Қамчинбофӣ – яке аз ҳунарҳои анъанавии тоҷикон

Қамчинбофӣ ҳам яке аз ҳунари маъмул ба ҳисоб рафта маҳсули дасти ҳунармандони моҳир ҳисобида мешавад. Қамчин афзорест, ки асосан барои рондани асп истифода мешавад. Вале дар баъзе сарчашмаҳо қамчинро барои рондани хар, гов, уштур ва дигар ҷонварҳои хонагӣ низ ишора намудаанд. Номи дигари қамчин тозиёна буда, дар забони мардум хеле кам истифода бурда мешавад.

 Аз мушоҳидаҳо ва тадқиқотҳо маълум гардид, ки тарзи истифодабарӣ ва тайёр кардани  қамчин дар минтақаҳои кишвар қариб як хел аст. Вале дар баъзе минтақаҳо маҳсулоти хомро (яъне чўб ва пўсти нотайёр)-ро  барои омода кардан бо тарзу усулҳои фарқкунанда омода месозанд, аммо тарзи бофтан ва ҷо ба ҷо гузоштани бандҳои бофташаванда дар ҳама ҷо қариб як хел сурат мегирад. Сифати қамчин аз маҳсулот ва маҳорату таҷрибаи ҳунарманд вобастагии зиёд дорад.

Барои омода намудани қамчин масолеҳи зерин истифода карда мешавад:  пўсти буз, рўда, пўсти гов, зеҳ ва қисмати болоӣ яъне дастачўби онро аз дарахтҳои тавалғу, туғ, ҳерғай (ирғай), заранг ва дигар дарахтон месозанд, ки сахту боқувват ҳастанд.

Ҳангоми экспедитсияи кормандони ПИТФИ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сокини деҳаи Ҳаёти Нав усто Маин (с.тав. 1956) тарзи сохтани қамчинро бо чунин усул ба мо шарҳ дода буд. “Аввал пўсти бузро ба мўҳлати 2-3 рўз ба хотири мулоим шуданаш дар об тар мекунанд. Баъдан пўсти таршударо бошад, гирифта аз мобайни узангуи асп гузаронида, узангуро дар ягон ҷои мустаҳкам сахт мебанданд. Баъд аз ин пўстро ба ду тарафи узангу кашидан мегиранд. Дар ин ҳолат ҳамаи пашмҳо аз танаи пўст ҷудо мешавад. Ҷойҳои гўштдори пўстро бо корд тоза карда, баъд аз ин пўстро ба ягон ҷои соя кушода монда андаке хушк мекунанд, пўсти нимхушкшударо бошад, ба воситаи қайчӣ, ё корди тез ба мисли ресмон тор-тор мебуранд. Барои як қамчин 16-тор пўсти буридашуда лозим аст. Пўстҳои буридашударо ба ду қисм аз ду тарафи чарме, ки онро аз рўдаи буз тайёр кардаанд, ки он дар мобайни қамчин ҷой дорад, гузошта онҳоро бо як усули хос мебофанд. Баъд аз бофта тамом кардани қамчин барои маҳин шудан ё ин ки ҳамвор шудани қамчин ҳамон қисмати бофташударо аз даруни ҳалқаи оҳанин (шайба ё болт) гузаронида, қамчинро дар даруни ҳалқа ба ҳар тараф кашидан мегиранд. Дар ин ҳолат баъзе нуқсонҳо ва ноҳамвориҳое, ки дар қамчин дида мешуд, аз байн рафта қамчин суфтаву хеле зебо мешавад”

Устои қамчинбоф Умаров Давлатшо (с.т. 1979) сокини ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон усули хосси қамчинсозии худро  дорад. Ҳангоми мусоҳиба ў ба мо чунин гуфт: “Дар аввали кор пўсти бузро гирифта, се-чор рўз дар оҳакоб ё намакоб тар карда, нигоҳ медорем. Вақте ки пўст баъди коркард тайёр шуд, худаш маълум мешавад, пашмҳои дар тани пўст буда, хеле мулоим мешаванд. Дар ин ҳолат пўстро аз даруни об гирифта, бо чанд усул пашмро аз тани пўст ҷудо мекунем. Аввал ин ки ду нафар аз паҳлуҳои пўст дошта, бо корд пашмро аз пўсти мулоимшуда ҷудо мекунем. Ё ин ки эзангуро дар танаи сутун ё ҷое, ки мустаҳкам бошад, сахт баста, пўстро аз эзангу мегузаронему аз ду тарафи пўст қапида, ин тарафу он тараф кашидан мегирем, ин усул қариб ки дар ҳама ҷо маъмул аст. Усули дигари тоза кардани пўст аз пашм ба воситаи пояи кати оҳанӣ сурат мегирад, ки он нисбатан осонтар мебошад”.

Вақте ки устоҳо пашмро аз пўст ҷудо карданд, пўстро дар ягон ҷой тунук карда, то “тармаза”, яъне нимхушк шуданаш нигоҳ медоранд. Пас аз он пўстро тор-тор бурида барои бофтани қамчин омода месозанд. Дар усули бофтани Умаров Давлатшо торҳои қамчин ҳисоб карда намешавад. Ў мегўяд, агар хоҳӣ, ки қамчин ғафстар бофта шавад, торҳои риштамонандро зиёд мекунӣ, агар бориктар хоҳӣ, торҳояшро камтар мегирӣ. Чи гунае ки усто Маин ба мо нақл карда буд, дар миёни қамчини бофташаванда рўдаи хушкардашудаи гов ё буз, ки ба мисли чарм аст, мегузоранд. Аммо дар баъде ҳолатҳо аз пўсти гов ҳам дар миёни қамчин барои бофтан истифода мекардаанд. Баъди бофта шудани қамчин барои зобо ва якранг шуданаш боз ба воситаи корд тани қамчинро мехарошанд. Дар ин ҳолат он ноҳамвориҳое, ки дар вақти бофтан пайдо мешавад, тоза мегарданд.

Баъд аз бофтан қамчинро ба воситаи гўшакаш бо дастачўбаш пайваст кардан зарур мешавад. Гўшакҳои қамчин ҳам аз пўсти гов, буз, тайёр карда мешавад, вале дар баъзе ҷойҳо аз матои боқуввати чармин ҳам месохтаанд. Вазифаи гўшакҳо дар бисёр маврид барои доштан аст: аспсаворон қамчинро бо дандон аз гўшакаш меқапанд, вале барои зебо шудани қамчин ҳам гўшак хидмат мекунад. Қамчини бофташударо дар гўшак бо ресмони сангин маҳкам мекунанд. Гўшакро бошад, бо дастаи қамчин ба воситаи пўсти борики буридашуда, ки он ҳам ба мисли бофтан сурат мегирад, сахт мебанданд. Дар баъзе ҳолатҳо ба ҷои пўсти борик аз зеҳ истифода кардан мумкин аст. Дастачўби қамчинҳоро бо интихоб аз дарахтҳои номбаршуда месозанд. Дастачўбе, ки барои қамчин истифода карда мешавад, дар охири чўб сўрох карда шудааст. Аз ҳамон сурохӣ ресмон мегузаронанд, ки барои овехтани қамчин, ё барои наафтидани қамчин дар баъзе холатҳо истифода мекунанд.

Дар бораи дастачўби қамчинҳо баъзе ақидаву ривоятҳои ҷолиб дар миёни мардум роиҷанд. Чи хеле ки Зарипов Саид (с.тав. 1940), сокини ҷамоати Сафар Амиршоев, деҳаи Навбаҳори ноҳияи Балҷувон чунин нақл кард: “Қамчинҳое, ки аз чўби дубулғ тайёр мешаванд хусусиятҳои хоси худро дорад, ин гуна қамчинро ҳар кас намегирад, танҳо ҳамон шахсоне, ки поку ботамкин ва дурандеш ҳастанд, ҳамонҳо истифода карда метавонанд. Қамчине, ки аз чўби дубулға тайёр шудааст, агар бо он занро занед, он зан аз баҳра мемонад (яъне дигар фарзанд таваллуд намекунад). Дар баъзе ҳолатҳо мард ба хашм  омада, занро бо қамчин мезанад, ба ҳамин хотир аз ин гуна қамчинҳо мардҳои сабукфеъл дурӣ меҷўянд”.

Баъзе ривоятҳоро ончунон нақл мекунанд, ки ҳатто инсонҳо ба ин ривоятҳо ихлосмандона назар мекунанд. Масалан, дар яке аз ривоятҳо чунин омадааст: “дастаи қамчинро аз чўби “туғ” месозанд, ба он ақидае, ки ин чўб инсонро аз гуноҳ кардан эмин медорад. Қамчин афзоре ба ҳисоб меравад, ки дар ҳама ҳолат барои задани асп, хар, гов, шутур, ва дигар ҷонварҳо истифода бурда мешавад. Аммо ақидаҳо чунинанд, ки ин ҷонварҳо ба инсонҳо хизмат мекунаду ба подоши хизматҳояшон агар онҳоро бо қамчин зананд, дар ин ҳолат инсон гунаҳкор мешудааст.

Чуноне ки маълум аст, дар бештар ҳолатҳо бе қамчин идора кардани ҳайвонҳо хеле мушкил аст. Масалан, дар ҳолатҳои саворӣ кардани асп онро пеш аз савор шудан бо қамчин метарсонанд. Ё ин ки барзаговҳое, ки бори аввал барои ҷуфт кардан ба дашт мебароянд, дар аввал саркашӣ мекунанд. Яъне барои ром кардану ба роҳ даровардани ҳайвонҳои хонагӣ аввал аз қамчин ё говрона истифода карда мешавад. Дар ҳолати бо чўб ё бо қамчин задани ҷонварҳо гуноҳ ҳисоб мешудааст. Ба ҳамин мувофиқи ривояте, гўё, худованд барои он, ки гуноҳҳои инсонҳо зиёд нашавад, дарахти “туғ”-ро офаридааст, ки барои қамчинҳояшон истифода кунанд. Касонеро, ки дастачўби қамчинаш аз чунин дарахт сохта шуда бошад, гунаҳкор маҳсуб намешудааст.

Ақидаи дигар ин аст: агар аспро ба қамчин занӣ, асп аз соҳибаш намеранҷад, агар бо қамчини резинӣ ё ягон чизи дигар занӣ, фардо рўзи қиёмат ҷавобгар мешавӣ.

Қамчинбофиро як ҷузъи санъати бофандагӣ гуфтан мумкин аст, чунки бофтанаш баъзе нозукиҳое дорад, ки ҳар инсон аз уҳдааш ба осонӣ баромада наметавонад. Дар саросари кишвар қамчинбофҳо ҳастанд, аммо шумораашон нисбат ба солҳои пешин хеле кам шудаанд.

Ба назар чунин мерасад, ки аз кам будани қамчинҳои асилу безарар эҳтиёҷмандон ба таври худсоз  аз чўбҳои ҳархела ва аз резинҳои гуногун барои худашон қамчин месозанд, ки ин гуна қамчинҳо ба ҷонварҳо зарар мерасонанд. Масалан, бо қамчини резинӣ агар аспро зананд, пўсти тани асп мекафад, ҳатто хуншор мешавад ва ҷонварро дардманду маъюб мекунад.

Ҳангоми таҳқиқот маълум шуд, ки дар бештари ноҳияҳои кишвар қамчинсозҳо ангуштшумор мондаанд ва дигар таваҷҷуҳ нисбати ин ҳунар хеле кам ба назар мерасад. Хуллас, барои эҳё ва рушди ин ҳунар устоҳои қамчинбоф бояд пайваста ҷаҳду талош намоянд ва дар тайёр намудани шогирдон аз ҳисоби ҷавонон фаъол бошанд ва дар мавриди рушди минбаъдаи ин ҳунар маслиҳату машварати худро дареғ надоранд.

Абдуллоев Акобир

барчасп: