Activities calendar

19 января 2016

Малика Қаландарова

Аз ҷумлаи маъруфтарин раққосаҳои кишвар буд, ки дар даврони Шӯравӣ шуҳрати беандоза дошт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон ба Амрико рахти сафар баст ва имрӯз ҳам муқими он кишвар аст.
     Калонтарова Мазол Яшуваевна 2-уми феврали соли 1950 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1973), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1976), Артисткаи  халқии СССР (1984),  дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ (1984).

барчасп: 

Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ

Мутобиқи  «Барномаи  ҳифзи  мероси  фарҳангии  ғайримоддии  халқи  тоҷик  барои  солҳои  2013-2020»,  ки дар  таърихи  31  майи  соли  2012, №263  аз  ҷониби  Ҳукумати  Тоҷикистон  ба  тасвиб  расидааст,  зарурати тартибу  таҳияи  Феҳристи  миллии  мероси  фарҳангии  ғайримоддӣ  ба  миён  омадааст.  Соли 2003 Конвенсияи  ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ қабул шуд ва то ба имрўз кишварҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон (с. 2010) шомили он гашта, намунаҳои беҳтарини  фарҳанги ғайримоддии худро дар феҳристҳои ЮНЕСКО сабт кардаанд.  Ҳар як кишвар

Созу навои даврони Сосониён:

Аввали соли 220 милодӣ ҳукмрони вилояти Истахр (дар қаламрави Форс) Ардашери I Бобакони Сосонӣ ҳокими тамоми Форс эълон шуд ва чор сол баъд вай охирин намояндаи ашкониён Ардавони I-ро шикаст дод ва дар як қаламрави бузург давлат ташкил намуд. Бо вуруди Ислом дар миёнаҳои асри YII милодӣ ин давлати муқтадир ба ҳастии худ поён дод.
Давраи Сосониён як давраи ташаккули миллатҳои ин қаламрав маҳсуб мешавад ва як бахши азими қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ низ тобеъи ҳамин империя буд.

барчасп: 

Саидқул Билолов

Аз ҷумлаи сарояндагони навсаро ва соҳибмактаб аст. Ҳарчанд намояндаи мардум дар парламон буд ва сарварии Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маълумот, фарҳанг ва сиёсати ҷавононро ба ӯҳда дошт, аз курсии парламон боз ба ҳамон дастаи “Дарё” баргашт, вале рӯ ба сиёсат наовард. Ҳатто замоне ҳам, ки парламоннишин буд, ҳарфаш бӯи сиёсат надошт.
     Мавлудаш 5-уми декабри соли 1953 будааст ва макони таваллуди ӯ ноҳияи Данғара. Вале касе нашунидааст, ки аз данғарагӣ будан нозад. Худро шахсияти эътирофшуда

барчасп: