Бурёбофӣ дар ноҳияи Восеъ

Дар қатори дигар ҳунарҳои миллӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҳунари бўрёбофӣ то ҳол мавҷуд аст. Чунончӣ, дар деҳаи Хоҷа Ғалтони ҷамоати деҳоти М. Вайсов якчанд хонавода бо ин касб машғуланд ва метавон гуфт, ки як қисми манбаи даромади зиндагияшон аз ҳамин ҳисоб будааст. Ҳангоми сафари хидматӣ ба ин ноҳия моро муяссар гардид, ки дар бораи тарзи омода кардани ин ҳунари аҷдодӣ, мавқеъ ва усули истифодаи он, инчунин бартарӣ ва манфиати бурё нисбат ба дигар ашёҳои химявӣ маълумоти дақиқеро сабт намоем.

Бўрёбофӣ  навъе аз  ҳунарҳои суннатӣ  ба ҳисоб меравад, ки  имрўзҳо низ бо вуҷуди рушди соҳаи саноатии қолину гилембофӣ миёни мардуми  тоҷик роиҷ мебошад.  Ин навъи ҳунар дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” таҳти рақами Е040 ба қайд гирифта шудааст. Зеро бўрё аз муҳимтарин ашёи рўзгорашон маҳсуб меёбад.  Ҳоло бўрёро бештар дар деҳот истифода мебаранд. Дар гузашта, ки  фарши хонаро андова мекарданд,  аз болояш бўрё мепартофтанд. Ва аз болои бўрё  гилем, палос ё қолин паҳн мекарданд, ки нам накашад ва ё чангу хок нашавад.

Баъзеҳо дар шифти хонаҳояшон паҳн карда, аз болои он андова  мекарданд, қисми дигар бидуни андова аз болои бурё танҳо хок пур мекарданд. Хуллас, бўрёро ҳангоми хонасозӣ як ҷузъи асосӣ  медонистанд.

Табиист, ки имрўзҳо таваҷҷўҳи мардум нисбат ба бурё ҳангоми сохтани хонаҳо камтар гардидааст. Чунки таъсири пешрафти техникаву технология ва ба вуҷуд омадани ашёву маводҳои замонавӣ, истифода намудани маҳлул аз семент (стяжка) ва ё барои гарм нигоҳ доштан, истифода аз намадҳои кимиёвӣ ҷои бурёро гирифтааст. Аммо ҳоло ҳам шахсони рўзгордидаву ботаҷриба бинобар сабаби зарар доштани ашёҳои номбурда ва донистани фоидаи бурё аз ҳамон усули қадимӣ истифода мебаранд.

Дар шароити кунунӣ низ чӣ дар шаҳр ва чӣ дар деҳот намунаи зиёди бурёро дучор шудан мумкин аст. Масалан, дар тарабхонаву чойхонаҳои замонавии пойтахт бўрёро чун намунаи ороиши суннатӣ истифода мебаранд, ки маҳз барои хориҷиён хеле зебо ва диққатҷалбкунанда аст.

Дар қатори дигар ҳунарҳои миллӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҳунари бўрёбофӣ то ҳол мавҷуд аст. Чунончӣ, дар деҳаи Хоҷа Ғалтони ҷамоати деҳоти М. Вайсов якчанд хонавода бо ин касб машғуланд ва метавон гуфт, ки як қисми манбаи даромади зиндагияшон аз ҳамин ҳисоб будааст. Ҳангоми сафари хидматӣ ба ин ноҳия моро муяссар гардид, ки дар бораи тарзи омода кардани ин ҳунари аҷдодӣ, мавқеъ ва усули истифодаи он, инчунин бартарӣ ва манфиати бурё нисбат ба дигар ашёҳои химявӣ маълумоти дақиқеро сабт намоем. 

Бўрёро аз пояҳои най омода месозанд, ки пояи найро миёни мардум қамиш мегўянд. «Қамиш» пояи дарози дарунхолӣ мебошад.  Қамишро бўрёбофон пояҳои миёна ва дарозашро ҷудо намуда  аз қамишзорҳо   даравида меоранд.  Онро бо найчок ба ду қисм ҷудо мекунанд. «Найчок»  чўби нимдавраест, ки андозааш тақрибан 20-25 см буда, аз байнаш теғ насб карда шудааст ва ҳангоми пояи қамишро гузошта кашидан, пояро дарҳол ду ним мекунад. Пояҳои қамиши дунимшударо дар рўи замин паҳн менамоянд.  Агар пояҳо хушк бошанд, об пошида мулоим мекунанд.  Баъди мулоим шудан, бо кытык (кўбак) рост истода, сахт-сахт мекўбанд. «Кытык»  як навъ асбоби худсохти  болғамонанд буда, аз даста ва чўби чоркунҷаи вазнин иборат аст. Баландии дастааш аз 1.5 метр зиёдтар мебошад. Дар натиҷаи кўфтан пояи най шикаста, пачақ мешавад. Сипас, бо симак  баргҳои дар танаи най бударо бо истилоҳи худашон парт  (тоза) мекунанд. «Симак» чуноне ки аз номаш маълум аст, як сими дуқад кардашуда мебошад, ки онро байни поя ва баргаш  андохта  поён мекашанд, ки дар натиҷа барг аз танааш ҷудо мешавад. дар баъзе минтақаҳо ба ҷои симак чўби душохаро истифода мебаранд.

Дубора онро об мепошанд, ки мисли латта мулоим шавад ва кунҷҳои пояи най ҳангоми бофтан дасти касро набурад. Ҷараёни аввали корашонро бўрёбофони ноҳияи Восеъ бод гирифтан ва байнашро тахт  мегўянд. Пояҳои найро ба таври амўдӣ ва уфуқӣ гузошта, вобаста ба андозаи бўрё дуто-дуто байни ҳамдигар болову поён карда, мебофанд. Канораҳои бўрёро бо корд росткунҷа мекунанд. Одатан, андозаи бўрё бараш  1 метр ва дарозиаш 1,5 то 2 метр мешавад, баъзан дар ҳаҷми он мувофиқи фармоиш каму зиёд шуданаш мумкин аст.

Бино ба гуфтаҳои ҳунармандоне, ки ба бўрёбофӣ машғуланд, ҷиҳатҳои манфиатовари бўрё бениҳоят зиёданд. Аз ҷумла, бўрёро барои он ҳам дар сақф ва фарши хонаҳо истифода менамоянд, ки он ҳамчун рустании мўъҷизанок дар тобистон хонаро салқин ва дар зимистон гарм нигоҳ медорад. Дигар ин ки аз рутубат хонаро эмин дошта, пайдо шудани ҳашаротҳои зараррасонро пешгирӣ менамудааст.

Вобаста ба бўрё дар байни мардум маросиме бо номи бўрёкўбон хеле маъмул аст. Бўрёкўбон ба хонаи нав кўчидани оила мебошад.  Дар гузашта ин маросим дар шакли ҳашар баргузор мегардид. Соҳибхона дўстон ва наздикони худро ба хона даъват мекард. Онҳо ба фарши хона бўрё андохта, аз болояш гилему палосро паҳн карда, бо пойҳояшон мекўфтанд, ки ҳамвор шавад. Ва аз хонаи кўҳна ба хонаи нав асбобу анҷоми рўзгорашро мекашонданд. Баъди ба итмом расонидани ҳашар соҳиби хона ба онҳо зиёфат медод.  Як анъанаи хуби дигари  маросими мазкур  ин аст, ки шахсони бо соҳибхона қаҳрӣ ва ногап дар ин маросим ҳатман бо мусоидати калонсолон ширкат намуда, соҳибхонаро табрик мекарданд. Чунки муборакбодӣ намудан, ба ҳамагон ҳатмӣ буд.

Дар маҷмўъ ба хулосае омадан мумкин аст, ки то кунун миёни мардум ҳунари бўрёбофӣ ва истифодаи он аз ҷониби онҳо мавҷуд аст. Бўрёро дар шароити имрўза аслан дар деҳот, он ҷойҳое, ки қамишзорҳо наздик асту барои ҳунармандон дастрасии ашёи хом мувофиқ аст, фаровон истифода менамоянд. Инчунин аз рўи гуфтаи бўрёбофон «нисбат ба мардуми маҳалӣ имрўзҳо ҳаридории бўрёи тайёр аз ҷониби соҳибкорон ҳангоми сохтани тарабхонаву ошхонаҳои замонавӣ бештар гардидааст». Ба ҳар сурат ҳунари бўрёбофӣ то имрўз миёни мардум пойдор буда, талабот то ҷое нисбат ба ин ҳунари суннатӣ мавҷуд аст.

Зафар Холмуродов,
Мудири бахши фарҳанги ғайримодии
Маркази мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: