Мутобиқи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», ки дар таърихи 31 майи соли 2012, №263 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, зарурати тартибу таҳияи Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба миён омадааст. Соли 2003 Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ қабул шуд ва то ба имрўз кишварҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон (с. 2010) шомили он гашта, намунаҳои беҳтарини фарҳанги ғайримоддии худро дар феҳристҳои ЮНЕСКО сабт кардаанд. Ҳар як кишвар вазифадор аст, ки намунаҳои фарҳанги моддию ғайримодӣ ва табиъии сарзамини худро ҳифз кунад. ЮНЕСКО ба кишварҳо дар самтҳои роҳнамоӣ, муаррифӣ ва ҳифз
мусоидат мекунад.
Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ