Activities calendar

03 мая 2018

Бовару эътиқодот нисбат ба мўй:

Чуноне аз мушоҳидаҳо маълум аст мўи бофтаи духтарони ба балоғатрасида нисбат ба наврасон фарқ дорад. Духтарони сину солашон 15-20-сола ва аз он болотар мўйҳояшонро бо тарзҳои гуногун мебофанд. Дар гузашта наварўсон баъди шавҳар кардан мўйҳои худро дуқабата ё сеқабата ва пас аз издивоҷ якқабата, пас он ки соҳиби писар шаванду тўйи хатнасур кунанд, ду кокули чаппа ва пас аз хонадор кардани фарзанд ду кокули роста мебофтанд, ки ҳамаи ин ба худ як бовару эътиқоди хоса дошт.

барчасп: 

Рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Леваканти вилояти Хатлон

Дар баробари касбу ҳунарҳои гуногун маҳорати пазандагии бонувони Бохтару Левакант низ таҳқиқ карда шуд. Ба ҳама маълум аст, ки ҳар як бонуи тоҷик ба хубӣ аз уҳдаи пўхтани ин ё он таоми миллию маҳаллӣ мебарояд. Бо вуҷуди ҳангоми сафари корӣ бо заноне вохўрдем, ки дар омода кардани таомҳои анъанавии ин минтақа ҳамто надошта, дар ҷашну маросим ва маъракаҳои мардуми маҳаллӣ намунаҳои мухталифи таомҳоро аз қабили, анвои гуногуни нон, суманак, санбўсаи қаламагӣ, таҳмол, қалама,

барчасп: