия, санъатҳои бадеӣ ва ғайра андешаҳои худро баён карда, ба хулоса меояд, ки мардум аз ин гуна асарҳои халқӣ на танҳо маъниҳои барҷаста ва ҳодисаҳоро мешунаванд, балки тавассути тасвирҳои зебою дилкаш завқи бадеию эстетикӣ мегиранд [4, 277].
Ҳар банди эпоси «Гўрўғлӣ» як достони мукаммал буда, чандин воқеаҳоро дар бар мегирад. Ҳар як достон чанд боб дорад, ҳангоми ба боби дигар гузаштани ҳофиз дар вақти иҷрои достон оҳанги мусиқӣ дигар мешавад, вазн ҳам тағйир меёбад. Нигоҳ доштани қофия ҳам дар достонҳои «Гўрўғлӣ» аҳамияти калон дорад. Ба қоидаҳои қофиябандӣ хуб риоя кардан эътибори гўяндаро баланд мебардорад. Гўяндагони моҳир онро пурра риоя мекунанд ва барои ҳамвазн шудани мисраъҳо оҳанг нақши калон мебозад.
Иҷрокунандагони достонҳои эпоси «Гўрўғлӣ»-ро «соқӣ», «гўрўғлигўй» ва «гўянда» ном мебаранд. Онҳое, ки «Гўрўғлӣ»-ро нақл мекунанд, бо истилоҳи фақат «гўянда» номбар мешаванд.
Як қисми гўрўғлихонҳо авлодиянд, падару бобоёнашон ҳам ин касбро доштаанд. Вале баъзеҳо аз ҳамсоя ва ҳамдеҳаҳои худ гўрўғлихониро ёд гирифтанд. Дар он давра ҷавонон ба гўрўғлисароёни моҳире шогирд истода, ин ҳунарро аз худ мекарданд, вале ба ҳар кас муяссар намегардид, ки гўрўғлигўйи хуб шуда, мухлисони зиёд пайдо намояд. Фақат ҳамон гўрўғлихонҳое унвони «соқӣ»-ро соҳиб мешуданд, ки онҳо овози форам, хотираи хуб маҳорат ва истеъдоду қобилияти шеъргўйӣ доштанд, илова бар ин дуторнавози моҳир ҳам буданд. Ҳифз кардани якчанд ҳазор мисраъ, эҷодкорона сурудани достонҳои калон, сюжети мураккаб ва бо якчанд оҳанг иҷро кардани достонҳо кори осон нест ва набуд. Аз ин ҷост, ки дар байни халқ, номи гўрўғлигўйҳои забардаст ба монанди Муллои Азим, Шукурмаст, Салими Кулила, Холи Мусофир, Шарифи Шех, Бобоюнус Худойдодзода, Қурбон Ҷалил, Ҳикмат Ризо, Саидалӣ-соқӣ, Қурбоналӣ Раҷабов, Ҳақназари Кабуд маъруфу машҳуранд ва ҳунарнамоии онҳо писанди мардум гардида буд.
Яке аз сарояндагони машҳури эпоси «Гўрғулӣ»-и тоҷик ҳофиз, мутриб, хушнавоз ва хушовоз Муллои Азим мебошад, ки тақрибан байни солҳои 1893-1894 дар деҳаи Сари Хосори минтақаи Кўлоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Муллои Азим дар мактаби куҳнаи деҳаи худ чанд сол хонда, каме савод баровардааст. Аммо диққати ўро аз хурдсолӣ иҷрои дсотонҳои қаҳрамонии «Гўрғулӣ» ба худ ҷалб мекард. Азбаски дар Сари Хосор гўрўғлихонҳо бисёр будаанд ва мардум ба тўю маъракаҳои гуногуни худ онҳоро даъват мекардаанд ва Муллои Азим, ки дар қатори дигарон ба ин гуна маъракаҳо иштирок мекард аз овони хурдӣ нисбати эпоси «Гўрғулӣ» шавқу ҳавас пайдо мекунад. Аз ҳамин лиҳоз ў аввал банд-банд ва баъдтар достонҳои зиёдеро аз худ карда, тарзи қофиябандиашро меомўзад. Муллои Азим ба назди гўяндаҳои «Гўрўғлӣ» рафта, аз онҳо достонҳо ва оҳангҳои нав ба навро гўш мекунад, то ки малакаю истеъдоди хешро ғанӣ гардонад. Ҳамин тариқ, ў яке аз гурўғлисароёни машҳури замони худ гашта, маҳорати гўрўғлисароии ўро ҳамагон эътироф мекарданд. Оҳиста-оҳиста, овозаи маҳорати гўрғулисароии ў то ба Самарқанду Бухоро, Қўқанду Фарғона, Қаротегину Дарвоз, Ҳисору Кўлоб паҳн рафта мерасад. Вақте ки ў дар давраи маъракаҳо ба ҳунарнамоӣ медаромад, ҳама бо ҷону дил истиқбол мекарданду хушҳол мешуданд. Ҳатто дигар гўрўғлихонҳо ҳангоми сароидан агар дар ҳамон ҷо ҳузур доштани Муллои Азимро мешуниданд, албатта ўро ба давра даъват намуда, аз ў хоҳиш мекарданд, ки баз мро боз ҳам зебову рангинтар гардонад.
Чуноне ки набераи калонии ў Азизов Ҷамолиддин нақл мекунад: дар яке аз деҳаҳои ҳамсоя маъракаи тўй барпо гардида буд, ки дар он шахси гўрўғлисарое бо шавқу завқ месароид ва баъд аз чанд лаҳзае ў худро нороҳат ҳис карда, хастагии овоз ва коста гардидани навозишашро эҳсос намуда мегўяд: «Эй мардум, ман дигар тоқати навохтан ва сароидани Гўрғулиро надорам, зеро боварии комил дорам, ки Муллои Азим дар байни мо ҳузур дорад, чунки маро ҳаяҷони зиёде фаро гирифта истодааст». Мардуми деҳа аз суханони ў дар ҳайрат монда, нобоварона ба ҳар тараф менигаристанд. Дар ҳақиқат, Муллои Азим дар ин маърака ҳузур дошт ва аз гўшае истода, гўрғулихониро гўш меандохт. Вақте ки дар ҳамин ҷо будани Муллои Азимро ҳама фаҳмиданд, шахси гўрўғлихон ўро ба назди худ даъват карда, аз ў хоҳиш мекунад, ки давоми маъракаро ба зиммаи худ гирад. Баъди овозаҳои зиёд нисбати маҳорати баланди Муллои Азим чандин маротиба ўро амирону бекони ҳамонвақта даъват намуда, гўрғулихонии ўро бо завқу ҳавас гўш мекарданд. Ҳамин тариқ, дар яке аз чунин маъракаҳо беки Қаротегин Балаҷон Муллои Азимро ба дарбори худ даъват менамояд. Муллои Азим таклифи ўро пазируфта, ба дарбори беки Қаротегин – Балаҷон меояд. Овозаи омадани Муллои Азимро мухлисон ва хоҳишмандонаш шунида хама ба дарбор меоянд, то ки аз хониши дилнавози ў баҳраманд гарданд. Ҳангоме ки Муллои Азим гурўғлисароиро оғоз намуд, ҷамъомадагон ўро бо шавкқу рағбати беандоза гўш мекарданд.
Вақте ки ў достонҳои «Гўрўғлӣ»-ро месароид, чунон ба образ медаромад, ки дар вақти хондан ба ду зону истода, бо чашмони пўшида давраро бо зону чарх мезад. Боре пас аз ба итмом расонидани банди якуми достон ногаҳон чашмаш ба бек меафтад. Мебинад, ки бек каҷпаҳлў нишаста, гурўғлихониро гўш карда истодааст. Дар ҳамин лаҳза Муллои Азим аз сароидан боз истода ва бо таъби хира дуторашро дар борхалтааш меандозаду аз ҷой бармехезад. Бек дар ҳайрат монда аз ў пурсон мешавад: Ҳа, Азимбобо, чаро давоми қиссаро намесароӣ? Азимбобо дар ҷавоб чунин мегўяд: «Балаҷон, шумо-ку ҳурмати маро ба ҷо наовардед, лекин қаҳрамонони ин достонҳо шахсоне нестанд, ки шумо каҷпаҳлў карда, аз зиндагии пурмашақати онҳо ва аз қаҳрамонию далериашон бохабар шуда, истироҳат кунед. Ё ин ки номи ин қаҳрамонҳоро ҳар вақт ки хоҳед, шунидан гиред. Барои гўш кардани ин қиссаҳо аввал дуруст нишастанро ёд гиред, баъд Гўрғулӣ гўш кунед». Пас аз шунидани ин гуна суханони таҳқиромез Балаҷон дар ғазаб омада фармон медиҳад, ки Азимбоборо дасту по банданд. Фармонбардорон ин амри бекро бе чуну чаро ба ҷо оварда, Азимбоборо дасту по мебанданд, ҳамон лаҳза дар миёни издиҳом бо фармони амир 50-дурра мезананд ва ўро бо думбрааш аз дарбор бароварда ба кўча мепартоянд. Ҷаббор-бобо, яке аз сокинони ҳамон маҳала, ўро ба хонааш бурда, то сиҳат шуданаш нигоҳубин мекунад. Баъди чанд рўз Муллои Азим худро хуб эҳсос мекунаду минатдории худро ба Ҷаббор-бобо баён мекунад. Ҷаббор-бобо сипас аз ў хоҳиш менамояд, ки давоми достонро барояш қисса кунад, зеро бобои Ҷаббор шефтаи хонишҳои Муллои Азим шуда буд. Муллои Азим хоҳиши ўро рад накарда, давоми достонро то ба охир месарояд. Ҷаббор-бобо ба хотири аз Қаротегин нарафтан, ё дубора баргаштани Азимбобо таклифи хонадоршавии ўро ба Гулмоҳ, хоҳари яккаву ягонааш пешниҳод мекунад. Гарчанде ин таклиф ба Муллои Азим хуш наомада бошад ҳам, барои ҳурмати Ҷаббор-бобо, ки ўро дар хонааш то сиҳат шуданаш нигоҳубин карда буд, розӣ шуда, бо хоҳари Ҷаббор-бобо Гулмоҳ оила бунёд мекунанд. Дар ҳоле ки Муллои Азим дар зодгоҳи худ соҳиби зану фарзанд буд.
Бо вуҷуди ин баъди як ҳафта Муллои Азим ба зодгоҳаш баргашта касби худро дар ҳамон ҷо давом медиҳад. Баъди сипарӣ гардидани як сол дар дарбори беки Қаротегин меҳмонони олиқадр ташриф меоранд ва бек ба хотири болида гардонидани табъи онҳо мехоҳад, Муллои Азимро дубора даъват намояд, аммо ў медонист, ки Азимбобо хоҳиши ўро рад мекунад. Бо мақсади овардани ў бек роҳи ҳилларо пеш мегирад ва писарашро ба назди Муллои Азим мефиристад. Писари бек Бегиҷон, ки худ шахси хоксору ҳалим буд, ба пеши Азимбобо омада, аввал аз рафтори кардаи падараш бахшиш мепурсад ва баъдан ўро бо суханони сохтакорона дубора ба дарбор даъват менамояд. «Гўё падараш бо сабабе ба Афғонистон сафар карда бошад ва Муллои Азим метавонад ба Қаротегин ба дарбор омада барои меҳмонон гўрғулисароӣ намояд».
Вақте ки писари бек аз ў хоҳишу илтимоси зиёд мекунад, Азимбобо, гарчанде феъли якравӣ дошт, бисёр шахси дилсўз ҳам буд, боз дубора ба дарбор меояд. Мардум, ки омадани Муллои Азимро бесаброна интизор буданд, аз омаданаш шодию хурсандӣ мекунанд. Беки Қаротегин Балаҷон низ бо либосҳои фақирона дар байни мардум меистад. Баробари ташриф овардани меҳмонон ва ҷамъ шудани мардум Муллои Азим гўрғулисароиро оғоз мекунад ва ҳама бо як ҳаяҷони том ўро гўш мекунанд. Вақте ки гўрғулихониро ба охир мерасонад, бек аз байни мардум баромада аз ў бахшиш мепурсад ва аҳсан хонда, ба ў туҳфаҳо инъом мекунад.
Тавре ки муҳаққиқон ишора кардаанд, «то солҳои 1970-1980 достонҳои «Гўрғулӣ» дар байни мардум маҳбубияти зиёд дошта, яке аз воситаҳои таъмини завқи эстетикӣ ва фароғатӣ буданд. Аммо бо таъсири навъҳои дигари санъат, ба монанди киною театр ва пайдоиши воситаҳои ҷадиди информатсионӣ насли ҷавон дигар чун падарону бобоёни хеш ба достонҳои «Гўрғулӣ» чандон рағбат надоранд. Тараққиёту пешрафти технологияи информатсионӣ ва осон гардидани дастрасӣ ба манобеъи иттилоот ва афзоиши коммуникатсия аз омилҳои муҳим ба шумор мераванд, ки ба фолклори ҷомиаҳои суннатӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд» [5, с.423]. Албатта раванди ҷаҳонишавӣ ба анъанаи эпоси «Гўрғулӣ» ва дигар жанрҳои адабиёти шифоҳӣ низ таъсири манфӣ расонидааст. Бояд мо дар шароити имрўз ҳар як гўяндаи ин эпоси қаҳрамониро пайдо карда, аз онҳо достонҳо ва дигар асарҳои фолклориро навишта, бо таҳриру тасҳеҳ ба чоп расонем.
Акобир Абдуллоев,
ходими калони
Маркази мероси
фарҳанги тоҷикон
Адабиёт:
- Амонов Р., Эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кўлоб. –Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963. -252 с.
- Гўрўғлӣ / Тартибиҳанда Қ. Ҳисомов. -Ҷ.2. – Душанбе: Ирфон, 1963;
- Куллиёти фолклори тоҷик (ҳамосаи Гўрғулӣ) / Мураттибон Ф. Муродов, С. Фатҳуллоев. –Ҷ. 7. –Душанбе: Дониш, 2007. -266 с.;
- Муродов Ф. Воситаҳои тасвири бадеӣ дар ҳамосаи «Гўрўғлӣ» (монография). Душанбе: Деваштич, 2006. 364 с.
- Раҳимов Д. Чанд сухан оид ба ҳамосаи қаҳрамонии “Гўрғулӣ” // Осор /маҷмўаи илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот/Мураттиб Комилзода Ш. Муҳаррири масъул Муродов М. -Ҷ.3. -Душанбе: Аржанг, 2016. -С.359-425 (4 ҷ.ч.).