Хушнависон ва хаттотони машҳури форс-тоҷик

АСАДУЛЛОҲИ ШЕРОЗӢ, соли таваллудаш номаълум, хаттот ва хушнависи эронӣ. Муҳаммадшоҳи Қочор ба ў лақаби «Котибуссултон» дода буд.
Асадуллоҳи Шерозӣ хатро бештар бо рангҳои гуногун навиштааст. Аз навиштаҳои ў намунаҳо боқӣ мондаанд, ки нусхаи «Мантиқ-ут-тайр»-и Шайх Аттор (китобаташ 1938) аз ҷумлаи онҳост.
  Соли 1851 аз олам даргузаштааст.
***   ***   ***   ***

АТОУЛЛОҲХОҶАИ ЧАПНАВИС (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти тоҷики асри XIX. Дар Бухоро таваллуд шудааст.
Бино ба навиштаи тазкираҳо Атоуллоҳхоҷаи Чапнавис як марди фозилу донишманди замонаш буд, ки фанҳои дақиқ ва ҳунарҳои нафисро хуб медонист. Дар навиштани хати настаълиқ устод буд ва услуби хос дошт.
Азбаски хатро бо дасти чап менавишт, бо номи Чапнавис машҳур гаштааст. Дар мадрасаҳои Абдулазизхон ва Чорманори Бухоро ба шогирдон машқи хат таълим додааст, аз фанҳои алҷабру ҳандаса дарс гуфтааст.
Асарҳои бисёрероро китобат кардааст. Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, ки бо хати настаълиқи майда хеле зебо китобат шудааст, маҳсули дастони ӯст.
***   ***   ***   ***

АҲМАД ИБНИ УМАРИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллудаш номаълум, соли 1095 дар Эрон фавтидааст), хаттоти форс-тоҷик. Солҳое дар Димишқ ва Бағдод зистааст ва дар Димишқ бештар ба китобати мусҳаф пардохтааст.
Чунончӣ, муаррих Ибни Сокир мегўяд: «Аз Ҳасан ибни Қайс шунидам, ки Умари Самарқандӣ ба ягон нусха нигоҳ накарда, аз ёд мусҳаф китобат мекунад. Як ҷамоа дар Қимишқ дар бораи ў зикри хайр гуфтаанд. Табиати Умари ба ҳазлу мутоибағўӣ моил ва шахси мазоҳчӣ буд».
***   ***   ***   ***

АҲМАД ибни Мирмуншӣ, номи пуррааш Қозӣ Аҳмад ибни Мирмуншӣ Шарафуддин Ҳусайни Иброҳими Қумӣ, маъруф ба Қозӣ Аҳмад Шарафуддин.  Соли 1539 дар шаҳри Қум дида ба олам кушодааст. Аз ҷумлаи хушнависон ва наққошони маъруфи замонаш буд.
  Умри ҷавонии худро дар Қум ва Ҳирот сипарӣ кардааст. Санъати хаттотиро аз хушнависони машҳури ҳамон замон Аҳмад Ҳусайни Машҳадӣ ва Шоҳмаҳмуди Зарринқалам ва наққоширо аз Алиасғар, Муҳаммадамин ва Алиризо омўхтааст.
Соли 1556 ба Машҳад кўчида, муддати 10 сол вазири дарбори Иброҳиммирзо будаааст. Муаллифи асарҳои «Маҷмаъ-уш-шуаро-ул-Аббосӣ», «Хулосат-ут таворихи Аббосӣ» ва «Гулистони ҳунар» мебошад.
«Маҷмаъ-уш-шуаро-ул-Аббосӣ» тазкира буда, роҷеъ ба шуарои аҳди сулолаи Сафавиён маълумот медиҳад. «Хулосат-ут таворихи Аббосӣ» тамоюли таърихӣ дорад.
“Гулистони Ҳунар” аз муқаддима ва се боб иборат буда, дар он дар бораи қалам, пайдоиши хат, хаттотону мусаввирон маълумот медиҳад ва аз эҷодиёти онҳо намунаҳо меоварад.
Сол ва ҷойи и вафоташ маълум нест.
***   ***   ***   ***

АҲМАДИ МАШҲАДӢ, маъруф ба Аҳмад Ҳусайни Машҳадӣ (соли таваллудаш номаълум, соли 1608 ё 1609 дар Мозандарон фавтидааст). Аз ҷумлаи хаттот ва хушнависони шинохтаи эронӣ, устоди хати настаълиқ аст.
Давраи наврасӣ ва ҷавониаш дар зодгоҳаш Машҳад гузаштааст. Ҳунари хаттотиро аз Миралии Ҳиравӣ омўхтааст. Дар зодгоҳаш Машҳад 15 сол ба таълими хаттотон машғул шудааст.
Мавлоно Ҳасанлӣ, Мавлоно Алиризо ва Аҳмад ибни Мирмуншӣ аз ҷумлаи шогирдони беҳтарини ўянд. Қисми зиёди умраш дар мусофират гузаштааст. Дар китобхонаҳои дарбори Абдулазизхон (Бухоро), шоҳ Таҳмосби Сафавӣ (Озарбойҷон), шоҳ Исмоили II (Қазвин), Мирмуродхон (Мозандарон) ба китобат машғул будааст. Асарҳои китобаткардаи А. М. – «Лавомеҳ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Низҳат-ул-ошиқайн» (Қитобхонаи ба номи Салтиков-Шедрини ш. Санкт-Петербург), «Девони ғазалиёти»-и Амир Шоҳии Сабзворӣ (Китобхонаи давлатии Эрон) чандин муқаттаот ва мураққаот (китобхонаи Истамбул) то замони мо омада расидаанд, ки бо хати настаълиқи зебо китобат шудаанд.
***   ***   ***   ***

АҲМАДҶОН (соли 1828 дар Хуқанд дида ба олам кушодааст ва соли 1912 дар ҳамон шаҳр аз олам гузаштааст. Хушнависи тоҷик, дар қитъанависӣ шўҳрат дошт.
Аслан вай пӯстиндӯз буд, вале ба сабаби зиёд будани мухлисонаш қитъа ва рубоиро бо хати настаълиқ, сулс ва ғайра китобат мекард. Санъати хаттотиаш баланд буд. Намунаи асарҳои китобаткардааш дар Осорхонаи адабиёти Хўқанд маҳфузанд.
***   ***   ***   ***

БОҚӢ ибни Муҳаммад ибни Юсуф. Соли аниқи таваллуд ва вафоташ маълум нест. Вале манбаъҳои адабӣ навиштаанд, ки дар охирҳои асри 15 ва аввали асри 16 зистааст.
Кандакор, хаттот ва шоири тоҷик аз деҳаи Оббурдани Кўҳистони Мастчоҳ. Панҷ катибаи ў аз деҳаи Оббурдан ва сетояш аз деҳаи Ревомутки Кўҳистони Мастчоҳ ёфт шудаанд.
Катибаҳо оид ба аҳволу зиндагии ў маълумот медиҳанд. Боқӣ ҳатто барои катибаҳои санги мазор низ худ шеър менавишт. Абёти зер намунаи эҷоди ўст:


Дар ҳар чамане лолаву варде хезад,
Дар ҳар фасле зи шох барде хезад.
Лекин ду ҳазор сол бояд бишумурд,
То дар сафи мардон чу ту марде хезад.

Дар катибаи дигари Боқӣ, ки дар қайроқсанги рўйи қабри Бика Султон ном зан аз қабристони Таги Мазори деҳаи Ревомутк пайдо шуд, ин масраҳо кандакорӣ шудаанд:


Кош он рўз, ки дар пои ту шуд хори аҷал,
Дасти гетӣ бизадӣ теғи ҳалокам бар сар.
То дар ин мулки ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам,
Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам барсар.


Боқӣ дар нигориши анвои хат сабку услуби хос доштааст. Ў катибаҳояшро бештар бо хутути таълиқ, шикаста ва девонӣ кандакорӣ намуда, барои катибаҳояш одатан сангҳои нисбатан доирашаклро интихоб мекард.
Сабк, тарзи навишти Боқӣ дар натиҷаи машқи дурудароз ва омўхтани услуби хаттотон ва кандакорони пешин такомул ёфт. Дар катибаҳои ў хусусан таъсири нигоришоти хаттот ва кандакории аасри XY Алоуддин мушоҳида мегардад.
 Маълумоти бештарро дар бораи Боқӣ метавон аз таълифи А.Мухторов  “Санг ҳам диле дорад”, Д., 1986 хонд.

барчасп: