Рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Леваканти вилояти Хатлон

Дар баробари касбу ҳунарҳои гуногун маҳорати пазандагии бонувони Бохтару Левакант низ таҳқиқ карда шуд. Ба ҳама маълум аст, ки ҳар як бонуи тоҷик ба хубӣ аз уҳдаи пўхтани ин ё он таоми миллию маҳаллӣ мебарояд. Бо вуҷуди ҳангоми сафари корӣ бо заноне вохўрдем, ки дар омода кардани таомҳои анъанавии ин минтақа ҳамто надошта, дар ҷашну маросим ва маъракаҳои мардуми маҳаллӣ намунаҳои мухталифи таомҳоро аз қабили, анвои гуногуни нон, суманак, санбўсаи қаламагӣ, таҳмол, қалама, бипурӣ (хоси мардуми маҳаллаи Ургут) таҳия менамоянд.

Бо мақсади омўзиш ва таҳқиқи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик аз 16 то 25-уми апрели соли ҷорӣ Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот як гурўҳи олимонро ба шаҳрҳои Бохтар ва Леваканти вилояти Хатлон сафарбар намуд. Гурўҳи мазкур дар рўзҳои сафари корӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бохтару Левакант ба маҳалла ва ҷамоату деҳотҳои Қурғон-1, Қурғон-2, Ҳаёти нав, Хатлон, Саричашма, Б.Ғафуров, Ургут, Левакант, Ваҳдат, Гулистон ва ғайра сафар намуданд. Бо ҳунармандони мардумӣ ва мутахассисони соҳаи санъату фарҳанг вохўриҳо доир намуда, паҳлўҳои мухталифи фарҳанги минтақаи мазкурро омўхтанд.

Аз натиҷаи таҳқиқот маълум гардид, ки таи даҳсолаи охир дар Бохтару Левакант ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, кандакорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, сандуқсозӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, кешбофӣ, санъати рассомӣ, рақсу сурудхонӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ ва навъҳои гуногуни пазандагӣ бинобар сабаби эҳтиёҷ доштани мардуми маҳаллӣ бештар рушд кардааст.

Ҳангоми сафар дар Бохтару Левакант яктогӣ марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ ба мушоҳида расид, ки дар ҳар ду марказ ҳам ҳунари абрбандӣ низ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин ҷо абрбандӣ кардани риштаҳо гарчанде ба таври сода сурат гирад ҳам, то як андоза корӣ адрасбофонро осон мегардонад.

Яке аз адрасбофони моҳири шаҳри Левакант Барно Шамсова иброз намуд, ки  ба роҳ мондан ва  рушд додани ҳунари адрасбофӣ ҷиҳати омўзонидан ба ҷавондухтарону занони хонашин ва инкишофи он дар минтақаи Бохтар барои насли оянда заминаи хубе буда метавонад. Зеро адрас матое мебошад, ки дар ҳама давру замон бонувони тоҷик ба он эҳтиёҷ доштанд ва доранд. Омўзонидани он ба бонувони ҷамоату деҳотҳои Левакант ба таври замонавӣ ба роҳ монда шудааст, чунки барои аз худ кардани ин ҳунар бонувон бе ягон хел ҳавасмандгардонӣ ҷалбанд.

Дар баробари касбу ҳунарҳои гуногун маҳорати пазандагии бонувони Бохтару Левакант низ таҳқиқ карда шуд. Ба ҳама маълум аст, ки ҳар як бонуи тоҷик ба хубӣ аз уҳдаи пўхтани ин ё он таоми миллию маҳаллӣ мебарояд. Бо вуҷуди ҳангоми сафари корӣ бо заноне вохўрдем, ки дар омода кардани таомҳои анъанавии ин минтақа ҳамто надошта, дар ҷашну маросим ва маъракаҳои мардуми маҳаллӣ намунаҳои мухталифи таомҳоро аз қабили, анвои гуногуни нон, суманак, санбўсаи қаламагӣ, таҳмол, қалама, бипурӣ (хоси мардуми маҳаллаи Ургут) таҳия менамоянд. Масалан, яке аз суманакпазони маъруфи шаҳри Бохтар Ойдил Ҳайдарова (с/т.1955, сокини маҳ. Ургут) ҳангоми суҳбат қайд намуд, ки «Дар ҷашнгирии Наврўзи ҳаминсола 22 маротиба барои хонаводаҳои  мардуми Бохтар суманак омода кардам». Ин қабил занон метавонанд, баробари рушд додани ҳунари хеш сатҳи зиндагиашонро низ баланд бардоранд.

Дар натиҷаи сафари хидматӣ аз ҷониби аъзоёни гурўҳ 34 – адад варақаи инвентаризатсионӣ пур карда шуд. Зиёда аз 276 нафар ҳунармандон ва санъаткоронро ба қайд гирифтанд, ки 198 нафари онҳо бо касбу ҳунарҳои мардумӣ сару кор доранд.

Хулоса, дар шаҳрҳои Бохтару Левакант касбу ҳунарҳои мардумӣ бисётар мувофиқи талаботи имрўзаи ҷомеа ҷараён дорад. Як қисми ҳунарҳо бештар ва қисми дигарашон камтар рушд кардаанд. Таҳқиқот нишон дод, ки сабаби дар чунин вазъ қарор доштани ҳунарҳои мардумӣ аз як тараф талаботи мардуми маҳаллӣ бошад, аз тарафи дигар, умр ба сар бурдани қавмиятҳои гуногуни этникӣ (ба таври кўчиш омадани одамони расму русум ва фарҳанги гуногун аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон) мебошад.  

Лайло Носирова

барчасп: