Тавзеҳи бархе аз бозиҳои бачагона дар ноҳияи Панҷ
Чоп шуд: 24/02/2021Тарбияи дурусти насли наврас дар шароити кунунӣ аз самтҳои муҳими давлат ба ҳисоб меравад. Пояи мустаҳками давлатдориро маҳз дар чеҳраи ҷавононибоору номус, меҳнатдӯсту қавиирода, зираку доно ва аз ҷиҳати ҷисмонӣобутобёфтаю солим пайдо кардан мумкин аст. Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории давлат нисбати насли наврас ва дуруст ба камол расондани онҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Пеш аз ҳама барои ҷисман обутоб ёфтан, солиму бардам нигоҳ доштан ва бамашғулиятҳои шавқовар ҷалб намудани кӯдакон корро аз оила ва боғчаю муасиссаҳои