Ҳунарҳои мардумӣ: ТАБАҚТАРОШӢ

Раҳматии падарам мегуфтанд, ки вақте ки пайғамбар Нуҳ алайҳисалом хабари зери об мондани дунёро аз Ҷабраил мешунавад, аз пайи сохтани киштии калон мешавад. Дар он вақтҳо оҳан набудааст ва Ҳазрати Нуҳ (а) киштиро аз чўб месозад. Киштии сохтаи Ҳазрати Нуҳ (а) хеле калон будааст. Чун ки дар он махлуқоту ҷонварони зиёде аз марг наҷот ёфтаанд. Барои сохтани он киштӣ дарахтони зиёд ва гуногун истифода шудааст. Пас аз анҷоми тўфон Ҳазрати Нуҳ (а) мебинад, ки дар ҷои сохтаи киштӣ, ки онҷо тарошаҳои зиёди чўб боқӣ монда буд, дарахти азиме баромадааст. Ҳазрати Нуҳ (а) мегўяд, ки ин дарахти сахт аз майдаи тамоми дарахтон ба вуҷуд омадааст ва номи он чинор буда, барои сохтани ҳама гуна ашёи рўзгор қулай аст”.

Табақтарошӣ як навъ ҳунарест, ки ба соҳаи чўбкорӣ алоқаманд мебошад. Худи табақ зарфест, ки дар он таом тановул менамоянд. Табақ ва таомҳои табақиро бештар дар ҷануби мамлакат истифода мебаранд. Тавассути табақ мардуми тоҷик таомҳои дастаҷамъиро тановул менамоянд. Ба ибораи дигар он зарфест, ки аҳли оиларо ба ҳам мутаҳид намуда, гирди як дастурхон ҷамъ меоварад. Табақ аксар маврид барои тановули хўрокҳои қурутоб, шакароб, шўрбои табақин, оши бўрида, ва баъзан оши палов истифода мешавад. Дар тўю маъракаҳои ҷанўби кишвар, аслан вилояти Хатлон ҳатман шўрбои маъракагиро дар табақ макашанд. Бинобар ин талабот барои табақтарошӣ ҳамеша вуҷуд дорад. Мавриди зикр аст, ки имрўзҳо дар пойтахти мамлакат ва ҳато вилояти Суғд низ ошхонаҳои махсус кўшода шудаанд, ки хўроки асосии онҳо қурутоб аст. Барои ошхонаҳои номбурда ҳам устоҳо пайваста табақ омода менамоянд. Яъне, табақтарошӣ дар шароити кунунӣ яке аз ҳунарҳои фаъол ва рушдкарда ба шумор меравад. Солҳои пешин ҳунармандон дўконҳои табақтароширо ба мисли осиёбҳои обӣ болои ҷую дарёчаҳо месохтанд. Зеро барои мудаввару суфта гардидан ҳатман бояд дастгоҳро қуваи об давр мезанонд ва устоҳо бо каҷтеша табақро ба шакли давра ва дохили онро барои таомхўрӣ қулай месохтанд. Бинобар гуфтаи устоҳои табақтарош пештар барои сохтани як табақ аз се то ҳафт рўз сарф мешуд. Аслан дар гузашта табақтарошӣ мавсимӣ будааст. Яъне барои табақтарошӣ танҳо фасли баҳор муфид буда, дар ин фасл аз боришоти зиёд оби ҷўю дарёҳо зиёд мешудаанд. Дар ин маврид Раҳимов Д. чунин овардааст: “Устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷўйҳои кўҳӣ сохта мешуданд. Аз таги устохона ҷўйи об мегузашт ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешуд. Об бо суръати баланд аз новдон омада, чархро гардон мекард ва чарх тири дастгоҳро тоб медод...

...Кори устоҳо бештар дар фасли баҳору тобистон авҷ мегирифт, зеро дар ин фаслҳо оби ҷўйборҳо зиёд гашта, барои гардонидани чархи дастгоҳ имконияти хубе буданд”

Зимни экспедитсия ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бо ҳунарманди табақтарош Сониев Карим соли таваллудаш 1964, зодаи деҳаи Айлоқдараи ҷамоати деҳоти Ҷонбахш ҳамсўҳбат шуда, ҷараёни кори ўро пурра мушоҳида намудем. Аз суҳбат ва ҷараёни кори ў муайян гардид, ки бо таъсири технологияи ҳозиразамон кори табақтарошон хело осон шуда, ҳатто сифати табақҳои тарошидаи онҳо низ беҳтар аст. Акнун табақтарошӣ кори мавсимӣ набуда, вобаста аз фармоиш метавонад дар тамоми фасли сол сурат гирад. Зеро дастгоҳ дар хонаҳо насб шуда, бо муҳарики барқӣ идора мешаванд. Метавон гуфт, ки якбора чанд асбоби замонавӣ барои табақтарошӣ истифода мешаванд, ки кори устоҳои табақтарошро дучанд сабуктар намудаанд. Масалан, солҳои пеш барои буридани дарахти чормағз, чинор ва зардолу, ки аслан табақ бинобар сабаби мустаҳкамтар будани ин дарахтон аз онҳо тарошида мешавад, асбобҳои арраю табар истифода мешуданд. Ҳоло бошад арраҳои барқию бензинӣ ки дар кутоҳтарин муддат ин амалро иҷро менамоянд, ба кор бурда мешаванд. Пештар барои рост кафонидани чўб, ки табақ аз ҷониби амудии он тарошида мешавад бо тешаю табар ва арра заҳмати зиёд сарф мешуд. Ҳоло дастгоҳи ростбуранда (серкульярка) ин амалро ба осонӣ иҷро менамояд. Бояд гуфт, ки бо истифодаи аз чунин дастгоҳҳои техникӣ ҳатто чўб низ сарфакорона истифода мешавад. Зеро чуноне, ки медонем солҳои пеш ҳангоми кафонидани чўб ё тарошидан қисми зиёди он дар шакли тароша корношоям мешуд.

Ҳамин тариқ ҳунарманд пас аз буридану кафонидани қисми муайяни дарахте, ки барои як табақ ҷудо мегардад, ба дастгоҳи барқӣ, ки онро муҳарик давр мезанонад насб менамоянд. Усто тавассути ин дастгоҳ дар муддати хеле кутоҳ онро ба шакли табақ омода менамояд. Ба гуфтаи усто дастгоҳи барқӣ барои табақтарошӣ нисбат ба чархи обӣ хеле муфид аст, зеро он яклухт кор мекунад. Дастгоҳи обӣ бошад аз каму зиёдии об вобастагӣ дошта на ҳамавақт яклухт давр мезанад. Дигар ин ки қаблан ҳангоми якбора дигар шудани ҳаракати даврзании дастгоҳи обӣ чўби барои табақ ҷудошуда баъзан кафида қисман корношоям мешуд. Метавон гуфт, ки тавассути дастгоҳҳои замонавӣ сифати табақҳо низ беҳтар гардидааст. Дар шароити имрўза, бинобар гуфтаи ҳунарманд, агар чўб омода бошад дар як рўз то се табақи қутраш муътадил – 50-60 см тайёр кардан мумкин аст. Дар муқоиса бо шакли пештараи ҳунари табақтарошӣ технологияи навин хело ба устоҳо беҳбудӣ овардааст, ки ин барои натанҳо ҳунармандон, балки барои халқи оддӣ низ манфиатовар аст. Зеро чуноне ки гуфтем, заҳмати нисбатан камтар, истифодаи сарфакоронаи чўб ва дигар омилҳои техникӣ боис он шудаанд, ки нархи табақҳо нисбат ба солҳои қаблӣ арзонтар ва дастрас гардидаанд.

Ҳунарманд ҳангоми тарошидани табақ аслан аз чўбҳои чормағз, тут ва чанор истифода менамудааст. Ба ақидаи ў агар табақ аз дарахти чанор таёр шавад беҳтар будааст, зеро чўби дарахти чанор бениҳоят сахт буда, аз рўи ривоят омехтаи дарахтони гуногун мебошад ва ба зудӣ намекафад. Дар ин хусус ў чунин ривоятро нақл кард. “Раҳматии падарам мегуфтанд, ки вақте ки пайғамбар Нуҳ алайҳисалом хабари зери об мондани дунёро аз Ҷабраил мешунавад, аз пайи сохтани киштии калон мешавад. Дар он вақтҳо оҳан набудааст ва Ҳазрати Нуҳ (а) киштиро аз чўб месозад. Киштии сохтаи Ҳазрати Нуҳ (а) хеле калон будааст. Чун ки дар он махлуқоту ҷонварони зиёде аз марг наҷот ёфтаанд. Барои сохтани он киштӣ дарахтони зиёд ва гуногун истифода шудааст. Пас аз анҷоми тўфон Ҳазрати Нуҳ (а) мебинад, ки дар ҷои сохтаи киштӣ, ки онҷо тарошаҳои зиёди чўб боқӣ монда буд, дарахти азиме баромадааст. Ҳазрати Нуҳ (а) мегўяд, ки ин дарахти сахт аз майдаи тамоми дарахтон ба вуҷуд омадааст ва номи он чинор буда, барои сохтани ҳама гуна ашёи рўзгор қулай аст”.

Ҳунарманд пас аз нақли ривоят пораи дарахтони чормағз, зардолу ва чинорро бо теша кафонида нишон дод, ки чӣ гуна зичии таркиби дарахти чинор нисбат ба дарахтони дигар фарқ дорад.

Ҳунарманд ба ғайр аз табақтарошӣ боз ба омода кардани дигар асбобҳои чўбини барои рўзмара зарўрӣ низ машғул будааст. Чунончӣ, тахтаю тирак, нонпар, нонросткун, чумчаҳои чўбин, тахтачаҳо барои кабудирезакунӣ омода намуда, барои аҳли деҳа ва ҳатто деҳаҳои гирду атроф дастрас менамудааст. Пештар шонаҳои чўбин низ месохтааст. Аммо солҳои охир бинобар набудани талабот ба шонаҳои чўбин дигар ў ба сохтани шона машғул нагардидааст. Аз гуфтаҳои ҳунарманд маълум гардид, ки ҳунари чўбкории ў дар ноҳияи Ховалинг ягона буда, шогирдони зиёдеро дар ин самт омода намудааст. Ба гуфтаи худи ў ин ҳунарро аз падараш омўхта аст. Шогирдони аслиаш фарзандонаш буда, аз ҳисоби хешовандони наздик ва ҳамсояҳо низ шогирд омода намудааст.

Чи тавре гуфтем аҳли ноҳия ҳунари волои ўро ягона ҳисобида, масолеҳи зарўриеро, ки барои намоишгоҳҳо лозим мегардад, маҳз ба ў фармоиш медиҳанд. Масалан, ҳангоми кушодашавии осорхонаи Восеъ, ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзоеви деҳаи Токак ҷойгир аст, сохтани ҷувози осорхонаро ба  зиммаи ў мегузоранд, ки хело зебо ва дар шакли қадима тарошида шудааст. Инчунин замоне, ки мо ба хонаи ҳунарманд барои суҳбат рафтем, табақе калони диаметраш 1 метру 10 см омода намуда буд, ки ният дошт ҳангоми ташрифи Сарвари давлат онро ба ў тақдим намояд.

Ба монанди ҳамин табақтарош чунин навъи ҳунарҳои анъанавӣ дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат хеле зиёданд, ки дар бораи онҳо мардум кам маълумот доранд. Ва аксаран танҳо дар ҳудуди деҳа ва ноҳияҳои худашон шинохта мешаванд. Имрўз ки дар замони технологияи навини комуникатсионӣ қарор дорем, метавон ҳунари онҳоро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Ва ҳатто дар бораи ҳар як ҳунари онҳо аксаран, аз уҳдаи чанд ҳунар мебароянд, тадқиқоти алоҳидае анҷом дод.

  1. Абдусатторов, А. Тасвири анвои касбу ҳунар дар ашъори Сайидо // Паёмномаи фарҳанг. Нашрияи илмию таҳлилӣ. –Душанбе. 2014, №4 (28).
  2. Андреев, М.С. Таджики долины Хуф. – Сталинабад, 1958.
  3. Ершов, Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе: Дониш, 1984.
  4. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2017. – 280 с.
  5. Раҳимов, Д.  Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон: маълумоти мухтасари этнографӣ. – Душанбе:  Адабиёти бачагона, 2014. –160 с.
  6. Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. Мураттибон: Раҳимов, Д., Қличева, Н., Зубайдов, А. ва дигарон. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 280 с.

Абдулфаттоҳ Аминов
Мудири шуъбаи илмӣ-методӣ

барчасп: