Чуноне аз мушоҳидаҳо маълум аст мўи бофтаи духтарони ба балоғатрасида нисбат ба наврасон фарқ дорад. Духтарони сину солашон 15-20-сола ва аз он болотар мўйҳояшонро бо тарзҳои гуногун мебофанд. Дар гузашта наварўсон баъди шавҳар кардан мўйҳои худро дуқабата ё сеқабата ва пас аз издивоҷ якқабата, пас он ки соҳиби писар шаванду тўйи хатнасур кунанд, ду кокули чаппа ва пас аз хонадор кардани фарзанд ду кокули роста мебофтанд, ки ҳамаи ин ба худ як бовару эътиқоди хоса дошт. Вале имрўз ин расму оинҳои суннатӣ дар баъзе минтақаҳо бо маҳдудият вуҷуд дорад. Яъне, аз ин ҷо маълум мешавад, ки бо пешрафти ҷомеа ва илму техника суннатҳои қадимаи мардуми мо ботадриҷ аз байн рафта истодаанд.
Дар миёни халқи тоҷик нисбат ба мўй бовару эътиқодҳои зиёд вуҷуд дорад. Мардум аз қадим тавассути ин бовару эътиқодот амал карда, мўйҳои худро оро медоданд ва солим нигоҳ медоштанд. Дар миёни халқи тоҷик нисбат ба ҳар ҷашну маросимҳо боварҳо зиёд аст. Масалан, дар тўй арўс бояд ҳатман мўйҳои худро майдабофӣ кунад. Дуто бофидани мўй аслан хоси занҳои шавҳардор ва калонсол мебошад. Дар Бадахшон бошад арўсон мўйи худро дуто бофта, ҳатман бо кокулони ранги сурх оро медиҳанд.
Дар замони ҳозир мўйҳои арўсон ба таври замонавӣ ва аврупоӣ ороиш дода мешавад. Тибқи бовару эътиқодот дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ дар маросими мотам занҳо мўйҳои худро кушода ду тақсим менамоянд ва аз сари китф ба пеши худ мепартоянд. Дар ин маросим занҳои вилояти Бадахшон мўйи худро кушода аз ду тараф ба пеш меоранд ва нугҳои онро гиреҳ мекунанд. Дар баъзе манотиқи ин ҷо мўйро кушода монда, миёни худро мебанданд ва рақси самоъ мекунанд.
Чуноне аз мушоҳидаҳо маълум аст мўи бофтаи духтарони ба балоғатрасида нисбат ба наврасон фарқ дорад. Духтарони сину солашон 15-20-сола ва аз он болотар мўйҳояшонро бо тарзҳои гуногун мебофанд. Дар гузашта наварўсон баъди шавҳар кардан мўйҳои худро дуқабата ё сеқабата ва пас аз издивоҷ якқабата, пас он ки соҳиби писар шаванду тўйи хатнасур кунанд, ду кокули чаппа ва пас аз хонадор кардани фарзанд ду кокули роста мебофтанд, ки ҳамаи ин ба худ як бовару эътиқоди хоса дошт. Вале имрўз ин расму оинҳои суннатӣ дар баъзе минтақаҳо бо маҳдудият вуҷуд дорад. Яъне, аз ин ҷо маълум мешавад, ки бо пешрафти ҷомеа ва илму техника суннатҳои қадимаи мардуми мо ботадриҷ аз байн рафта истодаанд.
Чуноне, ки Дилшод Раҳимов дар мақолаи худ вобаста ба ин мавзўъ мегўяд: «Ҳар бовару эътиқод дар давраҳои гуногуни таърихӣ бо арзиши замонавии худ вобаста ба талаботу зарурат корбурд дорад. Чун талабот ва муроҷиати мардум ба боварҳо кам шуд, онҳо мавқеъ ва арзиши динӣ-асотирии худро дар ҷомиъа тадриҷан гум мекунанд ва аз байн мераванд, ё тағйири шаклу функсия менамоянд[1].»
Аз маълумоти сарчашмаҳо маълум аст, ки мардум маводи ороишро низ ҳамчун нигоҳдорандаи инсон аз ҳар гуна қувваҳои бадӣ ба мисли сеҳру ҷоду истифода мебурдаанд.
Тибқи маводи Ганҷинаи фолклори тоҷик маълум мешавад, ки мардум дар мавриди мўйи инсон низ як силсила шугунҳо гуфтаанд, ки зоҳиран ақидаи оддӣ менамоянд, вале агар ба таърихи пайдоиш ва ташаккули ин боварҳо назар афканем, розу рамзи зиёдеро мушоҳида хоҳем кард. Вобаста ба ин мавзўъ фолклоршинос Д.Раҳимов чунин ибрози ақида намудааст: «Аслан бовару эътиқодоти марбути мўй решаҳои асотирӣ ва тафсирҳои гуногун доранд. Дар онҳо ҳам унсурҳои динҳои ибтидоӣ, ҳам дини зардуштӣ, ҳам дини ислом ва ҳам тафсири муосирро пайдо кардан мумкин аст[2]».
Шугуну боварҳои мардумие, ки то ба имрўз вуҷуд доранд, бо пешрафти ҷомеа функсияи худро дигар карда, бо мақсадҳои замонавӣ мувофиқ мешаванд. Масалан, тибқи муҳтавои ин шугунҳо партофтани мўй ва нохунҳо ба об, оташ, ҷои намнок мамнўъ буда, зери хок гўр кардани мўю нохунҳои тарошида тавсиа карда мешавад. Баъзе шугунҳо функсияи тарбиявӣ дошта, барои тарғиби беҳдошти бадан ва тозагии муҳит мусоидат мекунанд.
Инчунин дар миёни занҳои тоҷик вобаста ба мўйбурӣ низ дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон бовару эътиқодоти зиёд вуҷуд дорад. Занҳо мўйяшонро соле як маротиба дар аввали баҳор, вақти токбурӣ, ки аз ҷои буридаи ток об мечакад ва дар рўзи боронӣ, ки дар дар осмон тиру камон бошад, ба болои кунда монда, бо табар мебуриданд ва мўи буридаро ба зери решаи ток гўр мекарданд ва сарро бо оби чакидаи ток мешўстанд. Ин кор бо он нияти анҷом дода мешуд, ки то соли дигар мўйи сар мисли торҳои борон зиёд, мисли дастаи табар ғафс ва мисли токи ангур пурқувват шавад. Вале мутассифона имрўз ин анъанаҳо агар бошад ҳам дар баъзе минтақаҳои деҳот ба таври маҳдуд ва хеле кам вуҷуд дорад. (Доир ба ин масъала Т.Турсунова низ таваҷҷуҳ кардааст. Ниг.: Номаи Пажўҳишгоҳ, соли 2006, №13-14, саҳ. 119-132.
Чуноне маълум аст як сабаби пойбарҷо мондани қисме аз боварҳои мардум нисбат ба мўй ин ба мақсадҳои замонавӣ мувофиқ кунондани онҳо бошад, сабаби дигари муҳиммаш ин функсияи тарбиявӣ доштани онҳо ба шумор меравад. Инчунин тараққиёти рўзафзуни илму техника имрўзҳо яке аз омилҳои асосии барҳамдиҳандаи бовару эътиқоди мардумӣ маҳсуб меёбад.
Инчунин дар байни мардум як қатор боварҳо (иримҳо)-и марбут ба мўй ва мўйбофӣ вуҷуд доранд:
1. Агар мўй дарозу зебо бошад, вақти бофтан ба як бофи кокул мўлчоқ /минчоқи чашм (мўҳрае барои рафъи захми чашм) ё тўморчаи майдаро гузаронида, маҳкам мекунанд, то ки ба кокул чашми бад нарасад.
2. Набояд ҳар каси ноозмуд сарро бофад, зеро агар дасти сарбоф ба муй нафорад, мўйи сар рехта кам мешавад.
3. Агар тори мўи зан ба даруни хўрок афтад, дар хонавода дилхунукӣ мешавад.
4. Агар тори мўй ба нуги ҷорўб печад, зан сардард мешавад.
5. Агар тори мў ба пои қурбоққа печад, зан сардард мешавад.
6. Агар тори мўи зан ба дасти нохалаф афтад, зан хонавайрон мешавад ё бахташро мебанданд.
7. Агар мўи духтар бетартиб бошад, хостгораш дилхунук мешавад.
8. Агар тори мўи келин ба косаи хушдоман афтад, дар байни онҳо дилхунукӣ меафтад.
9. Агар зан дар хонаи каси дигар сар шўяд, ба он хона касофат меборад.
10. Агар зан тоқӣ ё рўймоли сарашро гум кунад, ё ба касе ҳадя диҳад давлаташ мепарад.
11. Агар тори мўи зан ба оташ афтад, зан дардманд мешавад.
Адабиёт:
- Искандарзода М. Зебу зинати арўсони Ҳисор, Душанбе, 2006, с.7.
- Нева Е. «Узелки» в волосах, или накосные украшения женщин Центральной Азии. – Мероси ниёгон, 2015. с.75.
- Носирова Л. Назаре ба ҳунарҳои бонувон // Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик. Душанбе, «Аржанг», с. 2016, с. 87.
- Раҳимов Д. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. –Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014., с.74.
- Хамиджанова М.А. Материальная культура матчинцев. Душанбе Издательство «Дониш». -1974. с.140-141.
М. Ниёзова,
ходими калони
Маркази мероси фарҳангии тоҷикон